Толеъномаи 09 апрел 2018

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Ин рӯз барои ҳамалҳо хеле хотирмон мегузарад, зеро лаҳзаеро аз сар мегузаронанд, ки тамоми ҳаёт фаромӯш нахоҳанд кард.  Ба тамошои ҷойҳои таърихӣ ва талу теппаҳо рафтанатонро дар ҳавои баҳорӣ тавсия медиҳем. Саломатиатон аз чигунагии табъи шумо вобастагӣ дорад.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Барои саврҳо беҳтар мебудагар имрӯз аз сафари дуру наздик худдорӣ намоянд. Инчунин аз ҳуҷҷатгузорӣ ва ё корҳои баҳсталаби ҳуқуқӣ дур бошед. Ками дигар кӯшиш намоед ҳатман дили азизатонро ба даст меоваред. Аз пурхӯрӣ имрӯз бипарҳезед.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Рӯзи мувофиқ барои оғози шиносоии нав ва ё ҳамкории ҷадид. Барои пешравфти кор набояд фикри худро дар мадди аввал гузоред. Дар муошират бо атрофиён эҳтиёткор бошед, зеро шӯхии ноҷои шумо метавонад боиси озори касе гардад, ки бароятон азиз аст

Саратон (22 июн- 22 июл)

Барои амалӣ намудани нақшаҳои деринаатон фурсати муносиб аст. Агар хоҳед,ки ба низоъҳои оилавӣ хотима бахшед аҳли оиларо бо ҳам ҷамъ оварда сӯҳбат кунед. Фикри калонсолони авлодро ба инобат гиред. Барои варзишгарон рӯзи бобарор аст. Бештар барои тарбия ва таълими кӯдакон вақт ҷудо намоед.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Саломатиатонро эҳтиёт намоед, зеро бемории зимистонаатон ҳанӯз ба пуррагӣ аз байн нарафтаву метавонад аз нав хурӯҷ кунад. Барои огаҳ нашудани бадхоҳон аз мушкилоти шумо бояд имрӯз худро хушҳол вонамуд кунед. Аз роҳбар сарзаниш ва гапи зиёд мешунавед, муҳимаш гапгардонӣ накунед.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Қавииродагӣ ва рӯҳияи муборизи шумо  намегузорад имрӯз шикаст хуред. Ҷанҷоле, ки дер боз азият медадатон ба осонӣ ҳал мегардад. Аз дастгирии як хеши дуратон хушҳол мешавед. Нимаи дувуми рӯз даромади пулӣ дар назар аст. Саломатиатоон хуб аст, аммо ба ҳар ҳол аз истеъмоли оби хунук худдорӣ намоед то гӯлӯдард нашавед.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Эҳтимол имрӯз орзуи деринаатон амалӣмегардад. Кӯшиш кунед, ки вақти холиатонро  дар ҳалқаи кӯдакон гузаронед, чун ин амал боиси болидарӯҳӣ ва дилгармӣ мегардад. Бештар пиёдагардӣ кунед. Аз сафари роҳи дур имрӯз худдорӣ намоед. Саломатиатон хуб буда, шуморо ташвиш намедиҳад.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Ба саломатии худ беаҳамияти накунед, ҳарчанд   сард нест, лекин намии он ба боиси авҷ гирифтани подардатон шуда метавонад. Аз истеъмоли хӯрокҳои шӯр ва тунд парҳез кунед. Аз мобайни хешу ақрабо нафаре ба шумо кӯмаку дастгирӣ мекунад. Ба хабаре,ки имрӯз мешунавед бовар накунед.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Фурсати муносиб барои вохӯрӣ бо дилдодаатон фаро расидааст. Навгониҳои аҷибе рух медиҳанд. Аз додан ва гирифтани қарз имрӯз худдорӣ намоед. Эҳтимол сари мавзӯи молӣ бо яке аз дӯстон ҷанҷол намоед. Саломатиатон имрӯз шуморо ташвиш намедиҳад.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Ҷаддиҳо давоми рӯз бояд ҳама кӯшиши худро ба кор ва корхона равона кунанд. Дар сурати ғайр ба хатогие роҳ доданашон мумкин, ки боиси аз кор ранда шуданашон мегардад. Муносибатҳо бо дӯстдоштаатон хуб пеш мераванд, эҳтимол вай пешниҳоде мекунад, ки қабули он зиндагиатонро кллан тағйир хоҳад дод

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Вохӯриҳои муҳиме, ки имрӯз ба анҷом мерасонед, метавонанд дар корҳои минбаъдаи шумо заминаи хубу мустаҳкамро барои пешбурди нақшаҳои корӣ роҳандозӣ намоянд. Барои тоҷирон рӯзи бобарор аст.  Агар ронандаед пас бояд хело эҳтиёткор бошед. Саломатиатон имрӯз хуб аст. Даромади пулӣ дар назар нет.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Рӯз он қадар бобарор нест. Асабоният боиси ҷанҷол бо дӯсти қаринаатон мегардад. Агар сари вақт узрхоҳӣ манамоед вайро аз даст медиҳед. Ба ҳаёти шахсӣ ва вохӯриҳои ошиқона дилсардона муносибат накунед. Зеро ҳар як ҳаракати шумо фикрҳои зиёдро ба дилдодаатон меорад, шояд ин амали шумо сабаби сардиҳои минбаъда гардад. .

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *