Толеънома 20 август 2018
Ҳамал ( 21 март-20 апрел)
Дар ин рӯ корҳои нотамоме, ки тӯли чанд моҳ ҷамъ шуда буд, ба анҷом хоҳад расид. Рӯз барои вохӯриҳои корӣ чандон мувофиқ нест, агар ин вохӯриро ба рӯзи дигар мегузоштед, беҳтар мебуд. Барои гапҳои беҳуда вақт сарф накунед. Нимаи дувуми рӯз бо нафаре, ки дӯсташ медоред, бо гуноҳи шумо каме муноқиша сар мезанад.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Имрӯз ҳар кореро оғоз кунед, бе ягон мушкилӣ анҷом меёбад. Меҳрубонии ситораҳоро моҳирона истифода баред ва кӯшиш намоед, ки корҳои муҳиматонро то нимаи дувуми рӯз ҳал кунед. Муваффақ мешавед, агар танбалӣ накунед.Нимаи дувуми рӯз эҳтимоли бемор шуданатон вуҷуд дорад. Асабҳоятонро эҳтиёт кунед, чунки сарчашмаи касалиҳоятон аз асаб аст.
Имрӯз фикри таъмир ва сохтмон ба саратон меояд, вале беҳуда нагуфтаанд, «поятро баробари кӯрпаат дароз кун, то сармо назанад», пеш аз он, ки усто даъват мекунед, киссаҳоятонро такорӯ карда бинед, ки пулатон мерасад ё не. Вазъи иқтисодиатонро ба назар гирифта кор кунед, вагарна ба қарз ғутиданатон аз эҳтимол дур нест. Эҳтиёткорӣ дар ҳама самтҳои зиндагӣ барои зодагони бурҷи асад зарур аст. Эҳтимол нимаи дуюми рӯз ошиқатон аз як сухани ноҷоятон ранҷида, дар фикри ёфтани маҳбуби дигар меафтад.
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Имрӯз ҳар кореро оғоз намоед, зуд анҷом меёбад. Умуман худро тавоно ҳис мекунед. Нимаи аввали рӯз барои вохӯриҳо ва ҳар гуна сафарҳои корӣ хуб аст. Аммо ба даст овардани моҳии тилло аз сумбулаҳо маҳорат мехоҳад. Кӯшиш кунед, ки ғуруру ҳавобаландиятонро як тараф гузошта, пурдонии худро бо коратон исбот намоед. Фаромӯш накунед, ки фақат дар сурати дар амал исбот намудани кордониатон даромади калонро соҳиб мешавед.
Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Мизонҳоро имрӯз зарур аст, ки муносибат ва рафтору кирдорашонро дар тарозуи ақл баркашанд, чунки як сухани дағал метавонад моҷарои калонеро бархезонад. Ботамкин бошед, санги вазнинро об намебарад гуфтаанд, барои зарбаи ҷавобӣ баъдтар фурсат меёбед, вале алҳол тундӣ танҳо бар зарари кор хоҳад гашт. Дӯсти наздикатон хиёнат мекунад. Барои ӯро ҷазо додан кӯшиш накунед, бигзор виҷдонаш азоб диҳаду хатогияшро фаҳмад.
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Имрӯз ба саратон фикрҳои аҷиб меояд, вале барои амалӣ намудани онҳо маблағи зиёд лозим аст. Саросема нашуда аввалан ба роҳбаратон пешкаш кунед, шояд дастгирӣ кунад. Нимаи дуюми рӯз бемории шахси наздикатон асабҳоятонро хароб мекунад, худро ором кунеду ба ҳассосият дода нашавед. Воҳима накарда, роҳҳои табобати бемориро ҷӯед. Рӯз барои вохӯриҳои корӣ ва инчунин ошиқона на он қадар бобарор аст, беҳтараш рӯзи дигарро интихоб кунед. Инчунин, дар ин рӯз даромади пулиро интизор бошед.
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Имрӯз нақшаи якҳафтаинаро тарҳрезӣ кунед, чунки мушкилиҳое пеш меояд, ки тамоми вазъиятро бар зидди шумо тоб медиҳад. Кӯшиш кунед ҳар гуна вохӯриҳои корӣ ва ҳатто ошиқонаро ба дигар рӯз гузаронед, чунки нокомӣ шуморо интизор аст. Нимаи дуюми рӯз дар коргоҳатон ба амрҳои роҳбарият гӯш андозед. Бо ҳамкоронатон меҳрубон бошеду бадгуфторӣ накунед. Сифатҳои хуби инсониро фаромӯш насозед. Охири рӯз бо пайдо шудани сарчашмаи нави даромад имконияти баргардонидани қарзҳоятон пайдо мешавад.
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Иимрӯз нақшаҳое, ки кайҳо тарҳрезӣ карда будед, барбод мераванд. Озурда нашаведу худро азоб надиҳед. Минбаъд ҳар кореро, ки карданӣ мешавед бе маслиҳат оғоз накунед, то дучори нокомӣ нагардед. Нимаи дуюми рӯз барои вохӯриҳои корӣ хеле бобарор аст. Фурсатро аз даст надиҳед. Аммо дар имзо намудани ҳуҷҷатҳо эҳтиёткор буданро ситораҳо ба зодагони бурҷи далв маслиҳат додаанд.
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Дар коргоҳатон аз тарафи роҳбарият бо мукофотпулӣ меҳнатҳои содиқонаатон қадр карда мешавад. Душманонатон аз рашку ҳасад сӯхта дар сари роҳатон чоҳ кофтанӣ мешаванд. Эҳтиёт бошед, то бо иғвогариҳояшон шуморо сиёҳ накунанд. Нимаи дуюмирӯз сафари дур дар назар аст. ҲутҲое, ки мошин меронанд, бояд дар роҳ эҳтиёткор бошанд, зеро хавфи сар задани садама вуҷуд дорад. Охирирӯз каме маблағ ба даст меоред. Қарзҳои гирифтаатонро фаромӯш накунед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ