Толеъномаи 10 май 2018
Ҳамал ( 21 март-20 апрел)
Барои намояндагони ин бурҷ рӯз бисёр серташвиш хоҳад гашт. Кӯшиш намоед, ки роҳи ҳалли мушкилоти пешомадаро сари вақт ёбед, вагарна ҳолатон бад мешавад. Дар ҷодаи кор ҳамалҳо бояд сабуриро пеша намуда, рафти тамоми корҳоро зери назорат бигиранд, дар акси ҳол душманон дар пеши роҳатон чоҳ канда, шуморо аз курсиатон бенасиб мегардонанд. Аз сабаби серкорӣ сахт асабӣ мешавед. Душвор бошад ҳам, худро ба даст гиред, чунки аз як гапи майда ҷанҷоли калон сар зада метавонад.
Савр ( 21 апрел – 22 май)
Саврҳо зотан одамони сулҳҷӯянд, баҳсу муноқишаро хуш надоранд, вале имрӯз бояд каме устуворӣ пеша намоянд. Кӯшиш намоед, ки корҳои нотамоматонро ба итмом расонед. Нимаи дуюми рӯз барои бастани шартномаҳо айёми беҳтарин аст. Даромади калони пулӣ ба даст меоред, агар сидқан меҳнат карда, ҳушёрию зиракиро аз даст надиҳед. Барои бо шахси дӯстдошта ба сайҳат баромадан вақти беҳтарин буда, ин вохӯрӣ шуълаи ишқу муҳаббатро дар дили шумо боз ҳам дурахшонтар хоҳад кард.
Ҷавзо ( 23 май-21 июн)
Ҷавзоҳо, имрӯз ягон корро аз пеши худ анҷом надиҳед. Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад гуфтаанд, ба ҳар кори наве, ки даст задан мехоҳед, аввал бо одамони таҷрибадор маслиҳат кунед ё назари дӯстонатонро пурсон шавед, то пул дода барои худ дарди сар нахаред. Дар ҷодаи ҳаёти шахсӣ навигариҳои хуш шуморо интизоранд. Шиносоии тасодуфие, ки нимаи дуюми рӯз ба вуқуъ меояд, метавонад дари бахту саодатро ба рӯятон боз намояд. Даромади пулӣ дар назар нест.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Саратонҳобояд танбалиро як сӯ гузошта, каме пешсаф гарданд, вагарна аз нони даҳонашон мемонанд. Ситораҳо шуморо мададгор мешаванд, агар сидқан барои беҳбудии зиндагиатон талош намоед. Саратонҳои бекор ҷойи кор меёбанд. Шиносоии тасодуфӣ саратонҳои зебопарастро беқарор хоҳад кард. Беҳуда умед набандед, ин вохӯрӣ ба шумо бахту саодат бахшида наметавонад. Беҳтараш худро бо хаёлҳои ширини ошиқона гаранг накарда, аз паси зиндагиатон шавед.
Асад ( 23 июл – 23 август)
Асадҳо чунон серкор мешаванд, ки вақти сархорӣ намеёбанд. Меҳнати шумо самари хуб дода, кордатон болои равған мешавад. Ситораҳо шуморо дар тамоми ҷодаҳо мададгоранд, ба ҳар коре, ки даст назанед, бобарор анҷом меёбад, бинобар ин, бо тамоми қуввататон кӯшишу ғайрат намоед, то фурсатро аз даст надиҳед.
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Душманонатон мехоҳанд шуморо шармандаву рӯсиёҳ гардонанд, вале зиракию заковати зотиатонро ба кор бурда, шумо метавонед аз чоҳи кандаи онҳо бе ягон хатар бигзаред. Муҳимаш асабӣ нашавед. Сумбулаҳои оиладор бояд нисбати саломатии ҳамсару фарзан донашон бепарво набошанд. Дилдодаатонро ранҷонда бошед, барои оштӣ шудан айёми беҳтарин аст. Як сухани хуб ва туҳфаи хурдакак метавонад дили ёратонро дубора ба шумо гарм созад.
Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Мизонҳо бояд ин ҳафта болидаруҳ бошанд ва тамоми мушкилию ноҷуриҳоро сабурона паси сар намоянд. Ба муноқишаю ҷанҷолҳои дигарон қӯш нашавед, то барои худатон дарди сари зиёдатӣ нахаред.Мизонҳое, ки фикри хона ё мошин хариданро доранд, имрӯз метавонанд орзуяшонро амалӣ созанд.
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Имрӯз шумо метавонед бо корҳои мушкилтарин машғул шавед. Бо қувваи азими ботиние, ки доред, шумо метавонед куҳи мушкилотро дар як дам зада талқон намоед. Ҳангоми мошин рондан эҳтиёт шавед, чунки хатари ба садама гирифтор шуданатон вуҷуд дорад. Ситораҳо тавсия медиҳанд, ки нимаи дуюми рӯз аз суҳбати ошкоро бо одамони ношинос худдорӣ намоед, вагарна ба доми фиреби дузд ё қаллобе афтида метавонед.
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Қавсҳо бояд ба намуди зоҳирии худ аҳамияти бештар диҳанд, чунки зодагони ин бурҷро вохӯриҳои аҷибу тақдирсоз интизоранд. Аз хурсандӣ худро гум карда, аввалин пешниҳоди ба назаратон ҷолиб намударо қабул накунед. Дар интихоб саросема шудан ба манфиати шумо нест, агар ақлатонро кор фармоед, дари бахту саодат ба рӯятон чунон калон кушода мешавад, ки як умр шоҳона зиндагӣ мекунед.
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Ҷаддиҳо- ин ҳафта шумо чунон қувваи бисёре доред, ки на танҳо ҳаёти худро идора карда метавонед, балки ҳолатҳои вазнин ва дигар одамонро низ. Тасаввур кунед, ки ситораҳо шуморо чанд муддат муъҷизакор кардааст. Аз ин рӯ дар гузоштани мақсад пеши худ натарсед. Дар ҷодаи меҳру муҳаббат шуморо навгониҳои куллӣ дар ҳаёти шахсӣ дар назар аст. Бо пайдо намудани нимаи дуюми худ зиндагӣ дар назаратон ранги дигар мегирад, аммо зуд унс гирифтанро тавсия намедиҳем.
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Далвҳо, имрӯз бароятон душвор аст, шумо бояд ҳушёрию зиракиро аз даст надиҳед. Холабеғамӣ карда корҳоятонро чала чапа иҷро накунед, камтарин хатогӣ метавонад боиси сар задани моҷарои калон гардад. Рӯз серташвиш бошад ҳам, аз нигоҳи молиявӣ бисёр бобарор аст. Пули калон кор карда метавонед, агар аз сидқи дил меҳнат намоед. Хиёнат ба ҳамсар ва роҳати яклаҳзаина метавонад боиси шикастани киштии бахти шумо гардад, бинобар ин, худро аз моҷароҳои ошиқона бар канор бигиред.
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Шумо бояд танҳо ба садои дилатон гӯш диҳед. Ба коре, ки дилатон намекашад, даст назанед, дар акси ҳол бо мушкилиҳо рӯ ба рӯ гаштанатон имкон дорад. Аз нӯшидани нӯшокиҳои спиртӣ худдорӣ намоед, чунки хавфи зардолуд шудан ё хурӯҷи бемориҳои ҷигар зодагони бурҷи ҳутро таҳдид менамояд. Саломатиатонро эҳтиёт намоед, тани сиҳат ганҷи бебаҳост. Нимаи дуюми рӯз риштаи кандашудаи дӯстӣ бо яке аз рафиқонатон дубора барқарор мегардад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ