толеънома

Толеъномаи 11-уми сентябри соли 2022

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Барои саломатӣ рӯзи хатарнок аст. Эҳтимоли пайдо шудани дарди сар ва худро бад ҳис карданатон вуҷуд дорад. Ба нуқтаи назари дигарон гӯш надиҳед, вагарна ғалат мекунед. Ба сафар баромаданро тавсия намедиҳем. Беҳтараш бо мушкилоти рӯзгор машғул шавед. Нисбати нафаре, ки дӯсташ медоред, таъна, баҳсу мунозираро раво набинед. Дар дили бонувон эҳтимоли роҳ ёфтани ҳасад вуҷуд дорад.

Савр (21 апрел-22 май)

Рӯзи чандон бобарор нест. Шахси дӯстдоштаатон гапи муҳимеро аз шумо пинҳон мекунад. Вохӯрие, ки дар он масъалаҳои молиявиатон бояд рафъ гардад, аз ҳунару маҳорати шумо вобастагӣ дорад. Ба пурхӯрӣ роҳ надиҳед, хусусан аз хӯрокҳои хамирӣ худдорӣ намоед. Эҳтимоли сар задани дарди сар ва хастагӣ вуҷуд дорад. Аз корҳои вазнини ҷисмонӣ худдорӣ намоед.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Дар ин рӯз нафареро вомехӯред, ки дар дил нисбаташ кинаву адоват доред. Беҳтараш бадбинии худро фош насозед, вагарна мушкилатон бештар мегардад. Аз як ҳарфи ноҷои шахси дӯстдоштаатон сахт меранҷед. Хафа шудани худро рӯирост гуфтанатон беҳтар аст, дар акси ҳол муносибатҳоятон бад мегарданд. Дар масъалаҳои молиявӣ шумо бояд гузашт карданро омӯзед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз душмани асосии шумо пурхӯрӣ кардан аст. Сабаби дигаре, ки имрӯз боиси нотоб гаштанатон мегардад, ин ҳолати равониятон аст.  Танҳо бо руҳи болида ва табъи хуш муносибатҳои ошиқонаатонро беҳтару мустаҳкам сохта метавонед. Кӯшишу заҳматҳоятон имрӯз қадрдонӣ мегардад. Ғалатҳоятон бошад, бар зараратон мегардад. Дар муносибатҳои ошиқона тағйироте дида намешавад.

Асад (23 июл-23 август)

Имрӯз баъзе кору рафтори шумо ба шахси дӯстдоштаатон писанд намеояд, вале аз рӯирост гуфтани танқиду эрод худдорӣ мекунад. Агар аз натиҷаи кори табибон қаноатманд набошед, як бори дигар аз ташхис гузаред. Фориғболӣ нисбати саломатӣ ва кори аз андоза зиёд боиси асабхаробӣ ва бемориҳои дигар мегардад. Эхтимоли аз даст додани маблағи калони пулӣ дар назар аст.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз ҳодисаҳои ногувор ва бемориҳо имкон доранд. Агар шумо мошин меронда бошед, дар роҳ эҳтиёт шавед. Бо шахси наздик ва хешу ақрабо мушкилӣ сар мезанад. Минбаъд давом ёфтани муносибатҳои ошиқона аз шумо вобастагӣ дорад. Дӯстону наздикон ба кумаки шумо ниёз пайдо мекунанд. Мушкилоти рӯзгор боиси сарф кардани маблағи зиёд мегардад.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Давраи санҷишу имтиҳони зиндагиятон ҳанӯз ба охир нарасидааст. Баъзе ғалату камбудиҳо шуморо водор месозанд, ки минбаъд нисбати дӯстону наздикон бодиққат бошед. Агар яке аз наздиконро ранҷонида бошед, бахшиш пурсида, муносибатҳоятонро беҳтар сохта метавонед. Рӯзи хубест барои мулоқоти ошиқона. Саломатиятон дар ин рӯз ташвиш намедиҳад.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Вазъи молиявӣ ва беҳтар шудани зиндагиятон аз қобилиятҳои корӣ ва ҷидду ҷаҳди шумо вобастагӣ дорад. Муҳаббату осоиштагӣ аз нав дар кошонаатон танинандоз мегардад ва табъи нохуш шуморо тарк месозад. Дар ин рӯз нисбати саломатии дил бодиққат бошед. Як сухани дурушт метавонад дили дӯстдоштаатонро аз шумо сард гардонад, аз ин рӯ, аввал андеша намуда, баъдан гап занед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар муносибатҳои ошиқонаатон муваффақ мегардед. Мардҳо яке аз мушкилоти бо хонуми дӯстдоштаашон сарзадаро рафъ месозанд. Сабру таҳаммул ва саховатмандии шумо пеши роҳатонро мекушояд. Бонувон аз вохӯриҳои ошиқона худдорӣ карданашон беҳтар аст, вагарна ҳодисае рух медиҳад, ки табъатонро хеле хира мегардонад. Мағозаву бозоргардӣ бо фарзандон боиси холӣ шудани кисаҳоятон мегардад.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Рӯзи душвор аст. Бояд сабру таҳаммулро пеша намуда, аз корҳои номатлуб худдорӣ намоед. Вохӯриҳоро ба рӯзи дигар монед. Бо шахсе, ки дӯсташ медоред, ба ҳамдигарфаҳмӣ омаданатон душвор мегардад. Нафароне, ки дар вохӯрии аввали ошиқона дилмонда мегарданд, ноумед шуданро маслиҳат намедиҳем. Қобилияти корӣ ва сатҳи даромади пулӣ кам мегардад.

Далв (21 январ-20 феврал)

Дар ин рӯз бештар хобидану ғаму андуҳро аз дил дур кардан ва истеъмоли меваву сабзиҷотро тавсия медиҳем. Бонувон бояд ба нишонаҳои беморӣ диққати хоса диҳанд. Рехтани шир фоли бад аст. Эҳтимоли сар задани мушкилоти молиявӣ дар назар аст. Аз хӯрдани гӯшт ва хӯроки тунд худдорӣ намуда, ғами меъдаи худро хӯред. Номафҳмиҳое, ки байни нафарони оиладор рух медиҳанд, зудгузаранд. Баъди нисфирӯзӣ каме нотоб мегардед.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Дар ин рӯз ба маслиҳати мутахассисон, нафарони калонсол ва кордон гӯш андозед. Одати ягон гапро ба эътибор нагирифтанатон дар ҳамин рӯз бар зарари худатон мегардад. Ҳаёти шахсӣ аз шумо эҳтиёткорӣ, меҳрубонӣ ва сарфа кардани пулро тақозо мекунад. Хароҷоти калон накунед. Агар вақти холӣ пайдо намоед, онро бо нафаре гузаронед, ки бароятон азизу дӯстдоштанӣ аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *