Толеъномаи 1 октябр 2018
Ҳамал ( 21 март-20 апрел)
Аввали рӯз серкор мешавед. Наздик ба нимаҳои рӯз хабари хуш рӯҳатонро болида мегардонад. Охири рӯз бо наздикон буданро фаромӯш накунед. Кӯшиш кунед, нақшаҳоятонро ба ҳафтаи дигар намонед. Дар тиҷорат саросема нашуда, ҳисоботи дақиқро пешниҳод намоед.
Савр ( 21 апрел – 22 май)
Ҳамеша фикрҳои гуногун шуморо парешонхотир мекунад, вале ба ин ҳолат ҳар чӣ зудтар хотима бахшиданатон лозим аст. Барои истироҳат вақт ҷудо намоед. Дӯстони аз баратон дуршударо ба сари як миз даъват намоед. Вохӯрии хотирмоне дар охири рӯз интизори шумо аст.
Ҷавзо ( 23 май-21 июн)
Нимаи аввали рӯз баъзе хабарҳо рӯҳатонро болида мегардонанд. Нақшаҳои пешинаатонро дар амал татбиқ намоед. Дӯсте, ки солҳои зиёд надида будед, вохӯред. Муносибати сардгаштаатонро бо ҳамкоратон барқарор кунед. Супориши роҳбарро сари вақт иҷро намоед, то ки огоҳӣ нагиред.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Вақтҳои охир масъалаҳои печ дар печатон зиёд шуда истодааст. Барои бартараф кардани ин мушкилиҳо шуморо лозим аст, ки муносибататонро бо атрофиён хуб кунед. Барои ором кардани асабатон ба лаби дарё ва ё саёҳат баромаданатон зарур аст. муносибатро бо пайвандон хуб кунед ва маслиҳаташонро ба назар гиред.
Асад ( 23 июл – 23 август)
Имрӯз дар коргоҳ ягон навгоние намешавд. Саломатиатон шуморо бештар ба ташвиш овардааст. Дар чунин ҳолат набояд шумо сари чанбараки мошин шинед, зеро баланд шудани фишоратон дар назар аст. Вақтатонро барои сайругашт бо фарзандонатон ҷудо кунед.
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Сунбулаҳоро Рӯзи пур хабарҳои тоза интизор аст. Ҳар як қадаматонро дониста монед, зеро шахси дӯстдоратон шуморо дар зери назорати худ гирифтааст. Нисбати атрофиён бепарво набошед. Ҳангоми рондани мошин эҳтиёткориро фаромӯш насозед.
Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Шахсони зери ин бурҷбуда хеле ҳассосанд, аз ин рӯ, тез- тез асабӣ мешаванд, ки ба саломатии онҳо бетаъсир намемонад. Шуморо лозим аст, ки хонашиниро тарк намуда, ба корҳои вобаста ба ихтисосатон даст занед. Барои оила барпо намудан бепарво набошед. Нисбат ба пешниҳоди модаратон беэътиноӣ накунед.
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Ҳар нафаре аз ақрабҳо вобаста ба вазъияти оилавиашон гуногунрафтор мешаванд. Корҳои нотамоми ҳамсарашонро дида, ба хашм меоянд. Онҳоро мебояд, ки бо ҳамдигар ҳамфикр бошанд. Дар ин вақт нофаҳмию хархаша ба вуҷуд намеояд. Сабуриро аз даст надода, мушкилиҳоро ба оромӣ бартараф намоед.
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Дар имрӯз ҳушёриро аз даст надиҳед, зеро андешаи дурударози шумо боварии атрофиёнатонро кам мекунад. Ҳангоми харидорӣ кардан ҳушёр бошед, ки гум шудани ҳамёнатонро ситораҳо пешгӯӣ мекунанд. Хурсандии деринтизор дар ин рӯз даратонро мекӯбад.
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Нақшаҳои пешинаатонро ба баъд нагузоред, зеро ҳар кор вақту соати худро дорад. Нисбати саломатии хеш бепарво набошед, зеро асабонии зиёд аз хастагии рӯҳии шумо шаҳодат медиҳад. Дар вақти дар рухсатӣ буданатон ба духтури асабшинос муроҷиат намоед.
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Хабарҳои пай дар пай зиндагиатонро тағйир медиҳад. Вобаста ба мушкилиҳои хонаводагӣ беаҳамият набошед. Дар ин лаҳзаҳои ҳассос бештар ба худу атрофиён беаҳамиятӣ зоҳир нанамоед. Барои сайругашти кӯдаконатон вақти муносиб ҷудо намоед.
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Ҳутҳоро лозим аст, ки аз ин рӯзҳои гармӣ башумор монда самаранок истифода баранд. Вақти он расидааст, ки бо аҳли оилаатон ба ягон истироҳатгоҳ равед ва сайругашти оилавӣ рӯҳияи шуморо болида мегардонад. Ҳутҳои тоҷирро лозим аст, ки тарҳи лоиҳаи навро баррасӣ намоянд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ