Толеъномаи 11 апрел 2018

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Барои пешгирии ҳодисаҳои ногувор, бояд им рӯз бисёр эҳтиёткор бошед. Дар ҷойи кор бомасъулият бошед, ягон ҳуҷҷатро нахонда имзо накунед. Хатари сар задани моҷароҳои калони оилавӣ вуҷуд дорад. Шанси бурд кардан дар лоторея низ вуҷуд дорад.

                                     Савр ( 21 апрел – 22 май)

Агар корҳои ба сомон расонидаатонро дар назди роҳбаратон таблиғ карда тавонед, соҳиби мукофот мешавед ё дар вазифа чанд зина боло меравед. Дӯстони нав ёфта, кореро, ки кайҳо кардан мехостед, оғоз менамоед. Охири рӯз худро эҳтиёт намоед.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Рози дилатонро ба касе нагӯед, вагарна овозаю дарвоза карда, шуморо дар назди дӯсту душман шарманда месозанд. Рӯз барои ҷавзоҳое, ки бо эҷод сару кор доранд, бисёр бобарор аст. Шоирон, нависандагон, журналистон ва ҳунармандоне, ки зери ин бурҷ ба дунё омадаанд, ин рӯз ба муваффақият ноил мешаванд.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Аз ҷойҳои серодам дур гардед ва ба ҷангу ҷанҷоли дигарон ҳамроҳ нашавед. Беҳуда бо ҳамкоронатон баҳсу мунозира накунед, то обрӯи хешро нарезед.  Хабари хуш мешунавед, дар лоторея бурд мекунед ё чизеро мерос мегиред.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Коратон чунон зиёд мешавад, ки вақти сархорӣ намеёбед. Рӯз барои бастани шартномаҳои нав ва оғози тиҷорат бисёр бобарор аст. Дар ин айём ба чӣ коре, ки даст назанед, даромади хуб меорад. Қарз додану қарз гирифтанро ба шумо маслиҳат намедиҳем.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Тамоми қуввату маҳорати худро ба тиҷорат бахшида, шумо метавонед даромади бисёр калон ба даст биёред. Рӯз ба сунбулаҳое, ки бо санъат сару кор доранд, ҳамчунин ба варзишгарон муваффақият меорад. Барои пешгирӣ аз бад шудани саломатӣ ба он чизе, ки истеъмол мекунед бештар аҳамият диҳед.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Бо касе баҳсу мунозира накунеду бо одамони ношинос дар тамос нашавед. Дар хонаву ҷойи кор бо мушкилоти ҳаррӯза машғул шуда, кори имрӯзаро ба фардо нагузоред.  Саломатиатонро эҳтиёт намоед. Корҳоятон бо сабаби парешонхотирӣ нобасомон мемонад.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Аз сафари роҳи дур худдорӣ намоед.  Агар нахоҳед, ки шуморо ҳамчун шоҳид дар ба дари суду милиса кашола кунанд, пас кунҷковоиатонро канор гузоред ва ба ҳар ҷойи нодаркор биниатонро нахалонед. Шом дӯстдоштаатонро ба саёҳати шаҳр даъват кунед.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Ҳангоми гузаштан аз роҳ ва кор бо асбобҳои барқӣ эҳтиёт бошед. Шуморо дар дигар самтҳо ягон хатар таҳдид намекунад. Дар коргоҳ коратон барор мегирад. Нимаи дувуми рӯз аз ҷангу ҷанҷол дурӣ ҷӯед.  Муносибати шумо бо наздикон сард гаштааст, вақти хуб кардани он расидааст.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Ҳангоми гузаштан аз роҳ ва кор бо асбобҳои барқӣ эҳтиёт бошед. Шуморо дар дигар самтҳо ягон хатар таҳдид намекунад. Дар коргоҳ коратон барор мегирад. Нимаи дувуми рӯз аз ҷангу ҷанҷол дурӣ ҷӯед.  Муносибати шумо бо наздикон сард гаштааст, вақти хуб кардани он расидааст.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Фикри ҳамкоронатонро ба назар бигиреду хатоҳои худро ислоҳ намоед, коратон бобарору даромаднок мешавад. Пули калон ба даст меореду табъатон болида мегардад. Рўзро беҳуда нагузаронда ба таъмири хонаатон машғул шавед. Далвҳое, ки аз танҳоӣ азоб мекашанд, охири рӯз  шояд ишқи зиндагиашонро вохӯранд.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Рӯз барои оғоз намудани тиҷорат  мувоффиқ аст. Ҳутҳои корчаллон агар ин фурсатро ба манфиати худ истифода бурда тавонанд, соҳиби даромади калон мешаванд. Барои беҳбудии муносибатҳо ба  дўстдоштаатон ягон сюрприз кунед. Ин метавонад  туҳфаи хурдакак ё шоми романтикӣ  бошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *