Толеъномаи 11 май 2018
Ҳамал ( 21 март-20 апрел)
Дар бораи яке аз наздиконатон бадгӯиву ғайбати зиёд мешунавед. Эҳтимол ин кори дасти душманони пинҳониятон аст. Шабона дар кӯчаҳои шаҳр гаштанро тавсия намедиҳем. Бештар бо нафароне рафтуомад кунед, ки хуб мешиносед ва ин робита бароятон судманд бошад. Асабонӣ нашавед, бештар дар оғӯши табиат истироҳат кунед.
Савр ( 21 апрел – 22 май)
Аз харидани асбобҳои техникӣ ва либос худдорӣ намоед, харидҳоятон дар ин рӯз нодаркору нолозим мешаванд. Ба дӯстон қарз додану қарзи додаи худро суроғ карданатон боиси хафагиву ранҷиш мегардад. Эҳтимоли шамол хӯрдану бемор шуданатон дар назар аст. Ба сафари берун аз шаҳр баромаданро тавсия намедиҳем.
Ҷавзо ( 23 май-21 июн)
Имрӯз муносибататон бо ҳамкорон ва наздикон вайрон мегардад. Нисбати нафаре танқидро низ раво набинед. Бо мақсади ба нафаре кӯмак расонидан шумо метавонед муносибатҳоятонро вайрон созед. Барои гузаронидани ҷарроҳиҳо рӯзи мусоид нест. Чӣ гуна ҷараён гирифтани муносибатҳои ошиқонаатон аз шумо вобастагӣ дорад.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Нафароне, ки мошини шахсӣ доранд, дар ин рӯз ба қоидаҳои ҳаракати роҳ бештар диққат доданашон лозим аст. Нофаҳмии байни шумову номзадатонро бо сабру тамкин бартараф созед, вагарна дар арафаи тӯй ҷудо шуданатон аз эҳтимол дур нест. Бо вуҷуди хуб будани вазъи молиявӣ аз хароҷоти калон ва сарфи пули зиёд худдорӣ намоед.
Асад ( 23 июл – 23 август)
Бо дӯстон корҳои якҷояи молиявӣ накунед. Ҳатто гирифтан ё додани қарз метавонад боиси ранҷиш гардад. Ҳамзамон аз миёни дӯстону шиносон ҷустани муҳаббат кори нодуруст аст. Агар бемориҳои музмин дошта бошед, ҳатман аз пайи табобат шавед, хатари хурӯҷ кардани касалӣ имконпазир аст. Дар ҳаёти шахсиятон ягон тағйирот дида намешавад.
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Ба нафарони оиладор босабру таҳаммул буданро тавсия медиҳем, ҳар як қадами ҳамсафари ҳаётии худро поида гаштанатон маънӣ надорад. Барои рашку шубҳаву гумони бад сабабе вуҷуд надорад, бо чунин рафтор шумо дӯстдоштаи худро на танҳо меранҷонед, балки аз худ гурезон мекунед. Танҳо дурандешӣ ва ақли солим шуморо аз ҳолати ногувор берун оварда метавонад.
Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Вақти бештари худро барои беҳдошти саломатӣ равона созед. Айни замон масунияти баданатон паст ва хатари хуруҷ намудани бемориҳои илтиҳобӣ зиёд мегардад.Нафарони оиладоре, ки бо волидони ҳамсарашон зиндагӣ мекунанд, дучори муноқишаву нофаҳмӣ мегарданд. Нисбати нафаре танқиду эродро раво набинед. Нафароне ки бо тиҷорат машғуланд бурди калон мекунанд.
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Яку якбора беҳтар шудани вазъи саломатӣ ва болидаруҳиро эҳсос мекунед. Ба ҳолати саломатӣ муҳити зист, робита бо атрофиён ва гапу хабари мешунидаатон таъсири созанда доранд. Аз робита бо нафароне, ки бароятон дилписанд нестанд, худдорӣ карданатон беҳтар аст. Барои ошиқон рӯз пур аз рӯйдодҳои гуворо аст. Нафарони муҷаррад ошиқ мешаванд.
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Бо наздикони худ забон ёфтанатон кори душвор мегардад. Ҳатто дар масъалаҳои одитарин байнатон нофаҳмӣ сар зада, гуногунфикрӣ боиси муноқишаи ҷиддӣ мегардад. Хоҳиши дилхушиву зиёфат ва норасоии пулӣ шуморо дар ҳоли ногувор мегузорад. Дар ин рӯз то кадом андоза тамаъҷӯву манфиатхоҳ будани шахси дӯстдоштаатонро дарк мекунед.
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Ба коре, ки наздиконатон қабул надоранд, даст назанед. Дар масъалаҳои молиявӣ имкони фиреб хӯрданатон вуҷуд дорад. Қабл аз хариди калон нағзакак андешаронӣ намоед. Дар масъалаи тиҷорат ба маслиҳати шиносҳои соҳибтаҷриба гӯш андозед. Серкориву хастагии вақтҳои охир ҷамъшуда ба саломатиятон бе таъсир намемонад.
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Муҳаббати худро ба наздиконатон на танҳо тавассути туҳфа, балки меҳрубониву ғамхорӣ зоҳир карданатон беҳтар аст. Хусусан нисбати шахси дӯстдошта ва фарзандон мунису ғамхор бошед. Бо нафаре шинос шуданро маслиҳат намедиҳем. Ҳамзамон зимни робита бо шиносҳои доимӣ ҳушёриро аз даст надиҳед. Нимаи дуюми рӯз дар бораи худ туҳмату ғайбати бардурӯғ шунида, табъатон хира мегардад.
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Нисбати наздикони худ диққати бештар зоҳир намоед. Охири рӯз маблағи калони пулиеро ба даст меоред, ки барои рафъ намудани мушкилоти молиявӣ айни муддао мегардад. Бо дӯстон қарз додану қарз гирифтан боиси нофаҳмиву дилранҷӣ ва канда шудани риштаҳои дӯстиятон мегардад. Ба нафаре, ки изҳори муҳаббат мекунад, дар ин рӯз бовар накунед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ