Толеъномаи 06 июл 2018

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Имрӯз дар хонаву ҷойи кор ба тартибот риоя намоед. Айёми мусоидест, барои тағйир додани реҷаи корӣ ва тарзи зиндагӣ.  Нияти аз сигор даст кашиданро дошта бошед, аз ҳамин рӯз ин корро оғоз намоед. Агар оиладор бошед, нуқтаи назари ҳамсафари ҳаётиатонро сарфи назар накунед. Бо дӯстону наздикон дағалӣ накунед, нерӯи худро сарфи корҳои нек намоеду дар вақтҳои фориғ истироҳат карданро фаромӯш накунед.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Имрӯз қобилияти кории саврҳо зиёд мегардад. Айёми хубест барои амалӣ сохтани тамоми нияту нақшаҳо. Вақти холигии худро беҳтараш бо шахси дӯстдошта дар театр, кино ё сирк гузаронед. Дар ҳама кор фантазияи худро ба кор бурда эҷодкорона амал намоед. Агар оиладору фарзанд дошта бошед, бештар ба тарбияи фарзандон диққат диҳеду нисбати онҳо ботаҳаммул бошед.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Имрӯз ҷавзоҳо дар ҳалли корҳои рӯзгор хеле серташвиш мешаванд. То охири рӯз хабареро дар бораи таърихи авлодатон мешунавед, ки қаблан аз шумо пинҳон нигоҳ медоштанд. Қабл аз суханеро ба забон овардан чанд бор андеша кунед, то ки гапи гуфтаатон ба сари худатон бало наорад. Коре накунед, ки сабабгори рашк кардани шахси дӯстдоштаатон гардад. Дар ин рӯз аз сафар ба роҳи дур худдорӣ намоед.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Имрӯз саратонҳо чунон серҷоғ мешаванд, ки баъзе атрофиён бо диданашон ҳатто рӯ ба гурез мениҳанд. Вохӯриву шиносоиҳо зиёду сафарҳо дарозмуддат мешаванд. Баъзеҳо дар корҳояшон аз шумо маслиҳату дастгирӣ мепурсанд. Аз уҳдаи кори миёнаравӣ ва рафъи муноқишаҳо баромада тавонистанатон обрӯву нуфузатонро баланд мебардорад. Ба кори иловагӣ розӣ нашавед.

 Асад ( 23 июл – 23 август)

Танҳо тавассути кордониву таҷрибаи бой доштанатон шумо мушкили худро ҳал карда метавонед. Роҳҳои хеле дақиқу аниқро пайдо намуда, шумо даромади пулиатонро  нисбатан беҳтар месозед. Инчунин барои рафъи мушкилиҳои пулӣ айёми хуб аст. Аз ҳамин хотир тамоми харидҳои имрӯзаатон бобарор анҷом меёбанд. Агар соҳиби мошин бошед, имкони ба таъмир афтидани он ё ҳодисаи ногувор дар сафар вуҷуд дорад. Асадҳое, ки ғуруру такаббур доранд, муносибаташон бо наздикон бад мегардад.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Рӯз барои мулоқоти ошиқона хеле созгор аст. Тахаюлоти бою рангини худро истифода бурда нисбати нафароне, ки дӯсташон медоред, лаҳзаи гуворои хотирмон ташкил намоед. Нимаи аввали рӯз қувваи худро сарфа карданатон лозим аст.  Сафар ба роҳи дур доираи ҷаҳонбонии шуморо васеъ мегардонад. Имрӯз аз хариди калон худдорӣ намуда, дар сарф намудани пул саросема нашавед.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Имрӯз маблағи хуб ба даст оварда чандин мушкилотатонро ҳал мекунед. Харид дар бозору мағозаҳо бобарор мешавад. Аммо барои сар кардани кори нав чандон вақти хуб нест. Корҳои муҳимро ин рӯз ба ҳеҷ вақҳ ба одамони бегона бовар накунед. Ҳар гапе дар дил доред, ба ҳама нақл накунед, ҳамаро мисли худ дилсоф напиндоред. Барои вохўриҳои ошиқона рӯзи олиҷаноб аст. Ба маҳбубатон туҳфа хариданро фаромӯш накунед.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Имрӯз роҳбарият  шуморо дастгирӣ мекунанд ва дар идора соҳиби ному пешсаф мегардед. Корҳои зиёдеро берун аз меъёр иҷро карданатон лозим меояд, аммо парво накунед, зеро кӯшишҳоятон ҳатман қадр карда мешавад. Ҳар нафаре, ки аз шумо кӯмак мепурсад, холисона мадад расонед, подоши некиҳоятонро ҳатман мебинед. Нимаи дувуми рӯз дар бораи дӯстдоштаи худ ба касе нагўед,  яке аз дӯстони  наватон ба бахти шумо ҳасад бурда, овозаҳоеро паҳн мекунад, ки боиси коста гардидани обрӯятон мегардад.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Вазифањои бар дӯш доштаатонро дар идора софдилона иҷро намоед, то номатон ба «дафтари сиёҳ» наафтад. Барои ороишоти хона ва ё зарурияти фарзандон маблағи зиёдеро сарф кардан лозим меояд. Шарики шумо дар ҷодаи муҳаббат ин рӯз бештар ба ёрию дастгирӣ муҳтоҷ аст. Тамоми харидҳои худро дар аввали рӯз ба анҷом расонед. Аз ҷангу ҷанҷол худдорӣ кунед, дар акси ҳол ба оилаатон хатари ҷиддӣ таҳдид мекунад.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Имрӯз вохӯриҳои ҷиддӣ ва гуфтушунидҳоро ба нақша нагиред, зеро вазъият ба фоидаи шумо нест. Дар вақти кор бо ҳуҷҷатҳои муҳим бодиққат бошед. Бо шарикони кориатон дағалӣ накунед, як сухани ноҷо метавонад ба тиҷорататон таъсири бад расонад ва ҳатто боиси аз шумо рӯй гардонидани нафароне гардад, ки нонатонро бо воситаи онҳо меёбед. Барои сафар кардан ҳоло фурсати мувофиқ фаро нарасидааст. Саломатиатонро бояд эҳтиёт намоед.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Имрӯз аз ҳамаи он чизе, ки сади роҳи пешравиятон мегардад, халос шавед. Имкони ба даст овардани пули калон мавҷуд аст, ба шарте, ки танбалӣ накарда, сидқан меҳнат намоед. Ҳамёнатон нимаи дуюми рӯз пур ва кордатон болои равған мешавад. Дар бораи қаҳрамониҳоятон дар ҷодаи ишқу ошиқӣ дар назди шиносу ношинос лоф назанед. Теғи забонатон метавонад ниҳоли бахтатонро решагардон намояд.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Розӣ набудан бо нақшаҳои атрофиён шуморо ба харҷ кардани маблағи зиёд  маҷбур мекунад. Сешанбе ашёи гумшудаатонро меёбед. Аз ҷониби як дӯстатон ба шумо кумаки молиявӣ мерасад. Метавонед бо ин маблағ тиҷорати худро сар кунед. Ситораҳо маслиҳат медиҳанд, ки ба одамони ношинос бовар накунед ва дар ҳама кор боақлонаю эҳтиёткорона рафтор намоед. Бо пули калон дар кӯчаю бозор гаштанро ба ҳутҳо маслиҳат намедиҳем.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *