Толеъномаи 11 июн 2018
Имрӯз тамоми ҳушу хаёлатон ба шахсони наздикатон банд мешавад. Бо хабарҳои хуш табъатон болида мегардад. Баъзе ҳамалҳоро парешонхотирӣ азият медиҳад ва дар миёни рӯз худро каме нотоб эҳсос мекунанд.Аз дӯстонатон кумак пурсидан ба манфиати шумо хоҳад буд.
Савр ( 21 апрел – 22 май)
Рӯз барои саврҳои варзишгар бобарор анҷом меёбад. Фаромӯш накунед, ки барои саломатиатонро ба даст овардан бояд парҳез кунед. Ин кор барои асабҳои харобгаштаатон низ манфиат дорад. Барои харидани лавозимоти хона вақти хуб аст.
Ҷавзо ( 23 май-21 июн)
Шуморо лозим аст, ки барои анҷоми корҳоятон қувваи зиёд сарф намоед. Ҷавзоҳои оиладорро нофаҳмӣ байни ҳамдигар хаста мекунад, ки ҳатто ба қаҳришавӣ оварда мерасонад. Шом як хушхабар мешунавед. Агар хоҳед, ки бо дӯстдоштаатон ба тамошо равед, вақти мусоид аст.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Ҳаёти шахсиатон каме ҳафта ноором мешавад. Вале кӯшиш кунед, ки шумо дар маркази диққат набошед. Ҳолати равониатон хуб нест ва ин вазъ барои ба даст овардани маблағи калон халал ворид мекунад. Барои беҳтар кардани ҳолати рӯҳиятон ба тамошои кино ё табиат равед.
Асад ( 23 июл – 23 август)
Бо роҳбаратон бо мулоҳиза суҳбат намоед. Нисбати саломатиатон беаҳамият набошед. Чунки сулфаи дурудароз ба бемориҳои музмин оварда мерасонад. Лаҳзаи хотирмон бо дӯстдоштаатон шуморо интизор аст. Асадҳои тоҷирро бо ҳамкорон нафаҳмоӣ пеш меояд, лекин бояд коре кунед, ки худро аз ин ҳолат берун сохта, аз боварӣ набароед.
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Ба касе аз камбудию норасогиатон ҳарф накушоед. Бо роҳбаратон бо мулоҳиза суҳбат намоед. Нисбати саломатиатон беаҳамият набошед. Чунки сулфаи дурудароз ба бемориҳои музмин оварда мерасонад. Асадҳои тоҷирро бо ҳамкорон нафаҳмоӣ пеш меояд, лекин бояд коре кунед, ки худро аз ин ҳолат берун сохта, аз боварӣ набароед.
Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Имрӯз таҷрибаи хубу идеалиро аз сар мегузаронед, ки то дер боз дар хотиратон нақш мебандад. Шумо барои атрофиён шахси намунавӣ маҳсуб меёбед. Аз ин рӯ, ҳама ҳаракатҳои шуморо мисол меоранд. Ин муносибати онҳо ба шумо нерӯи тозаву қувваи иловагӣ медиҳад ва худро шахси хушбахт меҳисобед.
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Имрӯз худро шахси муваффақ меҳисобед, чунки ҳамаи нақшаҳоятон аз тарафи роҳбар баҳои баланд мегирад. Гурӯҳи ҳамкорон бо буданатон дар идора хурсанд мешаванд. Барои анҷоми баъзе мушкилиҳои наздиконатон кумак кунед. Бо фарзандон хушмуомилагиро фаромӯш насозед. Бегоҳ ба тамошои талгашту хиёбоҳо равед.
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Барои кашидани лоиҳаи нав фурсати муносиб фароҳам омадааст. Имрӯз кӯшиш кунед, ки маблағро кам сарфа намоед. Саломатиатонро эҳтиёт кунед. Барои сафари роҳи дур рӯзи мусоид нест, чунки хавфи дучор шудан ба садама зиёд аст.
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Имрӯз ба ҳаёти шахсиатон тағйирот ворид мешавад, ки дер боз интизораш будед. Вақти худро босамар сарф кунеду ба оянда умеди хуб бандед. Дӯстонатон шуморо ба шабнишинӣ даъват мекунанд. Кӯшиш кунед, ки аз вохӯрӣ бо онҳо дурӣ наҷӯед.
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Имрӯз шахсе мехоҳад бо шумо вохӯрад, аз ӯ рӯй нагардонед. Чунки дӯстии қариб буданашро дар оянда нишон медиҳад ва кумаки зиёд мерасонад. Дар нимаи дувуми рӯз парешонхотирӣ азиятатон медиҳад. Дар коргоҳ ҷиддӣ рафтор намоед. Шомгоҳон дар ҳавои тоза онро гузаронед.
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Аввали рӯз худро нороҳат ҳис мекунед. Дар наздатон роҳҳои гуногун кушода мешавад ва шуморо лозим аст, ки аз онҳо барои худ роҳи муваффақро интихоб намоед. Дар ин ҳолат аз касе маслиҳат напурседу ба садои дилатон гӯш намуда, ба он амал намоед. Ҳангоми рондани мошин боэҳтиёт бошеду нисбати кӯдакон хуш муомила бошед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ