Толеъномаи 02 апрел 2018

 

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Ваъи саломатиатон хуб намешавад. Дарди  сару беқувватӣ азият медиҳадатон. Бар замми ин,  хатари аз даст додани моликиятатон вуҷуд дорад. Нисбат ба дӯстдоштаатон бадгумонӣ накунед, пушаймон мешавед.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Ҳанӯз мушкилоти рӯзи гузаштаатон ҳал нашудааст. Асабонӣ ва саросема нашавед ҳар кор вақту соати хешро дорад.  Аз ишқварзӣ ва истеъмоли шароб имрӯз ӣипарҳезед. Аз роҳи дур хабари ғайри чашмдошт мерасад.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Дар дил кин ва хафагиро нигоҳ надоред, аввал бояд бахшедто бахшида шавед. Ҳадди имкон садақа диҳед, ба корҳоихайр машғул шавед. Вазъи саломатиатон ҳарчандхуб аст, парҳезед. Кореро, ки мехоҳед оғоз кунед ба вақти дигар гузоредбеҳтар мебуд..

Саратон (22 июн- 22 июл)

Ҳарчанд дилатон хоҳад ҳам имрӯз аз баҳс бо ҳамкорон худдорӣ намоед. Коре, ки дар айни ҷаҳл кардамешавад, ба пушаймонӣ овардада мерасонад. Аз ҷойҳои серодам дур бошед, дар танҳои ба эҷодкорӣ ё лоақал гӯш кардани мусиқӣ машғул шавед.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Рӯзи бобарор аст. Қарздоронатон маблағи гирифтаашонро бармегардонанд. Дар коргоҳ ҳама аз чолокӣ ва кордонии шумо таъриф мекунад. Каме вазъи саломатиатон нохуб шавад, ҳам то бегоҳ мегузарад.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Дар ин рӯз ҳодисаҳои хуше ба миён меоянд. Шояд ошиқ ҳам шавед. Ба коргоҳ шахсе меояд,  ки дар зиндагии минбаъдаи шумо нақши калонро мебозад.  Ҳама диққататонрро ба кор равона кунед. Вақтатонро ба муҳаббати дурӯғин сарф накунелд.  Эҳтимоли даромади пулӣ мавҷуд аст.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Аз мушкилоти рӯзгор хаста мабошед инро ҳамчун санҷиш қабул намуда, сарбаландона азон гузаред. Ҳамчунин бо ҳамхонаҳоятон дуруштрафтори манамоед. Барои хубнигоҳ доштани вазъи саломатиатон бештар дар ҳавои тоза сайру гашт намоед.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Дар ин рӯз нақшаҳои асосиатон амалӣ мегардад. Роҳбар нити ба сафари корӣ фиристодани шуморо дорад. Дар оила дӯтиву якдигарфаҳмӣ ҳукмфрмост. Саломатиатон низ шуморо ташвиш намедиҳад. Каме ба варзиши сабук машғул шавед.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Рӯзи душв буда,нисбати кори хеш эродҳо ва таъна хоҳед шунид. Муҳимаш асабӣ нашавед,вагар на кор рангӣ дигагар мегирад. Бо ҳамсаратон бештар вақт гузвронед,зеро ӯ дар мушкилӣ такягоҳи шумост.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Рӯзи муқаррарист. Чи дар коргоҳ чи дар хона навгоние нест. Бояд баҳри дигаргун намудани зиндагониатон ҳаракат намоед. Лоақал тағиротро аз ҷисматон оғоз намоед. Парҳез кунед ба варзиш машғул шавед.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Аз баҳс имрӯз дур бошед, то маблағи зиёдеро аз даст надиҳед. Барои пешгирии хобҳои ошуфта каме садақа намоед, чуноне мегӯянд: Садақа раддӣ бало. Бо аҳли оилаатон бештарвақт гузаронед. Аз нӯшокиҳои спиртӣ истеъмол накунед.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Сафари роҳи дур дар назар аст. Рашки беҳуда муносибататонро бо дилдододаатон сард мекунад. Дарди дандон имрӯз азиятатон медиҳад.  Хароҷоти зиёд накунед, то бадаст омадани маблағ бояд сарфакорона харҷ кунед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *