Толеъномаи 11-уми майи соли 2022
Ҳамал (21 март-20 апрел)
Дар ин рӯз бонувони муҷаррадро шиносоӣ ё мулоқоти кӯтоҳмуддати ошиқона интизор аст. Мардҳо бояд тамоми имкониятҳоро истифода бурда, ҳаёти шахсии худро беҳтар созанд. Хоби дар ин рӯз дидаатон рӯзи дигар амалӣ мешавад. Дар хоб дидани сабзавот аз амалӣ шудани орзуҳоятон дарак медиҳад.
Савр (21 апрел-22 май)
Дар ин рӯз ҳодисаи тақдирсозе рух дода метавонад, омода бошед. Айни замон сафару дилхушиҳо табъатонро болида месозанд. Аз ҳузури нафарони бадкирдор дурӣ ҷуста, аз ҳавобаландӣ худдорӣ намоед. Манбаи нави даромад пайдо карда, барои хариди чизҳои даркорӣ пул ҷамъ карда метавонед.
Ҷавзо (23 май-21 июн)
Рӯзи бахшидани гуноҳҳон ва раҳмидилист. Табъи хушу корчаллониятон доираи дӯстонатонро васеъ месозад. Аз мушкилиҳо наҳаросед. Фаромӯш насозед, ки то меҳнат накунӣ, роҳат набинӣ. Саломатии худро эҳтиёт кунед. Дӯстдоштаатонро бо рашки зиёд ҷонбезор насозед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Дар ин рӯз ҳодисаҳои ногаҳонии манфиву мусбат зиёд мешаванд. Беҳтараш қаблан ба ҳама гуна навигарӣ омода бошед. Агар хаста шуда бошед, фавран ба рухсатӣ бароед ва имкон надиҳед, ки корҳои иловагиро ба саратон бор кунанд. Қабл аз он ки изҳори муҳаббат мекунед, хислати дӯстдоштаатонро нағзакак омӯзед.
Асад (23 июл-23 август)
Дар ин рӯз ба ғайр аз харидани ҷавоҳироти тиллоӣ барои харидани чизҳои дигар хуб аст. Ба эҳсосот дода нашавед, вагарна бо наздиконатон нофаҳмиву муноқиша рух медиҳад. Кӯшиши яку якбора рафъ намудани тамоми мушкилиҳоро накунед. Бонувонро вохӯрии тақдирсоз интизор аст.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Тамоми кӯшишу таҷрибаи худро барои нишон додани қобилиятҳоятон сарф мекунед. Баъди нисфирӯзӣ ҳама гуна имкониятро барои беҳтар сохтани ҳаёти шахсӣ истифода баред. Нисбати шахси дӯстдоштаатон дурандеш бошеду гузашт кунед, зеро ин роҳи ягонаест барои раҳоӣ ёфтан аз рафтори беандеша.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Дар ин рӯз ҳама коратон бобарор анҷом меёбад. Бо кори табъи дил машғул шудан хастагиятонро мебарорад. Рӯзи хубест барои нафарони калонсол, метавонед ба сафару саёҳат баромада, ба меҳмонӣ равед. Танҳо зудбовар нашаведу ба касе ваъда надиҳед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Рӯзи хубест барои харид кардану ба анҷом расонидани масъалаҳои хариду фурӯш. Уҳдадориҳои навро ба дӯш нагиред. Корҳои муҳими худро ба анҷом расонида, ба баҳсҳоятон бо наздикон хотима бубахшед. Нафароне, ки бо тиҷорат машғуланд, корашон барор мегирад.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Рӯзи бахшиши гуноҳон ва накӯкорист. Аз ҳамкорӣ бо шарикони нави корӣ наҳаросед, як қисми уҳдадориҳоятонро ба дигарон дода, мушкилиҳои шахсии худро рафъ карда метавонед. Қавсҳои муҷаррад агар фориғболӣ накунанд, бахти худро пайдо мекунанд.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Бо ҳамкорон эҳтимоли муноқиша карданатон вуҷуд дорад, ки боиси сард гаштани муносибатҳо мегардад, вале ба рафти корҳоятон таъсир расонида наметавонад. Ба кумаки аъзои оила ва дӯстони содиқе, ки аз мушкилатон бохабаранд, умед баста метавонед. Вазъи молиятон беҳтар мегардад, нафаре қарзашро бармегардонад.
Далв (21 январ-20 феврал)
Рӯзи бобарорест барои беҳтар сохтани вазъи молиявӣ. Сафарҳои тиҷоратӣ ба шарте бобарор мешаванд, ки диққати худро ба кори муҳим ҷалб карда тавонед. Корчаллонӣ ва мардонагӣ сифатҳое ҳастанд, ки дар касбу кор кумак мерасонанд.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Дар ин рӯз нақшаву ниятҳоятон табъи дил амалӣ намешаванд. Барои сафару таълимомӯзӣ низ рӯзи муосид нест. Ташвишу саргардониятон зиёд мегардад. Ба мушкили наздикон диққат доданатон лозим меояд. Ба ишқбозиҳои бемаънӣ роҳ надиҳед, худро ба даст гирифтанатон хеле муҳим аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ