Толеъномаи 10 март 2018
Ҳамал ( 21 март-20 апрел)
Рӯзи хубест, дар касбу кор ба натиҷаҳои назаррас ноил мегардед. Муҳимаш ба танбалӣ роҳ надода, ба маслиҳати атрофиён гӯш надиҳед ва дар корҳои майда-чӯйда бодиққат бошед. Дағалӣ нисбати шахси дӯстдошта ё ҳамсафари ҳаётӣ боиси моҷаро мегардад, асабонияту нобоварӣ бошад, вазъиятро душвортар месозад. Аз муноқиша худдорӣ намуда, роҳҳои оштишавиро ҷӯед. Хобатон баъди як ҳафта амалӣ мегардад.
Савр ( 21 апрел – 22 май)
Ба ҳаёти худ навгонӣ ворид намуда, шиносҳои нав пайдо карда ба сафар бароед. Имрӯз шумо дар хона нишаста ё бо кор машғул шудан намехоҳед. Тақдир шуморо бо нафаре рӯ ба рӯ месозаду дӯсти вафодор пайдо месозед. Мушкилиҳои молиявиатон ба зудӣ рафъ намегарданд. Аз бадхоҳии душманон эҳтиёт шавед.
Ҷавзо ( 23 май-21 июн)
Ба ҳаёти худ макру фиребро ворид насозед, вагарна он доғи сиёҳе, ки дар шаъну шарафатон пайдо мешавад, ба зудӣ шуста намешавад. Маблағи худро баҳудаву беҳуда сарф накунед, хусусан агар вазъи молиятон душвор бошад. Ҷавзоҳои оиладоре, ки ба муносибатҳои ошиқона роҳ медиҳанд, сирашон фош мегардад.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Дар мадди аввал бояд ғами саломатии худро хурда баъдан аз пайи кор шавед. Агар витамин истеъмол карда, аз гармохунукшавӣ эҳтиёт шавед, бемориҳоро пешгирӣ мекунед. Дар роҳ эҳтиёт шавед ва аз ҷонварони кӯчагӣ худро дур гиред. Ҷароҳат бардоштанатон имкон дорад.
Асад ( 23 июл – 23 август)
Имрӯз аз рӯи сенарияи пешакӣ тарҳрезишуда зистанатон лозим меояд. Эҳтимоли гум кардани пулҳоятон вуҷуд дорад, аз ин рӯ ҳушёриро пеша намоед. Сабукандешӣ ва сабукрафторӣ ба ҳаёти шахсиятон таъсири манфӣ мерасонад. Ба эҳсосот дода нашавед.
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Аз пешниҳодҳои шубҳанок худдорӣ намоед, хусусан дар масъалаҳои молиявӣ. Дар ҷодаи муҳаббат ба роҳи макру фиреб наравед ва заифӣ накунед. Муносибатҳои худро бо дӯстони ранҷидаатон барқарор месозед. Ба муноқишаву низоъ роҳ надиҳеду гузашт кунед ва нофаҳмиҳо рафъ мегарданд.
Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Рӯзи душвор аст, бояд аз пештара бештар уҳдабаро бошед. Агар имкон дошта бошед, диққати худро ба тиҷорати шахсӣ равона созед. Ба сафарҳои роҳи дур бо мошини худ набароед, хатари ҷароҳат бардоштанатон имконпазир аст. Дар бораи нақшаву ниятҳои худ ба ҳар нафар қисса накунед.
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Рӯзи фиреб аст. Мушкилот дар касбу кор ва рафтори наздикон муносибатњоятонро таѓйир медињанд. Гуноњу хиёнатро бо душворї тањаммул мекунед. Ќањру ѓазаби худро ба нафарони бегуноњ нарасонед, вагарна обрўву нуфузатон рехта вазъиятро душвортар месозад. Хариди калонро ба таъхир гузоред.
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Бо наздикони худ муноқишаи калон мекунед. Агар аз онҳо кўмаки молиявӣ мехоста бошед, айни замон ба саховатмандияшон умед баста метавонед. Вазъияти душвореро, ки дар ҳаёти шахсиятон сар мезанад, бо кўмаки дўсти наздик рафъ месозед. Хабари нохуш боиси вайрон гаштани муносибат бо њамсафари ҳаётӣ ё шахси дўстдошта мегардад.
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Дар ин рўз муносибатҳои худро бо дўстон хуб нигоҳ дошта, ба баҳсу мунозира роҳ надиҳед. Аз ҷониби нафаре, ки интизор набудед, кўмак мебинед. Дарҷодаи муҳаббат макру фиреб ва хиёнат эҳтимол дорад, аз ин рў сабур бошед. Барои расидан ба курсии мансаб дўстатон мадад мерасонад. Хариди ногаҳонӣ ё сарфи пул имкон дорад.
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Дар ин рўз аз ҷойҳои серодам дурӣ ҷуста беҳтараш дар танҳоӣ сайругашт кунед. Аз ғайбату бадгӯӣ эҳтиёт шавед. Нафаре боз дар фикри бадии шумо аст. Ҳангоми чизеро ваъда додан бодиққат бошед. Мардҳо пешниҳоди нави корӣ мегиранд, барои розигии худро додан нағзакак андешиданашон лозим меояд.
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Дар ин рўз ба пул сахт дил набандед. Агар нисбати шахси наздикатон дағалӣ зоҳир намоед, дар ҷавоб дучори қаҳру ғазаб мегардед. Дўстдоштаи худро бо тамоми камбудиҳояш қабул намуда, аз ў олиҳа наҷӯед. Ҳутҳое, ки гирифтори хиёнат мегарданд, дучори асабхаробӣ ва руҳафтодагӣ мегарданд. Ба одамон кӯр-кӯрона бовар накунед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ