толеънома

Толеъномаи 1-уми апрели соли 2024

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

ҳамал

Муошират бо одамони калонсол ё онҳое, ки мақомашон баландтар аст, ба шумо мушкилӣ меорад. Бинобар ин аз ҳама гуна баҳс худдорӣ намоед. Фикри қарзи барнагардонида шуморо дилгир кардааст. Барои хариди таҷҳизот ва ё либоси нав вақти мувофиқ нест, зеро чизи харидорӣ намудаатон метавонад нуқс дошта бошад.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

савр

Эҳтимоли хурӯҷи бемориҳои роҳҳои нафас вуҷуд дорад. Зуком ва сигоркашӣ ба саломатиатон зиёни зиёд оварданашон мумкин. Хатари дар роҳ пешпо хӯрда афтодан  ва бардоштани захм ё шикастани даст ё бозу вуҷуд дорад. Муваффақият дар кор ва муносибатҳои маҳрамона аз ҳолати рӯҳиатон вобаста аст, то чӣ андоза табъатон болида бошад, ҳамон андоза корҳоятон ҳам бобарор мешаванд.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

ҷавзо

Диққати шумо пурра ба ҳал намудани масъалаҳои молӣ равона карда мешавад. Барои хариду фурӯш ҳафтаи мувофиқ аст. Вақтро аз даст надода, ба боварии шахсони даркорӣ сазовор шавед. Дар масъалаҳои тиҷоратӣ фиреб хӯрданатон имконпазир аст. Аз машварату маслиҳати шахси ботаҷриба истифода баред.

Саратон (22 июн- 22 июл)

саратон

Муваффақияту комёбӣ давоми рӯз ҳамроҳи шумоанд. Баъзеҳо аз нав ошиқ мешаванд ва шояд ин ошиқӣ бо тӯй анҷомад. Эҳтимол дар симои шахси комилан бегона дӯсти ҳамрози худро пайдо мекунед. Ба саломатии гурдаҳо диққат дода, аз нӯшидани нӯшокиҳои сард худдорӣ намоед.

Асад ( 23 июл – 23 август)

асад

Барои оғози кори нав ё амалӣ намудани нақшаҳоятон фурсати муносиб нест. Беҳтар аст ба кумаки ёру дўстон шитобед, зеро кӯшишҳоятон барои онҳо дучанд гашта, ба шумо бармегардад. Эҳтимоли хурӯҷи бемориҳои ирсӣ вуҷуд дорад. Асабҳоятон ба оромӣ ниёз дорад. Аз истеъмоли хӯрокҳои вазнин худдорӣ намоед то системаи ҳозимаатон ҳифз гардад.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

сумбула

Шиносоиҳои нав ва муфид шуморо интизор аст. Бо шахсе дар нақлиёт ё шабакаҳои иҷтимоӣ ошноӣ пайдо мекунед, ки дар зиндагии шахсиатон нақши муҳиме мегузорад. Нафарони оиладор ба зоҳири хеш зиёдтар аҳамият диҳед ва шод кардани хотири ҳамсаратонро бо туҳфа ва изҳори муҳаббат фаромӯш насозед.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

мизон

Даромади пулӣ асосан аз вазъи саломатиатон, қобилияти корӣ ва бодиққатиатон вобастагӣ дорад. Барои оғози нав фурсати хуб аст. Кори муҳиматонро ба хубӣ ба анҷом мерасонед. Баъзе аз намояндагони ин бурҷ ҷойи зисташонро иваз мекунанд. Вале пеш аз ба манзили нав гузаштан ҷиҳатҳои манфӣ ва мусбиашро ба хубӣ омӯзед.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

ақраб

Муомилаи хуш бо атрофиён ва дилёбиатон боиси барор гирифтани корҳоятон мегардад.  Вохӯрии хуш ва хотирмоне шуморо дар пеш аст. Ба ақидаи дигарон гӯш дода, барои худ чизҳои наверо дарёфт хоҳед кард. Кӯшиш кунед аз ҷанҷол ва нохушиҳо дур бошед, зеро системаи асаби шумо дар вазъи хароб қарор дорад.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

қавс

Ташвиши зиёд, мушкилоти молӣ, афсурдаҳолӣ, нофаҳмӣ- ҳамаи ин омилҳо ҳафтаро бароятон нохуб мекунанд. Беҳтар аст, ки аз муноқишаҳо дур бошед ва ба корҳои хона, аз қабили таъмир  ё ҷобаҷогузории ҷиҳози  рӯзгор машғул шавед. Охири рӯз хабари аҷиб мешунавед.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

ҷаддӣ

Кор хушӣ ва даромади зиёд меорад, ба шарте ки хоксориро канор гузоред ва ба гапи мардум нигоҳ нокарда, ба пеш ҳаракат кунед. Дар муомила бо дӯстдоштаатон сабрро пеша кунед ва ба зудӣ ҳама ғазаби вай ба муҳаббат мубаддал мегардад. Ба нафаре, ки шуморо меранҷонад, диққат надиҳед.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

далв

Дилатон маҳзун ва танҳоӣ мехоҳад. Аз ҷамъият дурӣ меҷӯед. Дар назди издиҳом баромад накунед, шуморо дуруст намефаҳманд. Аз вохӯриҳои ошиқона даст накашед, ҳарчанд маротибаи аввал ба вай муяссар намегардад то шуморо ошиқи хеш гардонад, аммо ба зудӣ шумо шефтаи ақлу заковаташ хоҳед гашт. Аз саломатиатон бохабар бошед, зеро агар бемор шавед, ба зудӣ шифо нахоҳед ёфт.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

ҳут

Нимаи аввали рӯз дар оила ва дар байни шумову наздикон каме нофаҳмӣ рух медиҳад. Нимаи дуюми рӯз ҳама нохушиҳо бартараф мешаванд. Дӯсти наздикатон дар ҳар маврид шуморо дастгирӣ мекунад. Навгониҳо дар муносибатҳои маҳрамона шумо ва ҳамсаратонро шод мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *