толеънома

Толеъномаи 1-уми декабри соли 2023

Ҳамал

ҳамал

Рӯзи бобарор аст, дастгириву кӯмаки ҳамкорон, дӯстону наздиконро эҳсос мекунед. Барои вохӯриҳои ошиқона ва машғул шудан бо табобати тибби халқӣ мусоид аст. Хобҳоятон амалӣ мешаванд. Дар хоб дидани гӯгирд ва оташ аз нохушӣ дарак медиҳад.

Савр

савр

Вазъи молиявиатон ба эътидол меояд. Даромади калони пулӣ ба даст намеоред, вале кӯшиши зиёд харҷ менамоед. Ба хонаатон омадани меҳмон имкон дорад. Ҳамсафари ҳаётӣ бо шумо ифтихор мекунад. Ба наздикони худ лаҳзаҳои гуворо тақдим карда метавонед.

Ҷавзо

ҷавзо

Дар давоми рӯз қобилияти пешгӯӣ кардани ҳодисаҳоро пайдо менамоед. Сафару шиносоиҳо, вохӯрӣ бо дӯстони дерин хуб аст. Ба хонаатон меҳмон меояд. Дар хоб дидани рақсу бозӣ аз шунидани пайғом дарак медиҳад.

Саратон

саратон

Агар шумо эҷодкор бошед, тамоми нақшаҳоятон амалӣ мешаванд. Ҳамсафари ҳаётиятон бо хабари хуш хурсанд мекунад. Аз имкон дур нест, ки бегоҳ ба хонаатон меҳмон меояд. Дар оила зодрӯзи яке аз наздиконатонро ҷашн гирифта, дилхушӣ мекунед.

Асад

асад

Рӯзи хубест барои шиносоиҳои нав ва бо табобат машғул шудан. Занҳои дар ин моҳ тавлидёфта пуштибону дӯстони нав пайдо мекунанду қобилиятҳои худро нишон дода метавонанд. Ба мардҳо тавсия дода мешавад, ки бо дидани бонувони зебо худро ба даст гиранд.

Сунбула

сумбула

Бо сабаби худро бад ҳис карданатон аз ҳад зиёд бо кор хаста нашавед. Ба ҳуҷҷатҳои муҳим имзо гузоштану мошинро бо суръати баланд ронданро тавсия намедиҳем. Дилатон аз шахси дӯстдоштаатон монда руҳафтода мегардед. Барои аз ҳолати яъсу ноумедӣ баромадан дастгирии наздиконро рад накунед.

Мизон

мизон

Бо вуҷуди баъзе нобарориҳо муносибатро бо шахси наздик мустаҳкам карда метавонед. Аз оқилагиву дастгирии шахси дӯстдоштаатон пешравии корҳои шумо вобастагӣ дорад. Воқеаҳои дар ин рӯз рухдода, хотиратонро хеле болида месозанд.

Ақраб

ақраб

Рӯзи ором аст, ягон ҳодисаи муҳим рух намедиҳад. Аз коллектив худро дур нагиред. Кӯшиши аз дигарон як сару гардан боло буданро накунед. Хатари хурӯҷ намудани бемориҳои куҳна вуҷуд дорад. Корҳои вазнини ҷисмонӣ тавсия дода намешавад.

Қавс

Сафару рухсатии меҳнатӣ табъатонро болида месозанд. Ақидаҳои наву ташаббусҳоятонро сардор хуб қабул мекунад. Нимаи дуюми ҳафта зимни робита бо ҳамкорон ба содагӣ роҳ надиҳед. Нисбати атрофиён зудбовар шуда меҳрубонӣ зоҳир карданатон оқибат пушаймонӣ меорад.

Ҷаддӣ

ҷаддӣ

Аз таҷрибаҳои пешин ибрат гирифта, барои оянда нақша кашида метавонед. Имрӯз кори наверо оғоз намудан тавсия дода намешавад, беҳтараш корҳои куҳнаро ба анҷом расонед. Аз кӯмаку дастгирии дӯстон рӯй нагардонед. Кинаву адоватро ба дил роҳ надиҳед.

Далв

далв

Рӯзи пур аз рӯйдод аст. Сафару шиносоиҳои нав ё вохӯрӣ бо дӯстон дар назар аст. Маблағи зиёдеро сарф карданатон лозим меояд. Аз ин лиҳоз, имкониятҳои худро пешакӣ дида бароед. Беҳтараш корҳои навро ба нақша гиред.

Ҳут

ҳут

Дар ин рӯз табъатон болида, хушчақчақ ва бо атрофиён ба зудӣ забон ёфта метавонед. Нуқтаи назари худро иброз карданро омӯзед. Бо ҳамсафари ҳаётӣ ё дӯстдоштаатон забон ёфтан душвор мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *