Толеъномаи 06 апрел 2018

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Имрӯз оромии асабро нигоҳ дошта сарбаландон аз санҷишу имтиҳонҳои тақдир гузаред. Аз муноқиша бо ҳамкорон ва ҳамхонаҳо дурӣ ҷӯед. Дар масъалаҳои молиявӣ фаъолнокӣ нишон надиҳед, вагарна имкониятҳои худро дуруст баҳо дода наметавонеду беҳуда заҳмат мекашед. Бештар дар ҳавои тоза сайру гашт кунед.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Дар ин рӯз маблағи хуби  ба даст намеоред. Дар муносибт бо атрофиён тағйиротҳои наве ба миён меоянд. Дастгирӣ ва кумаки шиноссони нав хушҳолатон мекунад. Барои ормиши рӯҳу тан бештар дар танҳоӣ вақт гузаронед. Мусиқии форам гуш кунед.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Барои  аз даст надодани саломатиатон ба ҳар майда чуйда  аҳамият надиҳед. Асабоният метавонад ба баланд шудани фишоратон мегардад.  Имрӯз аз корҳои вазнини ҷисмонӣ низ худдорӣ намоед. Дар муносибатҳои ошиқонаатон навгониҳои хушу ногаҳоние ба вуҷуд меояд.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Дар ин рӯзбеҳтараш ба назди дӯстдоштаатон наравед, зеро мулоқотатон ба муноқиша меанҷомад. Бештар ба корҳои эҷодӣ машғул шавед. Имконияти ба имзо расонидани қарордоҳои муҳим зиёданд. Бегоҳирӯзӣ даромади хурде ба даст меоред.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Имрӯз хушу хотирмон мегузарад. Вале боз ҳам дар ҳама кор махсусан дар муошират бо одамони ношинос эҳтиёткор бошед. Эҳтимоли аз даст додани маблағи пулӣ ё мушкилӣ бо дӯстонатон дар назар аст. Бештар кӯшиш кунед бо наздикон вақт гузаронед.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Рӯз ҳарчанд орӣ аз душворӣ нест, аммо хушиаш низ кам нест. Бадхоҳон шуморо дар назди роҳбар «сиёҳ» мекунанд, аммо ба осонӣ метавонед ин мушкилро ҳал намуда бегуноҳии хешро исбот кунед. Шаб аз бехобӣ ва сардардӣ азият мекашед.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Дӯстдоштаатон аз фиреби шумо огаҳ мегардад. Агар нахоҳед ӯро аз даст диҳед худатон пешакӣ иқрор шавед ва бахшиш пурсед. Дар коргоҳ ҳама чиз чун ҳамеша ҷараён мегирад. Баъди нисфирӯзи хабари бемории яке аз дӯстон шуморо ошуфтаҳол месозад.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Рӯз барои дар амал татбиқ кардани нақшаҳои бузург мусоид нест. Ҳама корҳои муҳимро ба рӯзи дигаре гузоред. Шиносоии наве дар назар аст. Дар зиёфати шом аз пурхӯрӣ бипарҳезед то аҳволатон бад нашавад.  Наздикон аз бемеҳрии шумо азият мекашнд. Нисбат ба онҳо меҳрубон бошед.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Нофаҳмиҳое имрӯз ба миён меоянд боиси дилсард гаштани шумо аз ҳамсаратон мегардад. Дар сари қаҳру ғазаб хулосабарорӣ манамоед, ки пушаймон мешавед.  Агар тавонед им шаб ба хонаи дӯстатон меҳмон шавед ва дар онҷо монед. Дар коргоҳ ҳама чиз мувофиқи нақша пеш меравад. Аз истеъмоли зиёди нӯшокиҳои спиртӣ худдорӣ намоед.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

 Бо нафароне шинос мешавед, ки баъдан ба ҳаётатон таъсири худро мегузоранд.  дар зиндагиатон тағйиротҳои мусбӣ ворид менамояд.  Эҳтимол номзадии шуморо ба вазифаи роҳбарикунанда пешниҳод кунанд. Вазъи саломатиатон имрӯз хуб аст.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Имрӯз  як рӯзи муқаррарист.  Корҳои эҷодиатон барор мегиранд. Хунукназарӣ ва бепарвоии шумо ба дили дӯстдоштаатон сахт мерасад. Барои беҳтар гаштани вазъи саломатӣ бештар истироҳат намоед. Ба дилдодаатон пешниҳоди хӯроки шомро ҳамроҳ хурдан кунед.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Барои аз байн бурдани нофаҳмиҳо  аҳли оилаатонро бо ҳам ҷамъ намуда сӯҳбат кунед, фикри онҳоро гӯш кунед.  Ҳангоми кор бо ҳуҷчатҳои даркорӣ хеле бодиққат бошед. Нисбати атрофиён хунукназарӣ манамоед. Аз хиёнати дӯсти нздикатон рӯҳафтода мешавед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *