Толеъномаи ҳафтаи 44-уми соли 2019 (28 октябр-5 ноябр)

Ҳамал

Агар шумо дар мучали ҳамал тавлид ёфта бошед, дар ин ҳафта бо  тарадуд ва ташвиши маъракаҳои дар пешистода машғул мешавед. Аз корҳои вазнин дар давоми ҳафта худдорӣ намоед, зеро эҳтимоли бемор шуданатон вуҷуд дорад. Дар давоми ҳафта яке аз хешу таборон бо умеди кӯмак ба шумо муроҷиат менамояд. Агар шумо дар шаҳри дигар ё хориҷа кор меҷуста бошед, ҳафта барои ин кор мусоидат  мекунад. Муносибатҳои ошиқонаатон хуб ҷараён мегирад, вале омилҳои зиёде вуҷуд доранд, ки шумо интизораш набудед. Нафароне, ки дар давоми ҳамин ҳафта ошиқ пайдо мекунанд, аз сатҳи донишу малакаи ёри навпайдои худ дар ҳайрат мемонанд. Муноқишаҳо бо сабаби ба асабоният роҳ додан ва одати гузашт карда натавонистани шумо сар мезананд. Дар давоми ҳафта ҳодисаҳои аҷиб рух медиҳанд, хабари бо кӯдак ё ҳомиладоршавӣ алоқамандро мешунавед. Бонувони дар мучали ҳамал тавлидёфта бештар бозору мағозагардӣ намуда, сару либоси худро нав мекунанд. Мардҳо бошанд, уҳдадориҳои бештари оилавиро ба дӯши худ гирифтанашон лозим меояд, дар ин ҳафта асабиёна зудтар ба анҷом расидани корҳоро интизор нашавед. Рӯзҳои бобарор: сешанбе, чоршанбе.

Рӯзҳои бебарор: панҷшанбе, ҷумъа.

Савр

Нафарони дар мучали савр тавлидёфта дар ин ҳафта бо уҳдадориҳои нав машғул мешаванд. Дар давоми ҳафта барои хона ва аҳли оила хароҷоти иловагӣ мекунед. Эҳтимол барои пардохти пули барқ ё хизматрасониҳои коммуналӣ  машғул шуданатон лозим меояд. Барои аксарият ҳафтаи бобарор аст, аз хешу ақрабо ва дӯстон пул мегиред. Дар давоми ҳафта занги телефоние имкон дорад, ки табъатонро хира мегардонад. Шумо аз амал ва касбиятро риоя накардани як нафар корманди ҳукумат, андоз ё ҳуқуқ ба ғазаб меоед. Дар давоми ҳафта ҳодисаи ногуворе, ки дар зиндагии хешу ақрабо ва дӯстонатон рух медиҳад, шуморо ором намегузорад. Дар муҳаббат ва муносибатҳои маҳрамонаи шумо ҳодисаҳои аҷиб рух медиҳанд. Дар кор ва тиҷорат аз пешниҳоду тағйиротҳои судманд истифода бурда метавонед.  Нафароне, ки ба сафар мебароянд, табъи хушу болида ҳамсафарашон мегардад. Бонувони дар мучали савр тавлидёфта сафи дӯсту дугонаҳои худро зиёд месозанду ҳафтаро бо вохӯриву суҳбатҳои гуворо сипарӣ месозанд. Мардони мучали саврро ба шарте барор ҳамсафар мегардад, ки аз баъзе зарбаҳои зиндагӣ барои худ дарси ибрат гирифта тавонанд. Кӯшиши тағйир додани хислати одамон ва ҳодисаҳоро накунед.

Рӯзҳои бобарор: сешанбе, ҷумъа.

Рӯзи бебарор: нест.

Ҷавзо

Нафароне, ки дар мучали ҷавзо ба дунё омадаанд, занги телефонии муҳимро интизор мешаванд. Дар давоми ҳафта ҳодисае бо дӯст ё ҳамсояатон рух дода, шуморо бе тараф намегузорад. Дар давоми ҳафт рӯз гоҳе табъатон хушу гоҳи дигар ранҷуру руҳафтода мегардед. Нафарони ошиқ нисбати дӯстдоштаи худ самимӣ буданашон лозим меояд, он гоҳ табъатон низ болидаву корҳоятон низ бобарор мешавад.

Дар давоми ҳафта бояд одоби муомиларо риоя намуда, ботадбир амал намоед, он гоҳ муноқишаи бо сабаби харидорӣ намудани молу ашёе сарзадаро рафъ карда метавонед. Эҳтимоли бемор шудани шахси дӯстдоштаатон дар назар аст. Дар ин рӯзҳо бояд ба садои қалби худ гӯш андохта амал намоед.

Бонувони мучали ҷавзо зимни робита бо мардони ҳамкор ва мардони оила баъзе фикру ақидаи худро тағйир медиҳанд. Мардони мучали ҷавзо ба осонӣ ба доми фиребгарону ҳаннотон меафтанд.

Рӯзи бобарор: чоршанбе.

Рӯзи бебарор: ҷумъа.

Саратон

Агар дар мучали саратон тавлид ёфта бошед, дар ин ҳафта масъалаҳои муҳими молиявиеро, ки ба оилаву зиндагии шумо дахл доранд, ҳал карданатон лозим меояд. Даромади пулии шумо аз он маблағе, ки интизор будед, кам ё зиёд мегардад ё аз пул танқисӣ мекашед. Дӯстони қарин занг зада, ба ҷустуҷӯятон мебароянд. Ҳодисае, ки бо яке аз хешовандонатон рух медиҳад, сабаби дар давоми ҳафт рӯз бо ҳам ҷамъ омадани хешу ақрабо мегардад. Ҳафтаи хуби корӣ аст, дар ин рӯзҳо шумо таҷрибаву малакаи худро нишон дода метавонед.

Ҳодисаҳои дар ҷои коратон рухдода аз пеш омадани тағйиротҳо дарак медиҳад. Ҳафтаи пур аз ҳодисаҳои хушу ногаҳонӣ аст. Агар чизе боиси асабӣ ё руҳафтодагии шумо мегашта бошад, сабур бошед, он гоҳ натиҷааш нек мегардад. Ҳафта барои харид кардан мусоид аст, диққати худро ба нархҳои арзон ва сифати хуб равона созед. Айни замон беҳуда пул сарф накунед ва аз пайи орзуву ҳавас надавед.

Бонувони мучали саратон бо шарофати кӯшишу ҷидду ҷаҳд ба бисёр чизҳо ноил мегарданд. Аз робита бо нафароне, ки дар мучалҳои ҷавзо, мизон ва далв тавлид ёфтаанд, натиҷаи судманд ба даст меоред. Мардони мучали саратон бо нафаре ҳамсуҳбат мешаванд, ки феълу хислати душвор доранд. Бо нафароне, ки дар мучалҳои ҷаддӣ, сунбула ва савр тавлид ёфтаанд, забон ёфтанатон душвор мегардад, вале ин тоифа ба шумо зарар намерасонанд.

Рӯзи бобарор: чоршанбе.

Рӯзи бебарор: нест.

Асад

Агар шумо дар мучали асад тавлид ёфта бошед, дар ин ҳафта ҳушёриро пеша намоед, нафаре барои ба мақсад расидан шуморо истифода бурдан мехоҳад. Дар давоми ҳафта аз нафарони дурӯяву тамаъкор худро ҳифз намоед. Маслиҳати мо дар ин ҷода эҳтиёткор шудани шумо аст, аз ин рӯ, ба дағаливу бадҷаҳлӣ роҳ надиҳед. Дар давоми ҳафта бо сабабҳои зиёд бо нафарони гуногун дар алоқа мешавед. Хеле хуб аст, агар вақти бештари худро аз хона берун гузаронед. Ҳодисае, ки дар зиндагии яке аз наздикон ё хешовандонатон рух медиҳад, боиси хароҷоти иловагии шумо мегардад. Аксари корҳои худро хеле дер ба анҷом мерасонед. Барои он ки дар зиндагии худ дучори  бесарусомонӣ ва асабоният нашавед, сабру таҳаммулро пеша намоед. Аксари мушкилиҳои ин ҳафта бо сабаби шитобкории шумо сар мезанад. Оқибати саросемагӣ иштибоҳ ва талафот  аст. Бонувони мучали асад бештар бо дӯстдоштаи худ будан мехоҳанд. Бонувони муҷаррад дар ҷустуҷӯйи бахти худ вақту қувваи зиёд сарф мекунанд. Мардони мучали асад бо мушкилиҳои фарзандони худ машғул мешаванд.

Рӯзҳои бобарор: сешанбе, ҷумъа.

Рӯзҳои бебарор: нест.

Сунбула

Агар шумо дар мучали сунбула тавлид ёфта бошед, барору муваффақият ба даст оварданатон аз он вобастагӣ дорад, ки дар давоми ҳафта худро ба даст гирифта, ба қаҳру ғазаб роҳ надиҳед. Дар паҳлӯятон вуҷуд доштани нафаре, ки дар зиндагӣ муваффақ аст, шуморо барои ба пеш ҳаракат намудану ба мақсад расидан водор менамояд. Дар давоми ҳафта руҳафтодагӣ ва табъи нохушро аз худ дур созед, вагарна дар чунин ҳолатҳо атрофиён ба назаратон дурӯяву риёкор ва гапдаро менамоянд. Аз нафароне, ки асабатонро хароб месозанд ё бо суханҳои дилгиркунанда шуморо ғамгин месозанд, дурӣ ҷӯед. Ҳафтаи нав барои кор бо кӯдакон ва наврасон созгор аст, табъатон болидаву ҳолати руҳиятон хуб мегардад. Дар давоми ҳафт рӯз вақти бештари худро дар табиат гузаронед. Дар сурати каме нотоб шудан воҳима накунед, балки дар фикри саломатӣ шавед. Бонувони мучали сунбула ба воҳима афтида, дучори фишори сахти руҳӣ мешаванд. Мардони мучали сунбуларо хабарҳое интизоранд, ки боиси асабхаробӣ мегардад.

Рӯзи бобарор: панҷшанбе, шанбе.

Рӯзи бебарор: нест.

Мизон

Агар шумо дар мучали мизон ба дунё омада бошед, дар ҳафтаи нав аз ҳодисаҳои бо сафарҳо ва одамони раҳдур алоқаманд  ба ҳайрат меоед. Дар давоми ҳафта нақшаҳои ояндаи худро муайян месозед. Нафарони муҷаррад имкони пайдо намудани шахси барояшон мувофиқро ба даст меоранд. Дар давоми ҳафта ҳуҷҷат ё бореро ба ҷои дигар бурданатон лозим меояд. Ҳафта барои корҳои вобаста ба беҳтар гаштани вазъи молиявӣ мусоид аст. Ба хонаатон дар ин рӯзҳо пул меояд. Хабари ба сари яке аз хешовандон ё дӯстонатон нохушӣ омаданро мешунавед. Моликияти оилавии худро дар ин ҳафта аз ҳодисаҳои нохуш ё харобшавӣ эҳтиёт кунед. Бонувони мучали мизон пул ба даст меоранд, пешниҳоди хуби ҷои нави корӣ ё уҳдадориҳои иловагӣ мегиранд. Мардони дар мучали мизон тавлидёфта чунон серкор мешаванд, ки барои худ тамоман вақт пайдо карда наметавонанд.

Рӯзҳои бобарор: панҷшанбе, ҷумъа.

Рӯзи бебарор: нест.

Ақраб

Агар шумо дар мучали ақраб таваллуд шуда бошед, дар ин ҳафта бо кору ҳуҷҷатҳои гуногуне, ки боиси рушди шумо мегарданд, машғул мешавед. Аз маблағи пулие, ки ба даст меоред, худатон дар ҳайрат мешавед. Хабарҳои хушу ногаҳонӣ сабаби зангҳои зиёди телефонӣ бо дӯстону пайвандон мегардад. Дар давоми ҳафта аз пешравиҳои кори фарзандон, ҷиянҳо, бародару хоҳари хурдӣ шод мегардед. Барои баъзеҳо ҳафта барои баргузор намудани фотиҳатӯй, тӯйи арӯсӣ ва дигар маъракаҳои муҳими оилавӣ созгор аст. Аз ҳодиса ё фоҷиае, ки ба сари яке аз шиносҳоятон меояд, ба даҳшат омада, гирифтори фишори руҳӣ мегардед. Бо ҳамин сабаб, баъзе нақшаҳоятон тағйир меёбад. Маслиҳату пешниҳодҳоро дар ин ҳафта бо хушнудӣ қабул кунед.

Бонувони мучали ақраб дар муносибатҳои оилавии худ бартарӣ ворид карда метавонанд Мардони мучали ақраб бояд корҳои мардонаи хонаро ба дӯши худ гиранд.

Рӯзи бобарор: панҷшанбе.

Рӯзи бебарор: нест.

Қавс

Агар шумо дар мучали қавс тавлид ёфта бошед, дар ин ҳафта уҳдадориҳои худро бо муваффақият ба анҷом мерасонед. Дар давоми ҳафта нафаронеро, ки ҳамроҳашон кор мекунед ё пайваста дар робита ҳастед, таъриву тавсиф мекунед. Дар ин ҳафта хотироти рӯзҳои бадтаринеро, ки аз сар гузаронида будед, аз нав пеши назар меоред. Шояд ин тасодуфан рух надиҳаду сабаби қатъие пайдо шавад. Барору комёбӣ дар ин ҳафта дар ҷое дастрас мегардад, ки он ҷо буданаш муҳим аст. Бонувони мучали қавс дар кору дар хона бештар бо бонувон дар иртибот мешаванд. Мардони дар мучали қавс тавлидёфта дар ин ҳафта нақшаҳои худро доранд ва барои амалӣ намуданаш нерӯи зиёд сарф мекунанд. Беҳтар аст, ки дар ин лаҳзаҳо ба кори онҳо касе дахолат накунад, вагарна ба сари худ ҷанҷол мехарад.

Рӯзи бобарор: шанбе.

Рӯзи бебарор: якшанбе.

Ҷаддӣ

Барои зодагони мучали ҷаддӣ ҳафтаи пур аз мушкилӣ меояд. Мушкилиҳо аз ҷое сар мезананд, ки шумо комилан интизораш набудед. Дар давоми ҳафта боэҳтиёт бошед, зеро дар хонаатон камбудиҳои зиёде пеш меояд. Эҳтимоли таъмир ва иваз кардани ашёву ҷиҳози хона пеш меояд. Дар ин рӯзҳо ба гузаштаи худ нуқта гузоред. Хабари ногаҳониеро дар бораи шахси бароятон шинос мешунавед. Эҳтимоли норасоии пулӣ ва мушкилиҳо дар кор вуҷуд дорад. Бо вуҷуди он ки баъзеҳо бо шумо баҳсу мунозира мекунанд, муносибати худро хуб нигоҳ доред. Бонувони мучали ҷаддӣ муносибати худро бо марде аз доираи дӯстон, ҳамкорон ё хешовандон барқарор месозанд, ки чанд муддат бо ҳам ногап буданд. Мардони мучали ҷаддӣ ба танбалӣ роҳ надиҳед.

Рӯзҳои бобарор: сешанбе, панҷшанбе.

Рӯзи бебарор: чорашнбе.

Давл

Агар шумо дар мучали далв тавлид ёфта бошед, дар ин ҳафта дар масъалаҳои пулӣ ва пешниҳодҳои нави корӣ боэҳтиёт бошед. Дар давоми ҳафта аз фиребгарону ҳаннотон эҳтиёт шавед. Дар ин рӯзҳо нафаре аз ғалату заифӣ, содагӣ ва беҷуръатии шумо истифода бурда, фоида ба даст овардан мехоҳад. Ҳодисаи муҳиме, ки дар зиндагии яке аз пайвандонатон рух медиҳад, сабаби зангҳои зиёди телефонӣ мегардад. Дар давоми ҳафта бо нафаре дар масъалаи пулӣ дар иртибот мешавед, ки бо шумо дар як хона зиндагӣ намекунад. Бонувони мучали далв нақшаи корҳои худро барои ҳафтаву моҳҳои оянда тарҳрезӣ менамоянд. Мардони мучали далв қабл аз он ки сари қароре биёянд, сараввал чӣ гуна рафтор намудани дигаронро аз назар мегузаронанд.

Рӯзи бобарор: чоршанбе.

Рӯзи бебарор: ҷумъа.

Ҳут

Агар шумо дар мучали ҳут таваллуд шуда бошед, дар ин ҳафта барои хона ё ниёзҳои шахсии худ хароҷот карданашон лозим меояд. Дар ҳафтаи нав имкониятҳои нав ва уҳдадориҳои бештар пайдо мекунед, ки вақти зиёдатонро мегиранд. Ҳафта барои нафарони муҷарраде, ки дар фикри пайдо намудани бахти худ ҳастанд, бобарор меояд. Зангҳои муҳими телефонӣ ва меҳмононро интизор шавед. Дар давоми ҳафта овозаву ғайбатҳои гуногун ба гӯшатон мерасад. Ҳангоми муҳокима намудан боэҳтиёт бошед, нафаронеро, ки бо шумо муносибати хуб доранд, наранҷонед. Мардони мучали ҳут таҳти таъсири нафароне мемонанд, ки дар мучалҳои асад, ҳамал ва қавс таваллуд шудаанд.

Рӯзҳои бобарор: панҷшанбе, якшанбе.

Рӯзи бебарор: шанбе.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *