Толеъномаи 10-уми феврали соли 2022

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Аз эҳтимол дур нест, ки зодагони мучали ҳамал дар ин рӯз танбалу руҳафтода мешаванду ба ҳодисаҳое, ки дар атрофашон рух медиҳад, комилан таваҷҷуҳ зоҳир намекунанд. Имрӯз барои ба идораҳои болоӣ рафтанатон чандон бобарор нест. Ба саломатии гурдаҳо диққати хоса зоҳир намоед.

Савр (21 апрел-22 май)

Давраи аҷибу дарозмуддате фаро мерасад, ки дар баробари кору меҳнат боз сафару саргузаштҳои ошиқонаро аз сар мегузаронед. Азбаски хеле инсони поквиҷдон ҳастеду назди худ масъалаҳои муҳимро мавриди ҳаллу фасл қарор медиҳед, дар ин рӯз хаставу асабӣ шуданатон имконпазир аст. Ба шумо истироҳати бештар кардан лозим аст.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Атрофиён ба ҳаёти шахсиятон мароқ зоҳир мекунанд, эҳтимоли зиёд шудани ҳаҷми маошатон зиёд аст. Аксарият маҳбубияти атрофиёнро эҳсос мекунанд, даромади ногаҳонӣ табъатонро болида месозад. Нисбати саломативу аҳволи наздикон, хусусан волидони пир диққати бештар зоҳир намоед.

Саратон Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз ошиқ шуданатон имконпазир аст, қалбатон лабрези фараҳу шодӣ мегардад. Ба хотири ба даст овардани қалбу дили шахси дӯстдоштаатон шумо ба ҳам кор даст задан мехоҳед. Аз чаҳорчӯбаи одоб берун нашавед, вагарна обрӯи худро, ки бо душворӣ ба даст овардаед, дар як лаҳза барбод медиҳед.

Асад (23 июл-23 август)

Дар ин рӯз баъзеҳо издивоҷ мекунанд, нафаре дар зинаҳои мансаб боло меравад. Ҳар кас дар зиндагӣ роҳи худро дорад, вале хушбахтӣ насиби ҳар кас намешавад. Дар ин рӯз ба касе пул қарз надиҳед, ҳатто ба нафарони дилпур низ. Барои беҳтар шудани вазъи саломатӣ табъи худро шод гардонед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз хариди калон карданатон лозим меояд. Ҳодисаҳои рӯз табъи дилатон ҷараён намегиранд. Нафароне, ки мошин меронанд, ба сафари роҳи дур баромаданро ба нақша нагиред, эҳтимоли ҷароҳат бардоштанатон зиёд аст. Саломатии худро ба табибони бетаҷриба бовар накунед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Рӯзи каме бо моҷаро аст, аз ҷангу муноқишаҳои сарзада бо шарофати табъи хуш ва самимият баромада метавонед. Аксарияти зодагони мучали мизонро лозим аст, ки аз гап ба амал гузаранд. Бегоҳирӯзиро дар хона нагузаронед, беҳтараш ба меҳмонӣ равед. Муҳити хушу гуворо ба саломатиятон низ бетаъсир намемонад.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Аз робита бо нафароне, ки табъатонро хира месозанд, дурӣ ҷӯед. Дар акси ҳол дасту дилатон ба коре пеш намеравад. Нафарони муҷаррад муҳаббати навро пайдо месозанд. Нафарон оиладорро ҳамсафари ҳаётӣ ба ваҷд меорад. Ба ҳар гапе, ки дар бораи ҳамсафари ҳаётӣ мешунавед, бовар накунед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Нимаи аввали рӯз шиносоиҳои нав, ишқбозиву мулоқоти ошиқона имконпазир аст. Дар ҷои кор уҳдадориҳоятонро хеле хуб иҷро мекунед. Қобилиятҳои хуби ташкилотчигиятон нафарони боэътимодро ҷалб месозад. Дар ин рӯз бо корҳои якрангу бемаънӣ машғул нашавед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Вазъи молиявиатон дар ин рӯз муътадил ҷорӣ мегардад, аксарият пули бе дарди миён ба даст меоранд. Ба роҳи фиребу найранг наравед, вагарна ба зудӣ ба даст меафтед. Нимаи дуюми рӯзро бо дӯстон сипарӣ намоед. Ҳангоми харидкунӣ боэҳтиёт бошед, хатари фиреб хӯрданатон дар назар аст.

Далв (21 январ-20 феврал)

Рӯзи душвор мешавад, вале қариби нисифрӯзӣ ба зудӣ корҳоятонро ба анҷом мерасонед. Дар сурати хира гаштани табъатон на танҳо руҳафтода мегардед, балки атрофиёнро низ ба он мубтало месозед. Барои он ки касеро наранҷонед, дорувориҳои таскинбахш истеъмол намоед.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Имкони хуби ба зинаҳои мансаб расиданатон вуҷуд дорад. Барои аз нохушиҳо эмин мондан тамоми корҳои нотамоми худро ҷамъбаст намоед. Бо наздикон муноқиша карданатон имкон дорад, ҳамзамон дар зиндагиятон тағйиротҳоро интизор бошед. Бо сабаби аз ҳад зиёд хаставу асабӣ шудан эҳтимоли бемор шуданатон вуҷуд дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *