толеънома

Толеъномаи 11-уми ноябри соли 2022

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз хеле серкор мешавед. Кори бисёрро бар дӯши худ бор накунеду аз дӯстон кумак пурсед, вагарна аҳволатон мисли холаи ҳамакора мешавад. Аввал корҳои мавқуфгузоштаро анҷом диҳед, нимаи дуюми рӯз вазъи мусоид имкони дар амал татбиқ кардани фикрҳою нақшаҳоятонро медиҳад.

Савр (21 апрел-22 май)

Мушкилиҳои ҳалталаб саратонро ба дард оварда, маҷбур месозад, ки  ғурурро як тараф гузошта, аз роҳбаратон кумак пурсед. Сешанбе барои дар амал татбиқ кардани нақшаҳоятон каме кӯшиш кунед. Рӯзи чоршанбе даромади калони пулӣ дар назар аст. Дар ҷабҳаи ишқу муҳаббат шуморо хурсандие дар пеш аст. Вале ба ҳеҷ ваҷҳ сирру асроратонро ба дӯстону наздиконатон нагӯед, то ин хурсандиро барбод надиҳанд.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Дар ин рӯз гӯё аз хоби гарон бедор шуда, сирреро, ки то инҷониб шахси наздикатон аз шумо пинҳон медошт, ошкор месозед. Гӯё дунё дар назаратон торик мешавад. Худро ба даст гиред, аз пашша фил насозед. Беҳтараш аз дӯстдоштаатон пурсон шавед, ки чаро чунин рафторро нисбататон раво дидааст. Нимаи дуюми рӯз дар коргоҳатон корҳоятон бобарор хоҳад шуд.

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз барор ҳамсафаратон хоҳад шуд. Аз фурсати мусоид истифода баред. Бояд нақшаҳои тарҳрезишударо ба зудӣ амалӣ кунед, вагарна роҳбарият якчанд вазифаҳои дигарро бар дӯшатон мегузорад. Нимаи дуюми рӯз аз гирифтани туҳфаи қимматбаҳо худро ноҳинҷор ҳис мекунед.

Асад (23 июл-23 август)

Аввали рӯз тамоми мушкилиҳоро ба осонӣ паси сар карда, ба кори нав оғоз мекунед. Агар танбалӣ накунед, ба рӯятон кушода шудани дари бахту рӯзӣ шуморо шод хоҳад кард. Албатта, ба садои қалбатон гӯш андозед. «Ҳар чӣ ки мо хоҳем, на он шавад, ҳар чӣ Худо хоҳад, ҳамон шавад»-ро фаромӯш накунед. Агар бо маслиҳат кор карда, инчунин аз маслиҳати шарики кориатон истифода баред, албатта корҳоятон бобарор хоҳанд шуд.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Аввали рӯз бодиққат тамоми мушкилиҳои пешомадаро таҳлил кунеду роҳи осони ҳалли ин мушкилиҳоро ҷӯед. Сафарҳои корӣ хело бобарор хоҳанд шуд. Нимаи дуюми рӯз дасткушодии шумо имкони ба даст овардани дилеро медиҳад. Вале боз ҳам эҳтиёт бояд шуд. Охири рӯз даромади на он қадар калони пулӣ дар назар аст.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ин рӯз ситораҳо оромӣ ва сабуриро тавсия медиҳанд. То ин рӯз мушкилиҳои зиёде саратонро гаранг месохтанд. Кори худро ҳал накарда, дӯстону наздиконатон аз шумо ёрӣ ва мадади пулӣ мепурсанд. Чӣ хеле ки мегӯянд, «дӯст он аст, ки гирад дасти дӯст, дар парешонҳолию дар мондагӣ». Аз ин рӯ, ёрии худро аз касе дареғ надоред.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Рӯз аз тамоми ҷиҳатҳо бобарор ба ҳисоб меравад. Худро аз корҳои беҳуда дур кунеду ягон кори лозимаро пайгир шавед. Нимаи дуюми рӯз гапи гуфтаатон дарди саратон хоҳад шуд. Байни шумою дилдодаатон нофаҳмӣ сар мезанад. Агар худро ба даст гиред, аз ин вазъият худро ба осонӣ бароварда метавонед. Дар боби ишқу муҳаббат оромӣ ҳукмфармост.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Имрӯз вазъияте пеш меояд, ки душманро дӯст мекунад, лекин зудбовар набошед ва ба ҳассосият дода нашавед. Баъзеҳо аз вазъияти мусоид истифода бурда, шуморо ба доми худ андохтанӣ мешаванд.  Корҳо ва зарарҳои кардаашонро фаромӯш насозеду як қадам аз онҳо дур бошед. Нимаи дуюми рӯз шиносоии наве шуълаи ишқу муҳаббатро дар дилатон бедор мекунад.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ин рӯз нисбати ҳамкорон дағалӣ накунед. Худро ба даст гиреду оқилона рафтор намоед. Нимаи дуюми рӯз ёри ранҷидаро ҷӯё шаведу барои оштӣ шудан бикӯшед ва бахшиш пурседу меҳри беандозаатонро нишон дода, ӯро азиз доред.

Далв (21 январ-20 феврал)

Ба қудрату тавоноии худ такя карда, ба атрофиён исбот созед, ки ба чӣ коре қодиред. Дигаргуниҳои пулӣ дар ҳаёти шахсӣ ва корҳоятон дар назар аст. Бад шудани вазъи саломатиатон шуморо ба беморхона мебарад. Кӯшиш кунед тамоми мушкилиҳоро фаромӯш сохта, саломатиатонро барқарор кунед.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Имрӯз ба саратон фикрҳои аҷиб меояд. Кӯшиш кунед ин фикрҳоро аз атрофиён пинҳон доред, вагарна душманонатон нақшаҳои зарбазании наверо пайдо мекунанду заҳрашонро мечаконанд. Шояд риштаи дӯстӣ ба ишқ мубаддал гардад. Кӯшиш кунед бахтро аз даст надиҳеду баҳри обод кардани зиндагиатон камари ҳиммат бандед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *