толеънома

Толеъномаи 11-уми августи соли 2022

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз навигариҳои аҷибро интизор нашавед. Каме нотоб гаштанатон эҳтимол дорад, аз ин рӯ, бо пурхӯрӣ ё корҳои ҷисмонӣ худро хаста нагардонед. Дар ҷодаи муҳаббат на танҳо ҳасудон, балки рақибон пайдо мешаванд. Дар ин ҷода дӯстдоштаатон гуноҳе надорад, беҳуда муносибати худро сард насозед. Дар масъалаҳои пулӣ ба шитобкорӣ роҳ надиҳед.

Савр (21 апрел-22 май)

Дар ин рӯз масъалаи душвореро рафъ карданатон лозим меояд, ки аз он на танҳо пешравиятон дар касбу кор, балки вазъи молиявиатон вобастагӣ дорад. Сирру асрори худро ба нафаре, ки шуморо дӯсти худ намешуморад, фош насозед. Ба фишори руҳӣ ва дигар мушкилиҳо тоб оварда наметавонед, аз ин рӯ, ба корҳои номатлуб даст назанед. Барои мулоқоти ошиқона рӯзи дигарро интихоб намоед.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Бо нафаре вомехӯред, ки шуморо дар тиҷорат дастгирӣ мекунад. Бештар ба одамон бовар кунед, касеро дар хиёнату фиреб гунаҳкор накунед. Вохӯрии ошиқона табъатонро болида месозад. Корҳои муҳими худро то бегоҳирӯзӣ ба анҷом расонед. Ба ҳолати яъсу ноумедӣ афтоданатон боиси вайрон гаштани муносибат бо атрофиён мегардад.

Саратон (22 июн-22 июл)

Субҳи имрӯз бо хабарҳои хуш оғоз ёфта, бо воқеаҳои хотирмонаш табъатонро болида месозад. Дар ҷодаи муҳаббат агар муносибатҳои мустаҳкамро нигоҳ доштан хоҳед, ба дӯстдоштаи худ гузашт карданатон лозим меояд. Ҳангоми ҳаракат дар роҳ эҳтиёт бошед. Ба баҳсу мунозира бо наздиконатон хотима бахшед. Маблағи пулиеро, ки дар даст доред, сарфакорона истифода баред.

Асад (23 июл-23 август)

Муносибати худро бо нафаре, ки ба наздикӣ муноқиша карда будед, беҳтар созед. Имрӯз қувваву имкониятҳоятон барои амалҳои ҷавонмардона кифоя аст. Нафарони оиладор бояд ояндаи худро пешбинӣ карда, эҳсосоти худро идора намоянд. Бегоҳирӯзӣ вазъи саломатии мардҳо нохуб мегардад.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Агар ғами саломатии худро хӯрда, аз одатҳои бад худдорӣ намоед, аз нохушиҳои зиёде халосӣ меёбед. Нафароне, ки дар фикри бунёди оила ҳастанд, бояд нисбати дӯстдоштаи худ меҳрубону ғамхортар бошанд. Аз ҳад зиёд ғами мушкилиҳои молиявиро хӯрда, гирифтори асабхаробӣ мегардед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Аз нафарони бадхоҳу бадкирдор худро дур гиред. Нисбати атрофиён саховатманду дилкушод буданатон хуб аст, вале ба доми нафарони дилсиёҳ афтоданатон имкон дорад. Дар бораи ояндаи худ зиёд фикр карда, имкониятҳои муваффақ шуданро аз даст медиҳед. Нафароне, ки ба коллективи нав ворид мегарданд, душворӣ мекашанд.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Рӯзи душвор аст. Ҳолати руҳиятон нохуб буда, дилатон аз пешомади баде гувоҳӣ медиҳад. Тағйироти ногуворе, ки дар ин рӯз сар мезанад, чанд ҳафтаи дигар шуморо тарк намесозад. Худро руҳану ҷисман хаста насозед. Барои истироҳат кунҷи танҳоӣ ихтиёр намоед. Баъди нисфирӯзӣ дӯсти наздикатон хабари хуш мерасонад.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рӯз вазъи молиявиатон душвор мегардад, аз ин рӯ, аз дӯстону наздикон кумак пурсиданатон лозим меояд. Ба ҳеҷ ваҷҳ аз бонк қарз нагиред. Қавсҳои ошиқ ошиқтар мешаванд. Хоби дар ин рӯз дидаатон баъди як ҳафта амалӣ мешавад. Дар хоб дидани оина аз оиладор шудан дарак медиҳад.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Нерӯи худро сарф накунед, онро эҳтиёт кунед. Барои расидан ба мақсад на танҳо роҳи кӯтоҳ, балки муфидро интихоб намоед. Бо нафароне, ки хуб намешиносед, ба муносибатҳои ошиқона роҳ надиҳед, вагарна дучори мушкиливу душвориҳо мегардед. Беҳтараш муҳаббати асили худро ба шахсе бубахшед, ки арзанда бошад.

Далв (21 январ-20 феврал)

Дар ин рӯз ба танбалӣ роҳ надиҳеду орзуҳои хомро аз сар дур созед. Агар шумо оиладор бошед, бо яке аз наздикони ҳамсафари ҳаётӣ муноқиша имкон дорад. Дар ин маврид ором шаведу тавре рафтор кунед, ки қалбатон мегӯяд. Ба зихнагӣ ва шубҳаву гумони бад роҳ надиҳед. Ба наздикони худ бовар кунед.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Рӯзи душвор аст, аксарияти ҳутҳо бо душворӣ ба кор мераванд. Ба ҳолати яъсу ноумедӣ гирифтор шуданро маслиҳат намедиҳем. Уҳдадориҳои навро ба дӯши худ бор накунед. Бо корҳои пештараи худ машғул шуда, ғами ишқро фаромӯш мекунед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *