Толеъномаи 08 апрел 2018
Ҳамал ( 21 март-20 апрел)
Ин рӯз барои ҳамалҳо хеле хотирмон пешбинӣ шудааст, зеро нафарони таҳти ин бурҷ бударо тую хурсандӣ дар пеш аст. Вохӯрии шахси дӯстдор ва омода шудан ба ҳаёти минбаъда аз кӯшиши онҳо вобастагии зиёд дорад. Ба тамошои ҷойҳои таърихӣ ва талу теппаҳо рафтанатонро дар ҳавои баҳорӣ тавсия медиҳанд.
Савр ( 21 апрел – 22 май)
Аввали рӯз каме ташвишовар мебошад. Аксари саврҳо аз рӯйи нақшаи кашидаашон амал кардан мехоҳанд ва аз ин рӯ шояд баъзе муваффақияташонро аз даст диҳанд. Дар охири рӯз вазъи саломатиатон нохуб мешавад, бояд нисбат ба он бетараф набошед. Супоришҳои роҳбарро дар мадди аввал гузоред
Ҷавзо ( 23 май-21 июн)
Имрӯз шуморо як қатор навгониҳо дар соҳаи тиҷорат интизор аст. Ронандаҳои ҷавзоро лозим аст, ки боэҳтиёт бошанд. Дар аввали рӯз вохӯриҳои ногаҳонӣ шуморо хушҳол мегардонад. Бояд талош намоед, ки лоиҳаи кашидаатонро ба роҳбаратон пешниҳод кунед. Ба суханҳое, ки суханчинон ба шумо мерасонанд аҳамият надиҳед.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Пешравиҳо ба шумо неру ва қувваи тоза мебахшад. Ин дар назари шумо одӣ ҳам намояд, лекин тақдири минбаъдаи шуморо ҳал менамояд. Хулоса, ин рӯзро бо муваффақиятҳои зиёд сипари хоҳед кард. Ба мулоқоти ошиқона рафтанро тавсия намедиҳем.
Асад ( 23 июл – 23 август)
Дар аввали рӯз баъзе нофаҳмиҳо ба миён омаданаш мумкин аст, ки ҳалли онро танҳо бо наздиконатон анҷом диҳед. Дар баробари ин мебояд, ки вақти бештари худро бо ҷомеа ва дӯстон гузаронед. Ҳамчунин, ба тамошои ҷойҳои таърихӣ ва марказҳои дилхушӣ рафтанатонро тавсия медиҳанд.
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Барои вохӯрӣ ва корҳои берун аз корхона вақти камтар ҷудо намоед. Барои ақрабҳои корчаллон рӯзи на он қадар хуб аст. Аз байн рафтани каме маблағатонро ситораҳо пешгӯйӣ мекунанд.Барои мустаҳкамии муносибатҳои ошиқона ба дилдодаатон пешниҳоди издивоҷ кунед.
Мизон ( 24 сентябр- 23 октяб)
Барои оромии асабҳо бояд аз паси корҳои хеш бошед ба дар кори атрофиён камбудӣ наҷӯед. Дӯстдоштаатон шуморо ба мулоқот даъват мекунад. Эҳтимол бегоҳирӯзӣ каме даромади пулӣ ба даст оред. Аз марказҳои дилхушӣ дур бошед.
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Шуморо муҳаббати ғайриинтизор ин рӯз думболагир мешавад. Нафаре, ки кайҳо боз аз ҳаётатон дур шуда буд, вомехӯред. Масъулияте, ки дар душ доред, моҳирона ба анҷом расонед. Дар аввали рӯз аз дур хабаре мешунавед.Нимаи дувуми рӯз ба гуфтушуниди муҳиме шуморо даъват мекунанд.
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Ба корҳои хона машғул шуданро ситораҳо тавсия медиҳанд. Меҳрубонии шуморо кӯдаконатон дер боз интизоранд. Барои хубтар гардонидани муносибатҳои шахсӣ рӯзи хуб аст. Гирифтани туҳфа ва пайдо кардани дӯстони нав дар назар аст. Аз хабури ногаҳонӣ хушҳол мешавед.
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Кӯшиш кунед, ки корҳои муҳиматонро дар рӯз ба анҷом расонед. Вазифаи нав гирифтанатон дар назар аст. То ин давра бояд ҳама корҳое, ки ба шумо вобаста аст, бахубӣ анҷом диҳедБегоҳирӯзӣ вақтатонро бо дӯстон гузаронед
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Дар ин рӯз нақшаҳое, ки бароятон муҳим нест, накашед. Вақти он расидааст, ки корҳое, ки дар ҳаётатон асосианд, барои амалаш оғоз кунед. Аз сафарҳои дур даст кашед, зеро ҳавои номусоид масъалаҳои ҷиддиро пеш меорад.
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Вақтҳои холиатонро ба кори хона гузарондан фоидаовар аст. Суҳбати дӯстон ва пайвандон истироҳати шуморо боз ҳам хубтару беҳтар мегардонад. Хуб мешуд, ки то охири рӯз барои истироҳат вақти зиёд ҷудо кунед, масъалаҳои то ҳол ҳалнашудаатонро ба баъд гузоред.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ