Толеъномаи 11-уми апрели соли 2022

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз бояд аз пайи рафъ намудани мушкилиҳои шахсии худ шавед. Ин маслиҳат ба нафароне дахл дорад, ки дар зиндагии шахсияшон нофаҳмиҳо вуҷуд доранд. Агар аз таҳти дил кор кунед, мукофотпулӣ мегиред. Нафароне, ки бо тиҷорат машғуланд, бояд аз таҷрибаи нафарони кордон истифода баранд. Нафарони калонсолро лозим аст, ки фикру андешаҳои мағшушро аз сар дур намоянд.

Савр (21 апрел-22 май)

Ба зодагони мучали савр бо варзиши хастакунанда ва коре, ки қувваву мадорро мегирад, машғул шуданро тавсия намедиҳем. Ҷисми худро эҳтиёт кунед ва фикру андешаҳои хушҳолкунанда намоед. Агар ба маслиҳати дӯстон гӯш андозед, дар муносибатҳои шахсӣ ба ғалат роҳ намедиҳед. Нафароне, ки ба тағйироти азим даст задан мехоҳанд, бори дигар бехатарии ин иқдоми худро санҷиданашон лозим аст.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Одати чизеро тағйир надодани шумо сабаби муноқиша бо яке аз наздиконатон мегардад. Яке аз аъзои оила бо рафтори ғайриодияш шуморо ба ҳайрат меорад. Дар масъалаҳои молиявӣ аз амалҳои қатъӣ даст кашед. Қабл аз он, ки барои коре розигии худро медиҳед, оқибаташро андеша намоед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз бемасъулиятӣ ва фориғболӣ накунед, вагарна сабабгори ба таъхир афтодани корҳоятон мегардед. Ҳар суханеро, ки ба забон меоред, сад бор андеша намоед. Эҳтимол шумо сирру асрори нафареро фош месозед. Нафароне, ки хароб шудан мехоҳанд, ба мақсад расиданашон осон аст.

Асад ( 23 июл-23 август)

Дар ин рӯз нақшаву ниятҳои худро ба касе нагӯед. Хатари дигаре шуморо таҳдид намекунад. Нерӯи худро дар корҳои нав истифода баред. Нафарони оиладорро лозим меояд, ки ба муносибатҳои оилавӣ навгонӣ ворид намоянд. Молу ашёи даркориро бо нархи арзон дастрас менамоед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Баъзе зодагони мучали сунбула дар касбу кори худ тағйирот ворид месозанд. Ҳодисаҳои рухдода сабабгори фишори сабуки руҳӣ мегарданд. Сабабҳои дигаре, ки боиси ташвишу изтироби шумо мегарданд, фарбеҳӣ, рафтори шахси дӯстдошта ва норасоии пул аст.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Зодагони мучали мизон дар ин рӯз танқиду эроди худро нисбати нафари манфуре баён менамоянд. Барои он ки дар назари атрофиён дағалу густох нанамояд, дарҳол вазъиятро ислоҳ намоед. Рӯзи сешанбе аз худ қаҳрамон насозеду касеро ҷонибдорӣ накунед. Дар давоми рӯз нафаре пайдо мешавад, ки аз мушкилоти ҷиддие раҳоятон мебахашд.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз фикру андешаҳои мағшушро аз сар дур намоед. Равшанфикриву табъи хуш корҳоятонро равшанӣ мебахшад. Эҳтимоли маблағи хуб ба даст оварданатон вуҷуд дорад. Нафарони муҷаррад имкони пайдо намудани бахти худро ба даст меоранд. Нафарони оиладорро лозим аст, ки нисбати ёри худ меҳрубон бошанд.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Аксари зодагони мучали қавсро дар ин рӯз табъи хуш фаро мегирад. Дар натиҷаи хушҳолии пайдошуда, эҳтиёткории зотиро аз даст медиҳед. Ба саломатӣ диққат диҳед. Баробари худро бад ҳис кардан аз пайи пешгирӣ намудани зуком шавед. Ба хасташавии зиёд роҳ надода, аз хоб сер кунед ва ба гармохунукшавии ҷисм роҳ надиҳед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Баъзе зодагони мучали ҷаддӣ дар чорроҳаи қисмат зору ҳайрон мемонанд. Барои он ки дар масъалаҳои муҳими ҳастӣ посухи дуруст дода тавонед, ақли солимро ба кор бареду ба маслиҳати нафароне, ки тасаввурот надоранд, гӯш надиҳед. Дар ин рӯз чизҳои куҳнаву нодаркорро партофтанатон лозим аст.

Далв (21 январ-20 феврал)

Дар ин рӯз ба ҳеҷ ваҷҳ такаббури худро нишон надиҳед. Ин амали шумо ба робитаву нафароне, ки пешравии касбу коратон аз онҳо вобастагӣ дорад, халал мерасонад. Аз нафарони фиребгару худхоҳ дурӣ ҷуста, баъди шом ба пурхӯрӣ роҳ надиҳед. Одати бадеро, ки партофа будед, боз такрор сохтанатон имкон дорад.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Зодагони мучали ҳут дар ин рӯз бо масъалаҳои молиявӣ машғул шуданашон лозим аст. Рӯйхати хароҷоти худро тартиб диҳед, имкони сарфа намудани пулро ёфтанатон лозим аст. Нафарони калонсол набояд бо руҳафтодагӣ ва андешаҳои мағшуш табъи худро хира созанд.

Моро дар Телеграм пайгирӣ намоед: https://t.me/tojikistontimes 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *