Толеъномаи 04 июн 2018
Ҳамал
Аз ҷангу ҷанҷол дурӣ ҷӯед. Нимаи дуюми рӯз аз дӯсти раҳдуратон хабари нохеше мешунавед. Даромади пулие, ки ба даст меоред, дар муддати на чандон тӯлонӣ сарф хоҳед кард. Ҳамалҳои оиладор аз мулоқотҳои ошиқона даст кашед, зеро оқибати нохуш дорад. Аз истеъмоли нӯшокиҳои сард роҳҳои нафасатон шамол кашида, барои барқарории саломатӣ зиёд азият мекашед.
Савр
Аввали рӯз даромади калони пулӣ ба даст меоред. Дар ҷодаи ишқу ошиқӣ бояд якравиро канор гузоред ва фикри тарафи муқобилро ба инобат гиред. Мард бояд боҳиммат бошад, дар харидани тӯҳфа ба наздикон хасисӣ накунед. Вазъи саломатии гурдаҳоятон ташвишовар буда, бояд зудтар ба духтур муроҷит намоед. Аз рӯйи парҳези фармудаи духтур таом истеъмол намоед.
Ҷавзо
Имрӯз шумо серташвиш шуда аз тарбияи кӯдакон каме дур мемонед. Ин боис мегардад, ки яке аз ҷигарбандонатон ба ҳолати ногувор меафтад. Сари қаҳру ғазаб ҳама гуноҳро ба гарданаш бор накунед ва ӯро дар назди дигарон муҳофизат намоед. Дар муошират бо ҳамкорон ва роҳбар хушмуомила бошед. Маҳз роҳбаратон барои баромадан аз мушкилот ба шумо кумак мерасонад. Фикри хиёнат карданро аз сар дур кунед.
Саратон
Рӯз барои иваз намудани ҷойи кор ё харидории мошини нав мусоид аст. Ба самимияти дилдодаатон бовар накунед вай аз ошиқ будани шумо манфиатҳои хешро ба даст меорад. Номардие, ки бародаратон нисбататон раво мебинад дилатонро шикаста мегардонад. Дар фикри гирифтани интиҷом нашавед, вақт худаш довари хуб аст. Танҳо мунтазир бошеду тамошо кунед .
Асад
Рӯз пур аз рӯйдодҳои хуш буда, тамоми нохушиҳои қаблиро ба осонӣ аз дилатон дур месозад. Зиндагиатон маънии дигар мегирад. Эҳтимол ишқи зиндагиатонро вомехӯред. Шояд соҳиби чизе мешавед, ки ҳатто орзуяшро надоштед. Вале аз хушҳолиҳои хеш ҳарку лоф назанед то душманон дар пайи варонкардани зиндагиатон нашаванд. Вазъи саломатиатон хуб аст, аммо ба ҳар ҳол муътадилии фишор доруҳоятонро истифода баред.
Сунбула
Сумбулаҳои муҷаррад бахти худро пайдо мекунанд. Танҳо ба умеди корӣ аслсиатон нашавед ва роҳҳои дигари даромадро ҷустуҷӯ намоед. Агар каме кӯшиш кунед, манбаи хуби даромадро пайдо мекунед. Дар ҳаёти оилавӣ баъзе нохушиҳо рӯй дода метавонанд. Беҳтараш ба ҷанҷоли хонумони хонадон ҳамроҳ нашавед. Аз саломатии фарзандони худ бехабар намонед.
Мизон
Серкорӣ метавонад ҳам ба саломатӣ ва ҳам ба ҳаёти оилавии шумо таъсири ногувор расонад. Хавфи сар задани моҷарои калони оилавӣ дар пояи рашк вуҷуд дорад, бинобар ин, кӯшиш намоед, ки то нисфи шаб дар ҷойи коратон нашинед. Нимаи дуюми рӯз бисёр эҳтиёткор бошед, ҳарчи шунидед, даҳ маротиба ҳақиқат доштан ё надоштанашро санҷида, баъд ба як хулоса биёед. Ба иғвои душманон дода нашавед, вагарна аз шахси бисёр азизатон ҷудо шуда метавонед.
Ақраб
Нафарони муҷаррадро вохўрии тақдирсоз дар пеш аст, дар ин шабу рӯз зиндагиятон куллан тағйир ёфта метавонад. Дар коргоҳ бо атрофиёнатон меҳрубон бошед, беҳуда касеро наранҷонед. Умре хизмати аҳли оилаатонро карда, худро аз ёд набаред. Ба саломатии дандонҳоятон диққат диҳед.
Қавс
Дастгириву кӯмаки дӯстони дерин шуморо болидаруҳ месозад. Нимаи дуюми рӯз эҳтиёт бошед, зеро душманатон дар камин аст ва мехоҳад ба шумо боз як бори дигар зарба занад. Вақти он расидааст, ки дӯстро аз душман фарқ намоед. Нафароне, ки бо тиҷорат машғуланд, муваффақ мегарданд. Ҳушёриву корчаллонӣ ва дастгирии шарикони нави корӣ боиси пешравиҳоятон мегардад.
Ҷаддӣ
Сарчашмаи даромадатонро пинҳон доред, вагарна хавфи аз даст рафтани ин манбаъ ба вуҷуд меояд. Рашки душманонатон ба косаи асали шумо заҳр рехта метавонад, эҳтиёт бошед! Кӯшиш кунед, ки бо сухани хуб ва туҳфаи олиҷаноб дили зан ё шавҳари ранҷидаатонро ёбед. Ба гапҳои дурўғи ҳасудон бовар карда ба решаи бахтатон бо дасти худ теша назанед
Далв
Имрӯз барои баргардонидани қарзњоятон имконияти хуб фароҳам меояд, даромади калони пулӣ ба даст меоред. Барои тасмим гирифтан дар масъалаҳои муҳим саросема нашавед, вагарна сахт хато карданатон мумкин аст. Нимаи дуюми рӯз ишқи қадимаатонро вохӯрда, дубора шуълаи муҳаббат дубора дар қалбатон фурӯзон хоҳадшуд.
Ҳут
Як сирри махфиатон фош гашта, аз боварии ҳамсаратон мебароед. Оилаатонро устувор нигоҳ доштан хоҳед, аз бахшиш пурсидан шарм надоред. Ғурурро як тараф гузоред, зиндагиатон боз ба маҷрои аввала бармегардад, дар акси ҳол хавфи хонавайрон шудан шуморо таҳдид менамояд. даромади пулие дар назар нест.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ