Толеъномаи 1-уми апрели соли 2022
Ҳамал (21 март-20 апрел)
Муноқишаҳои оилавӣ ва бо шахси бароятон азизу дўстдошта низоъ карданатон имкон дорад, ки бар зарари шумо анҷом меёбад. Беҳтар мебуд, ки олиҳимматӣ нишон дода, дар баъзе ҳолатҳо гузашт кунед. Саховатмандии аз ҳад зиёдатонро атрофиён хуш қабул намекунанд. Саломатии худ ва наздиконатонро дар мадди аввал гузоред.
Савр (21 апрел-22 май)
Аввали рўз мушкиливу ҳодисаҳои ногувор имкон дорад. Ба мардҳо барои харид ба мағозаву бозор рафтан, шикастани дарахт, ба назди дандонпизишк рафтанро тавсия намедиҳем. Бонувон дар оила ба нофаҳмӣ гирифтор мешаванд, аз дағалӣ ва садо баланд кардан худдорӣ намоед. Ба муноқишае, ки сабаби аз ёратон ҷудо шудани шумо мегардад, роҳ надиҳед.
Ҷавзо (23 май-21 июн)
Рўзи барои саломатӣ номусоид аст. Хастагиву дарди сар ва хурўҷ намудани бемориҳои музмин эҳтимол дорад. Каме нобарориҳои оилавӣ табъатонро хира месозанд. Сабру таҳаммулро пеша намуда, ин марҳилаи душворро паси сар намоед. Беҳтараш робитаро бо дўстону наздикон қатъ намоед. Ба сафару саёҳат баромадан хуб нест.
Саратон (22 июн-22 июл)
Рўзи пурмуаммо аст. Бо вуҷуди он ки ҳама корҳоятон ба назар хуб менамоянд, эҳсоси хавотирӣ ва асабоният дар вуҷудатон пайдо мегардад. Қасди нобарориҳои худро аз наздикон гирифтанӣ шуда, нафареро сахт меранҷонед. Беҳтараш боқимондаи рўзро дар танҳоӣ гузаронида, фикру андешаҳои худро ба тартиб оред.
Асад (23 июл-23 август)
Рўзи хубест барои нафароне, ки нақшаи корҳояшонро пешакӣ тартиб додаанд. Маблағи хуби пулӣ ба даст меоред ё кори саркардаатон анҷоми хуб меёбад. Дар ҳаёти шахсӣ тағйироти муфид рух медиҳанд. Муносибатҳои ошиқонаатон хуб ҷараён мегиранд, вале дахолати аз андоза зиёди ёратон боиси рух додани нофаҳмӣ мегардад.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Барои сафарҳои корӣ ва робита бо нафарони ношинос рўзи номусоид аст. Агар шумо мошин меронда бошед, дар ин рўз бо суръати баланд рондани мошин манъ аст. Инчунин, аз ашёҳои нўгтез ва асбобҳои барқӣ ҳушёр шаед. Аз оташ эҳтиёт шавед, хатари рух додани сўхтор вуҷуд дорад.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Рўзи натиҷаовар аст. Оғози корҳои нав, бастани ақди никоҳ ва шартномаҳои корӣ бобарор анҷом меёбанд. Аксари мизонҳо бо нафарони даркорӣ робита барқарор намуда, дар оянда аз нохушиҳои калону мушкилиҳо халосӣ меёбанд. Дар ҷодаи муҳаббат тағйирот дида намешавад.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Имрўз вазъи саломатиятон хеле хуб мегардад. Дар ҳалли корҳои муҳим ба садои қалби худ гўш андозед. Баъди нисфирўзӣ вохўриҳои ошиқонае имкон доранд, ки муддати мадид дар хотираи шумо нақш мебандад. Мушкилиҳои пулиеро, ки дар ин рўз пайдо мешаванд, мустақилона рафъ карда наметавонед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Дар корҳоятон имкони пешравӣ пайдо мешавад. Меҳнат карда, роҳат мебинед. Аз саргузаштҳои ошиқона ҳушёр шавед, вагарна аз оқибаташ сахт пушаймон мегардед. Бегоҳирўзӣ эҳтимоли ҷароҳат бардоштану хурўҷ намудани бемориҳоятон вуҷуд дорад.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Рўзи хубест барои меҳнат кардану пул ба даст овардан. Шиносоии нав ё хабаре мешунавед, ки ҳаёти шуморо куллан тағйир медиҳад. Сафару вохўриҳо ва корҳое, ки фаъолияти кории шуморо васеъ месозанд, натиҷаҳои хуб медиҳанд. Дар ин рўз ба касе ошиқ шуданро маслиҳат намедиҳем.
Далв (21 январ-20 феврал)
Дар ин рӯз орзуи наҷибтаринатон ҷомаи амал мепӯшад. Қобилиятҳои ташкилотчигии худро нишон дода, бурд мекунед. Ҳатто он ҳамкороне, ки ба шумо бовар надоштанд, аз навовариҳоятон каф мекӯбанд. Барои муҳаббату мулоқотҳои ошиқона рӯзи хуб нест, вале ин маънои онро надорад, ки дӯстдоштаи худро сарфи назар намоед.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Дар ин рўз вазъи саломатиятон хеле хуб мегардад. Аз ҳад зиёд нармгуфтору сустирода нашавед, вагарна обрўятон мерезад. Имкони беҳтар сохтани ҳаёти шахсиятон вуҷуд дорад. Қабл аз он ки бо нафаре шинос мешавед ё дил медиҳед, ақли солимро ба кор баред, хатари ба доми фиреб афтоданатон зиёд аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ