толеънома

Толеъномаи 1-уми ноябри соли 2022

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз нисбати атрофиён нармгуфтору ботамкин бошед. Вагарна аз муноқиша эмин намемонед, ҳатто бо нафароне муносибататон бад мегардад, ки қаблан дӯстони хуб будед. Вохӯриҳои ногаҳонӣ дар назаранд. Дар масъалаҳои молиявӣ мушкилӣ имкон дорад.

Савр (21 апрел-22 май)

Дар касбу коратон сар задани душворӣ эҳтимол дорад. Ба танқид намудани нафаре роҳ надиҳед. Дар касбу кор сабру таҳаммул намоед, ҳар як қадами худро санҷида гузоред. Аз хариди калон худдорӣ намоед, вагарна тамоми захираҳоятон сарф мешаванд. Нафароне, ки бо тиҷорат машғуланд, бурд мекунанд.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Дар ин рӯз чунон ҳамсуҳбати хуб мегардед, ки рақибону бадхоҳон низ бо шумо суҳбат кардан мехоҳанд. Муҳимаш дар ҳама ҳолат оромиро нигоҳ доред. Ғайбату овозаҳоро ба назар нагиред. Ғами саломатиро хӯред. Бегоҳирӯзӣ ба сафари таъҷилӣ баромаданатон лозим меояд.

Саратон (22 июн-22 июл)

Бо ҳар сабаби ночиз муноқиша наороед. Муносибати худро бо наздикон вайрон насозед, ба осонӣ оштӣ шаведу гузашт кунед. Аз вохӯрӣ бо дӯстон болидаруҳ мегардед, вале аз робита бо нафарони хира дурӣ ҷӯед. Рӯзи хубест барои истироҳат ва барқарор сохтани саломатӣ.

Асад (23 июл-23 август)

Дучори монеаҳо мегардед. Бо сабабҳои ночиз муноқиша имкон дорад. Аз дӯстону ҳамкорон кумак пурсида метавонед. Бо корҳое машғул шавед, ки аз шумо кӯшиши зиёдро талаб накунанд. Ботаҳаммул бошед. Бо масъалаҳои молиявӣ машғул шудану қарз гирифтанро тавсия намедиҳем.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Ба ҳар коре, ки даст мезанед, дастгириву ғамхории шахси дӯстдоштаро эҳсос мекунед. Рӯзи хубест барои шиносоиҳои нав ва вохӯрӣ бо дӯстони дерин. Аз доираи нафароне, ки боиси асабхаробиятон мегарданд, дурӣ ҷӯед. Вақти бештари худро ба машғулиятҳое равона созед, ки бароятон эҳсоси қаноатмандӣ меоранд.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Якравию камгапии аз ҳад зиёдатон боиси хафагиву ранҷиши атрофиён мегардад. То даме, ки вазъиятро хуб ҳаллу фасл насозед, ба касе кумаки худро ваъда надиҳед. Вақти бештари худро ба шахсе равона созед, ки дӯсташ медоред, вагарна дучори хафагиву муноқиша мегардед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Барои ояндаи худ нақша кашиданатон лозим аст. Бо касе баҳсу мунозира накунед, вагарна мағлуб мегардед. Робита бо наздикон ба шумо нерӯ мебахшад. Ба маслиҳатҳои эшон гӯш андозед. Барои нафароне, ки касби навро аз худ кардан мехоҳанд, рӯзи мусоид аст.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Корҳои навро беҳтараш оғоз накунед. Бештар истироҳат намуда, мушкили зиёдро ба дӯш нагиред. Маслиҳатҳои шумо барои нафароне, ки бо умеди кумак ба шумо муроҷиат менамоянд, айни муддао мегардад. Вақти бештари худро ба корҳои оилавӣ равона созед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Аз субҳи саҳар бо корҳои майда-чӯйдаи рӯзгор машғул шаведу баъдан бо кори калон. Вазъи молиявӣ табъатонро хира мегардонад, зеро маблағи мехостаатонро ба даст оварда наметавонед. Вақти бештари худро дар суҳбати нафароне гузаронед, ки дӯсташон медоред.

Далв (21 январ-20 феврал)

Мушкилиҳои садди роҳатон гардидаро бо осонӣ рафъ месозед, аз ин рӯ, табъатон болидаву хотиратон шод мегардад. Ҳатто муҳаббати нафареро ба даст меоред, ки чанд муддат дар оташи ишқаш месӯхтед. Эҳтимол нафаре ба кумаки шумо ниёз пайдо мекунад. Агар имконият дошта бошед, касеро ноумед насозед. Вале аз доираи шиносони тасодуфӣ дурӣ ҷӯед.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Хабари наву пурқимматеро мефаҳмед, ки дар коратон лозим меояд. Бе ягон сабаб хавотир нашавед. Баъди нисфирӯзӣ аз шахси дӯстдоштаатон хабаре мешунавед, ки саратонро ба осмон мерасонад. Баъди нисфирӯзӣ ба хонаатон меҳмон меояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *