Ҳамал ( 21 март-20 апрел)
Саратон (22 июн- 22 июл)
Рӯз барои беҳтар сохтани вазъи молиявӣ мусоид меояд. Дар ҳама кор хеле боэҳтиёту ҳушёр бошед. Бо вуҷуди бобарор омадани рӯз бо сабаби гуногунфикрӣ имкони бо баъзеҳо муноқиша карданатон вуҷуд дорад. Вазъият охири рӯз рӯ ба беҳбудӣ меорад, баъдан хабарҳои хушро интизор бошед. Паёмҳои хуш аз ҷое меоянд, ки тамоман интизор набудед. Аз ҳолатҳое, ки боиси фишору руҳӣ ва хавотирии шумо гашта метавонанд, худро канор бигиред.
Дар ин рӯз дар муносибат бо шахси бароятон бениҳоят азиз мушкилиҳо пеш меоянд, бо ҳар сабаби ночиз муноқиша мекунед. Кӯшиш намоед, кор бо ҷангу ҷанҷол анҷом наёбад. Нимаи дувуми рӯз туҳфаи хурд, вале дилписанд мегиред. Имкони пулкоркунӣ пайдо мешаваду барои хона хариди калон мекунед. Асадҳои ошиқ бо сабаби серкориву дурӣ аз ёрашон худро танҳо эҳсос мекунанд.
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Аввали рӯз сарчашмаҳои нави даромадро пайдо мекунед. Муҳимаш чунин имкониятро аз даст надиҳед. Фарзандон аз пештара бештар аз шумо нигоҳубину ғамхорӣ талаб мекунанд. Шуморо лозим меояд, дар ҳалли мушкилиҳояшон ба онҳо кӯмак расонед. Ба саломатии худ бодиққат бошед, имкони хурӯҷ кардани бемориҳои куҳна вуҷуд дорад. Хатари гум кардани як чизи зебову даркорӣ, вале начандон қиматбаҳоятон имкон дорад. Шумо онро дар ҷое монда, фаромӯш мекунед.
Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Рӯз барои намояндагони бурҷи мизон чандон бобарор нест, корҳоятон дӯлобу муносибат бо ҳамкоронатон вайрон мегардад. Асабонияти шумо ба вазъи оилавиятон низ таъсир расонида, атрофиён аз шумо мегурехтагӣ мешаванд. Дар ҳаёти мизонҳои ошиқ тағйиротҳои хотирмон рух медиҳанд. Нафареро, ки бо умед дасти мадад дароз мекунад, ноумед насозед. Некиҳои кардаатон дучанд шуда ба шумо бармегарданд.
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Агар ба таваккал кардан омода бошед, дар корҳои пулӣ муваффақ мегардед. Рӯзи хубест барои хариду фурӯш ва дигар муомилоти пулӣ. Дар муноқишае, ки дар ҷойи коратон ба вуқуъ мепазирад, касеро ҷонибдорӣ накунед, вагарна шуморо низ ба қатори гунаҳкорон дароварда, ба саратон борони маломат мерезанд. Ба хабарҳои шунидаатон бодиққат бошед, имкони ба даст овардани маблағ вуҷуд дорад. Қабл аз он ки маблағ сарф карда чизеро хариданӣ мешавед, нағзакак андеша намоед.
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Дар рӯзи нав дар тамоми кору иқдом пеши роҳатон кушода мешавад, аз шумо танҳо кӯшиш кардан лозим меояду халос. Орзуи шумо хеле бо оҳистагӣ бошад ҳам, дар ояндаи наздик ҷомаи амал мепушад. Аз танқид натарсида боҷуръат ба пеш ҳаракат намоед. Ҳутҳое, ки бо кори савдо машғуланд, даромади хуб ба даст меоранд. Сарчашмаи нави даромадро пайдо карданатон имкон дорад, беҳтараш дар ин бора ба касе чизе нагӯед, вагарна бадхоҳон сари роҳатон чоҳ канда, кӯшиши аз ҳисоби шумо киса пур карданро мекунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ