Толеъномаи 06 июн 2018
Ҳамал ( 21 март-20 апрел)
Cари вақт пардохт карда натавонистани қарзҳоятон метавонад, душвориҳо пеш оварад. Ба дӯстони вертуалӣ бовар накунед. Дар ҷои кор ба баҳсу мунозира бо роҳбарият роҳ надиҳед. Ба корҳои вазинин ҷисмонӣ машғул нашавед.
Савр ( 21 апрел – 22 май)
Охири рӯз даромади пулиро интизор шавед. Барои он ки корҳоятонро сари вақт ба анҷом расонида тавонед, бояд вақти худро дуруст тақсим карда тавонед. дар мавриди дӯстон ба ғайбату бадгӯӣ машғул нашавед. Рӯз барои сафар номусоид аст. Дар роҳ эҳтимоли вайрон шудани нақлиёт ва қоидавайронкунӣ зиёд аст.
Ҷавзо ( 23 май-21 июн)
Имрӯз дар муносибатҳои ошиқона нофаҳмӣ сар мезанад, агар шумо нармтар бошеду истиҳола намоед, кор ба муноқиша намерасад. Нафароне, ки қисми зиёди маоши худро барои қарз месупоранд, боз хароҷоти ногаҳонӣ карданашон лозим меояд. Нӯшидани нӯшокиҳои хунук ба саломатиятон бе таъсир намемонад.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Ҳарчанд вазъияти иҷтисодиатон хуб нест боз ҳам дар ин рӯз қарз гирифтанро маслиҳат намедиҳем. Дар масъалаҳои молиявӣ танҳо ба қувваи худ умед бандед. Нафарони оиладор табъи дили худ зиста наметавонанд, зеро талаботи наздиконро низ бояд ба инобат гирифта тавонанд. Охири рӯз вохӯрии хуше шуморо интизор аст.
Асад ( 23 июл – 23 август)
Ба ҳар нафаре, ки аз шумо кӯмак мепурсад, дасти мадад расониданро тавсия медиҳем. Ҳама гуна сафарҳоро ба таъхир гузоред. Диққати хосаи худро ба саломатӣ равона созед. Масунияи баданатон заиф гашта, эҳтимоли зуком шуданатон зиёд аст. Сайругашт дар ҳавои тоза, хӯроки сервитамин ба саломатиятон таъсири хуб мерасонад.
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Дар муноқишае, ки дар коргоҳатон сар мезанад, ҳамроҳ нашавед. Муносибататон бо ҳамсафари ҳаётӣ беҳтар ва рӯзгоратон ширин мегардад. Ҳама гуна нофаҳмиву мушкилиҳои оилавиро сари вақт бо якдигар ҳаллу фасл намуда, шумо аз дилсардиву муноқиша эмин мемонед. Дар муносибат бо дӯстон баъзе душвориҳо сар мезананд.
Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Хабарҳои манфиро ба дил наздик қабул накунед, табъи худро хуш гиред ва мушкиле сар намезанад. Эҳтимол сабабгори муноқишае мегардед ва рӯирост мавқеи худро ҷонибдорӣ карданатон лозим меояд. Муносибатҳои хуби оилавиро барбод надиҳед, вагарна баъдан муҳити осудаи оилавиро барқарор сохтан душвор мешавад.
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Мушкилоти зиёде, ки ба саратон меояд, бо сабаби дигарон сар мезанад. Шиносону наздикон аз шумо кӯмак пурсида, ба корҳое ҷалб месозанд, ки ягон алоқамандӣ надоред. Кӯшиш намоед, ки ба чунин ҳолатҳо гирифтор нашавед, вагарна корҳои худатон нотамом мемонад. Дар муносибатҳои ошиқона ба дилатон шубҳа роҳ меёбад.
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Маблағи дар даст доштаро сарфакорона истифода баред, зеро имрӯз ба пул эҳтиёҷатон бештар мегардад. Қавсҳое, ки ҷуфти худро пайдо накардаанд, вохӯрии тақдирсоз интизор аст. Дӯстдоштаи худро ба нишасти дӯстон набаред, эҳтимол миёнатон нофаҳмиву рашк сар мезанад. Ҷароҳатҳои ногаҳонӣ ё бемориҳо нақшаҳоятонро барбод медиҳанд ё дар муносибат бо атрофиён нофаҳмӣ сар мезанад.
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Вақте бо нафаре ҳамкорӣ кардан мехоҳед, ба ваъдаҳои ӯ пурра бовар накунед. Беҳтараш танҳо ба қувваи худ умед баста, аз асабхаробӣ эмин монед. Нафароне, ки оиладор ҳастанд, ҳамсафари ҳаётӣ ташаббусҳоятонро дастгирӣ мекунад. Имрӯз ба мулоқоти ошиқона рафтанро тавсия намедиҳем. Ҳангоми ронандагӣ боэҳтиёт бошед.
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Мушкилоти ночизро як тараф гузошта, танҳо фикри кори муҳимтарини худро кунед. Ҳамзамон дар ин ҳафта ба саломатии худ диққати хоса диҳед. Нафарони ошиқ қисми зиёди маблағи худро барои туҳфаву дилхушиҳо сарф мекунанд. Ягона чизе, ки боиси ранҷиши дӯстдоштаатон мегардад, ин манфиатхоҳии шумо аст.
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Рӯз барои дилхушиву сарфи маблағ мусоид нест. Дар касбу коратон пешравиҳо дида мешавад, вале дар муносибататон бо ҳамкорон сардӣ ҳис карда мешавад. Нафарони муҷаррад бахти худро аз миёни атрофиён пайдо карда метавонанд. Агар сарчашмаи даромади худро ба касе фош насозед, маблағи хуб ба даст меоред.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ