Толеъномаи 1-уми ноябри соли 2023
Ҳамал
Дар ин рӯз нисбати атрофиён нармгуфтору ботамкин бошед. Вагарна аз муноқиша эмин намемонед, ҳатто бо нафароне муносибататон бад мегардад, ки қаблан дӯстони хуб будед. Вохӯриҳои ногаҳонӣ ва тасодуфӣ дар назаранд. Дар масъалаҳои мулоиявӣ мушкилӣ имкон дорад.
Савр
Дар касбу коратон сар задани душворӣ эҳтимол дорад. Ба танқид намудани нафаре роҳ надиҳед. Дар касбу кор сабру таҳаммул намоед, ҳар як қадами худро санҷида гузоред. Аз хариди калон худдорӣ намоед, вагарна тамоми захираҳоятон сарф мешаванд. Нафароне ки бо тиҷорат машғуланд, бурд мекунанд.
Ҷавзо
Дар ин рӯз чунон ҳамсуҳбати хуб мегардед, ки рақибону бадхоҳон низ бо шумо суҳбат кардан мехоҳанд. Муҳимаш дар ҳама ҳолат оромиро нигоҳ доред. Ғайбату овозаҳоро ба назар нагиред. Ғами саломатиро хӯред. Бегоҳирӯзӣ ба сафари таъҷилӣ баромаданатон лозим меояд.
Саратон
Бо ҳар сабаби ночиз муноқиша наороед. Муносибати худро бо наздикон вайрон насозед, ба осонӣ оштӣ шаведу дар ҳама кор гузашт кунед. Аз вохӯрӣ бо дӯстон болидаруҳ мегардед, вале аз робита бо нафарони хира дурӣ ҷӯед. Рӯзи хубест барои истироҳат ва барқарор сохтани саломатӣ.
Асад
Дучори монеаҳо мегардед. Бо сабабҳои ночиз муноқиша имкон дорад. Аз дӯстону ҳамкорон кӯмак пурсида метавонед. Бо корҳое машғул шавед, ки аз шумо кӯшиши зиёдро талаб накунанд. Ботаҳаммул бошед. Бо масъалаҳои молиявӣ машғул шудану қарз гирифтанро тавсия намедиҳем.
Сунбула
Ба ҳар коре, ки даст мезанед, дастгириву ғамхории шахси дӯстдоштаро эҳсос мекунед. Рӯзи хубест барои шиносоиҳои нав ва вохӯрӣ бо дӯстони дерин. Аз доираи нафароне, ки боиси асабхаробиятон мегарданд, дурӣ ҷӯед. Вақти бештари худро ба машғулиятҳое равона созед, ки бароятон эҳсоси қаноатмандӣ меоранд.
Мизон
Якравию камгапии аз ҳад зиёдатон боиси хафагиву ранҷиши атрофиён мегардад. То даме ки вазъиятро хуб ҳаллу фасл насозед, ба касе кӯмаки худро ваъда надиҳед. Вақти бештари худро ба шахсе равона созед, ки дӯсташ медоред, вагарна дучори хафагиву муноқиша мегардед.
Ақраб
Барои ояндаи худ нақша кашиданатон лозим аст. Бо касе баҳсу мунозира накунед, вагарна мағлуб мегардед. Робита бо наздикон ба шумо нерӯ мебахшад. Ба маслиҳатҳои эшон гӯш андозед. Барои нафароне, ки касби навро аз худ кардан мехоҳанд, рӯзи мусоид аст.
Қавс
Корҳои навро беҳтараш оғоз накунед. Бештар истироҳат намуда, мушкили зиёдро ба душ нагиред. Маслиҳатҳои шумо барои нафароне, ки бо умеди кӯмак ба шумо муроҷиат менамоянд, айни муддао мегардад. Вақти бештари худро ба корҳои оилавӣ равона созед.
Ҷаддӣ
Аз субҳи саҳар бо корҳои майда-чӯйдаи рӯзгор машғул шаведу баъдан бо кори калон. Вазъи молиявӣ табъатонро хира мегардонад, зеро маблағи мехостаатонро ба даст оварда наметавонед. Вақти бештари худро дар суҳбати нафароне гузаронед, ки дӯсташон медоред.
Далв
Мушкилиҳои сади роҳатон омадаро бо осонӣ рафъ месозед, аз ин рӯ табъатон болидаву хотиратон шод мегардад. Ҳатто муҳаббати нафареро ба даст меоред, ки чанд муддат дар оташи ишқаш месӯхтед. Эҳтимол нафаре ба кӯмаки шумо ниёз пайдо мекунад. Агар имконият дошта бошед, касеро ноумед насозед. Вале аз доираи шиносони тасодуфӣ дурӣ ҷуед.
Ҳут
Хабари наву пурқиматеро мефаҳмед, ки дар коратон лозим меояд. Бе ягон сабаб хавотир нашавед. Баъди нисфирӯзӣ аз шахси дӯстдоштаатон хабаре мешунавед, ки саратонро ба осмон мерасонад. Баъди нисфирӯзӣ ба хонаатон меҳмон меояд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ