Ҳамал ( 21 март-20 апрел)
Саратон (22 июн- 22 июл)
Нохушиҳои андаки ба саратон омада, чунон табъатонро хира месозанд, ки якбора ба чоҳи яъсу ноумедӣ фурӯ меравед. Бо руҳафтода шудану ғам хӯрдан шумо вазъиятро чигилтар мегардонед. Ҳарчанд душвор бошад ҳам, тамоми қувваву матонати хешро ҷамъ карда корҳоятонро ба тартиб дароред. Нимаи аввали рӯз хеле серкору хаста мешавед, вале зиндагиятон рӯ ба беҳбудӣ меораду мушкилиҳо рафъ мегарданд.
Дар ин рӯз табъатон нозуку дилатон ранҷур мегардад, аз ҳар кори атрофиён озурда мегардед. Атрофиён ин ҳолати шуморо дуруст фаҳмида натавониста ба ҳайрат меоянд. Асадҳое, ки дар муҳоҷират қарор доранд, аз ҳоли наздиконатон бохабар шавед. Дар масъалаҳои пулӣ ба касе бовар накунед, ба нафарони шубҳанок қарз надиҳед. Охири рӯз хеле фаъол мегардеду бо қувваи дучанд ба кор мечаспед.
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Дар ин рӯз бо наздикон ҷамъ шуданатон хуб аст, ҳатто агар барои ба ҳам омадани шумо сабабе ҳам набошад. Дар ҷойи кор аз пештара зиёдтар кор карданатон лозим меояд. Вазъият тавре сурат мегирад, ки барои мустаҳкам нигоҳ доштани мавқеи худ супоришҳои зиёдеро ба уҳда мегиред. Миёнаи рӯз дар дуроҳаи қисмат ҳайрон мемонед, бояд тавре рафтор намоед, ки на сих сӯзаду на кабоб.
Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Нимаи аввали рӯз бароятон номусоид меояд. Ба ягон амали ҷиддӣ даст назанед, кори муҳимеро оғоз накунед. Вазъият ногувор гашта, ҳодисаҳои рухдода табъатонро сахт хиҷил месозанд, дар ин муддат бояд сари ягон қарор наоед, вагарна вазъиятро чигилтар мегардонед. Охири рӯз ҷангу муноқишаҳо рафъ мегардаду димоғатон чоқ мегардад.
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Аввали рӯз аз қуввату матонати худ чунон дилпур мегардед, ки ин ҳолататон аз атрофиён пӯшида намемонад. Азбаски дар хунатон нерӯи сарварӣ карданро доред, вазъиятро ба хости худ тағйир дода метавонед. Агар дар ҳамин рӯз каме ҷаҳд намоед, комёбиҳои зиёдеро ба даст меоред. Дар муносибат бо шахси дӯстдошта ё ҳамсафари ҳаётиатон боэҳтиёт бошед, зеро вазъият номусоид аст.
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Аввали рӯз чунон асабиву моҷароҷӯ мешавед, ки бе сабаб ба атрофиён ҳуҷум мекунед. Хушбахтона ин ҳолати шумо муваққатӣ буда, то дами ба худ омадан бо нафаре сахт ҷанҷол намекунед. Миёнаи рӯз хоҳиши ишқбозиятон пайдо шуда, муносибатҳои нави ошиқона месозед. Барои он ки аз бемории баногаҳ пайдошуда раҳоӣ ёбед, аз хӯрдани хӯрокҳои сахту равғанин худдорӣ намоед. Ҳангоми рондани мошин ҳушёриро пеша намоеду дар ҳолати ширакайф буданатон сари чанбарак нашинед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ