Толеъномаи 01 июн 2018
Ҳамал
Аз робита бо нафароне, ки чизеро аз шумо пинҳон кардан мехоҳанд, дурӣ ҷӯед. Шабона дар кӯчаҳои шаҳр гаштанро тавсия намедиҳем. Бештар бо нафароне рафтуомад кунед, ки хуб мешиносед ва ин робита бароятон судманд бошад. Саросема сари қароре омаданро маслиҳат намедиҳем. Асабонӣ нашавед, шитоб накунед. Бештар дар оғӯши табиат истироҳат кунед.
Савр
Ба дӯстон қарз додану қарзи додаи худро суроғ карданатон боиси хафагиву ранҷиш мегардад. Эҳтимоли шамол хӯрдану бемор шуданатон дар назар аст. Ба сафари берун аз шаҳр баромаданро тавсия намедиҳем. Дар роҳ эҳтиёт шавед, хатари ҷароҳат бардоштанатон вуҷуд дорад. Дар ин рӯзҳо танҳо бо нафарони даркорӣ ҳамсуҳбат шавед.
Ҷавзо
Қабл аз кореро ба анҷом расонидан ба нуқтаи назари нафароне, ки ташаббусҳояшонро поймол карданатон имконпазир аст, гӯш андозед. Нисбати нафаре танқидро низ раво набинед. Рӯзии серташвиш аст, эҳтимоли ҷароҳат бардоштанатон зиёд аст. Чӣ гуна ҷараён гирифтани муносибатҳои ошиқонаатон аз шумо вобастагӣ дорад, муҳаббати худро пинҳон насозед.
Саратон
Ба қоидаҳои ҳаракати роҳ бештар диққат диҳед. Нафарони муҷарраде, ки барои баргузор намудани тӯйи арӯси омодагӣ мебинанд, эҳтимоли бо номзади худ муноқиша карданашон вуҷуд дорад. Нофаҳмиро бо сабру тамкин бартараф созед, вагарна дар арафаи тӯй ҷудо шуданатон аз эҳтимол дур нест. Аз хароҷоти калон ва сарфи пули зиёд худдорӣ намоед. .
Асад
Имрӯз бо сабаби мушкилоти иқтисодӣ бо дӯсти наздикатон гапатон мегурезад. Агар бемориҳои музмин дошта бошед, ҳатман аз пайи табобат шавед, хатари хурӯҷ кардани касалӣ имконпазир аст. Бо рафтори ноҷои хеш барои бадхоҳон баҳона надиҳед, то обрӯву нуфузатон аз туҳмату ғайбати бадхоҳон нарезад.
Сунбула
Рашки беасос ва бадгумонӣ боиси хонавайрониатон шуда метавонад. Зеро шумо дӯстдоштаи худро на танҳо меранҷонед, балки аз худ гурезон мекунед. Барои пешрафти кор ба кӯмаки дигарон умед набандед ва худ сайъу кӯшиш бахарҷ диҳед. Барои рафъи дарди меъда аз хӯрокҳои парҳезӣ истеъмол намоед.
Мизон
Имрӯз вақти бештари худро барои беҳдошти саломатӣ равона созед. Дар муошират бо калонсолон боэҳтиромона сухан кунед то яке аз волидайнро озор надиҳед. Рӯз барои онҳое, ки ба тиҷорат машғуланд ва барои онҳое, ки дар соҳаи нақлиёт кор мекунанд бобарор маҳсуб меёбад. Бештар баъд аз хуроки шом пиёдагардӣ намоед.
Ақраб
Нисбат ба он чизе, ки истеъмол менамоед бодиққат бошед, зеро эҳтимоли пасту баландшавии гардиши хун вуҷуд дорад. Бештар дар атрофатон на чоплусон, балки мардони боғайрату ҳақгӯро чамъ оваред, зеро ин хушомадгӯён дар аввалин мушкилот шуморо тарк хоҳанд кард. Барои ошиқон рӯз пур аз рӯйдодҳои гуворо аст.
Қавс
Имрӯз бо наздикони хеш забон ёфтанатон кори мушкил мешавад. Ҳатто дар масъалаҳои одитарин байнатон нофаҳмӣ сар зада, гуногунфикрӣ боиси муноқишаи ҷиддӣ мегардад. Шом шуморо ба зиёфат даъват мекунанд, вале холигии ҳамёнатон шуморо шармсор менамояд. Беҳтараш таклифрро рад намуда хӯроки шомро ҳамроҳи пайвандон хӯред. Дар ин рӯзҳо то кадом андоза тамаъҷӯву манфиатхоҳ будани шахси дӯстдоштаатонро дарк мекунед.
Ҷаддӣ
Имрӯз аз хариди калон кардан ё имзо намудани шарномаи хариди манзил даст кашед. Барои пешбурди тиҷорат ба маслиҳати шиносҳои соҳибтаҷриба гӯш андозед. Серкориву хастагии вақтҳои охир ҷамъшуда ба саломатиятон бе таъсир намемонад. Бо фароҳам омадани вақт ҳатман аз ташхиси духтур гузаред. Чуноне мегӯянд «Илоҷи воқеъа пеш аз вуқӯъ»
Далв
Бояд нисбати шахси дӯстдошта ва фарзандон мунису ғамхор бошед. Бо нафаре шинос шуданро маслиҳат намедиҳем. Ҳамзамон зимни робита бо шиносҳои доимӣ ҳушёриро аз даст надиҳед. Як ҳарфи ноҷо метавонад дӯстро ба душман мубаддал гардонад, аз ин рӯ чанд бор андеша намуда, баъдан гап занед. Нимаи дуюми рӯз аз роҳи дур хабаре мешунавед.
Ҳут
Имрӯз аз касеву чизе хафа нашаведу ҳама чизро ба дил наздик қабул накунед. Вазъият дар оилаатон душвор бошад ҳам, аз ҷангу муноқиша худдорӣ намоед. Охири рӯз маблағи калони пулиеро ба даст меоред. Аз изҳори муҳаббате, ки имрӯз мегиред зиёд болидарӯҳ нагардед. Пеш аз оне, ки вайро ба дил роҳ диҳед хуб омӯзедаш.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ