Толеъномаи 11 июни 2020, панҷшанбе

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз дилатон майли тағйирот намуда, чизеро дар ҳаёти худ дигаргун сохтан мехоҳед. Робита бо дӯстон, вохӯрӣ бо нафарони аҷиб ё ҷустуҷӯҳои эҷодӣ эҳсоси қаноатмандӣ меоранд. Бемории худро бо дорувориҳои таскинбахш табобат карда наметавонед, беҳтараш ба мутахассис муроҷиат намоед.

Савр (21 апрел-22 май)

Рӯзи серташвиш аст. Диққати худро ба ҳодисаҳои муҳим равона созед. Шумо аз уҳдаи тамоми корҳо мебароед. Барои фаъолияти минбаъдина рӯзи бобарор аст. Аз пешниҳодҳои дилфиреб худро ба даст гиред. Қабули меҳмон ё ба меҳмонӣ рафтан хуб анҷом меёбад.

Ҷавзо (23 май- 21 июн)

Рӯзи хубест барои машғул шудан бо тиҷорат. Пешниҳодҳои судманд ва даромади пулӣ имкон доранд. Барор дар муносибатҳои заношавҳарӣ низ шуморо ҳамсафар мегардад. Ба ҳеҷ ваҷҳ ба назди фолбину соҳирон наравед, вагарна ба саратон душвориҳои азиме меоянд.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Аз нигоҳи аввал табъатон болида менамояд, вале ин ниқобест, ки тавассути он аз ташвишҳо панаҳ меёбед. Ба меҳмонӣ рафтану қабули меҳмон хуб аст. Аз истеъмоли хӯрокҳои серғизо ва пурхӯрӣ худдорӣ намоед, вагарна аз дарди меъда азият мекашед. Ба нафаре, ки дар ин рӯз изҳори муҳаббат мекунад, бовар накунед.

Асад ( 23 июл- 23 август)

Нисбати шахси дӯстдоштаи худ бодиққат бошед, то ки аз ногувориҳо дар амон монед. Душманон дар роҳатон фитна меангезанд ё зимни робита бо намояндагони ҷинси муқобил хафагиву ранҷиш имкон дорад. Сабру таҳаммулро шиори худ намоед. Дар масъалаҳои молиявӣ ба амри дил гӯш андохта бурд мекунед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз диққати худро ба вохӯриву эҷодкорӣ равона намоед. Агар тамоми нерӯи худро ба кор баред, аз уҳдаи тамоми кор мебароед. Ба меҳмонӣ рафтану қабули меҳмон хуб аст. Агар барои заҳмати якҷоя кашидаатон маблағи хуб ба даст наоред, ҳатман эътироз баён кунед.

Мизон (24 сентябр- 23 октябр)

Рӯзи душвору хатарнок аст. Шуморо ҳодисаҳои ногувор интизор аст, аз ин рӯ аз гуфтори беандеша худдорӣ намоед. Дар муносибатҳои ошиқона ҳам шодиву нишот ва ҳам хастагиву дилмондагӣ имкон дорад. Хабаре, ки мешунавед, шуморо маҷбур месозад аз нафаре кӯмаку дастгирӣ пурсед.

Ақраб (24 октябр- 22 ноябр)

Муносибататон бо наздикон ё яке аз ҳамкорон вайрон гашта, барои ба худ омаданатон сабру таҳаммули зиёд лозим мешавад. Агар ором шуда, ба ҳодисаи рухдода ба таври дигар нигаред, дар рафтори худ камбудиҳои зиёдеро пайдо мекунед. Барои он ки рӯзатон бобарор анљом ёбад, аз танқид худдорӣ намоед. Барои бо варзиш машғул шудан рӯзи номусоид аст.

Қавс ( 23 ноябр – 21 декабр)

Барои рафъ намудани мушкилиҳои молиявӣ рӯзи бобарор аст. Саросемавор ба коре даст назанед, ба маслиҳати атрофиён гӯш андозед ва оқибати амалатонро андеша намоед. Дар ин рӯз хонаву ҷойи зисти худро ба тартиб даровардан муяссаратон мегардад. Ба дастгирии молиявӣ умед баста метавонед.

Ҷаддӣ (22 декабр- 20 январ)

Рӯзи сермаҳсул аст. Дар ҳаёти ҳар як инсон имкони бурдборӣ фароҳам меояд ва барои аз он истифода бурда тавонистан корчаллон буданатон лозим аст. Шумо пайваста талош ба зиндагии беҳтаре доред, вале фаромӯш насозед, ки барои расидан ба муваффақият роҳҳои зиёде мавҷуданд. Аз ҷойҳои серодам дурӣ ҷуед, вагарна аз нерӯи манфии атрофиён гаранг мешавед.

Далв (21 январ- 20 феврал)

Дар ин рӯз фишори руҳӣ ва бад шудани вазъи саломатиятон имкон дорад. Душманону бадхоҳон мушкили зиёдеро ба саратон меоранд. Мутаассифона, онҳо аз асрори шумо бохабар мегарданд ва ин боиси сар задани тағйиротҳои манфӣ дар зиндагиятон мегарданд. Бонувон бояд нисбати дӯстдошта ё шарики умри худ бодиққат бошанд, ғалату хатогиҳо боиси ногувориҳо мегардад.

Ҳут (21 феврал- 20 март)

Воқеаҳои имрӯз боиси зиёд гаштани хавотирӣ ва рух додани пешомади баде мегарданд. Нобарориҳо асосан ба қисмати молиявии зиндагиятон таъсир мерасонанд. Эҳтимоли ба доми дузду ғоратгарон афтиданатон дар назар аст. Ҷиҳози қиматбаҳои худро эҳтиёт кунед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *