толенома

Толеъномаи 11-уми сентябри соли 2023

Ҳамал (21 март-20 апрел)

ҳамал

Дар гузашта кори нохубе кардаед, ки то ҳол доғаш дар дилатон нуҳуфтааст. Дар аввали рӯз ҳолати ҳаяҷониро аз сар мегузаронед. Нафареро вомехӯред, ки ба ҳалли масъалаҳои равониатон мусоидат мекунад. Кӯшиш кунед, то охири рӯз вазифаҳои бар дӯш доштаатонро ба анҷом расонед. Хабарҳое, ки мешунавед, шуморо парешонхотир месозанд.

Савр (21 апрел22 май)

савр

Нимаи аввали рӯз аз таҷрибаи доштаатон ба гурӯҳи кормандонатон омӯзиш гузаронед. Вазифаҳоеро, ки бар дӯшатон бор аст, сари вақт ба анҷом расонед. Роҳбаратон нақшаи баланд бардоштани моҳонаатонро кашидааст. То охири рӯз ҳама корҳоятонро баробар карда, шом дар иҳотаи фарзандон будан манфиатбахш аст.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

ҷавзо

Дар аввали рӯз нафаре пайдо шуда, бо нигоҳҳои меҳрубонона шуморо ба худаш ҷалб мекунад. Ҳангоми муносибат бо шахсони бегона эҳтиёткор бошед. Беҳтараш сирратонро ба касе нагӯед. Ҷавзоҳои танҳоро вохӯриҳои хотирмон ва тақдирсоз интизор аст. 

Саратон (22 июн-22 июл)

саратон

Аввали рӯз роҳҳои ҳалли тиҷоратро пайдо намуда, шартномаро ба имзо мерасонед. Барои як қатор дӯстон ва пайвандон рӯзи душанбе каме хатарнок мебошад. Барои иҷрои нақшаҳоятон тасмими ҷиддӣ гиреду нисбати гуфтаи атрофиён бетараф набошед.

Асад (23 июл23 август)

асад

Имрӯз ба корҳои шахсӣ ва сарпарастӣ машғул шудан айни муддаост. Шарт нест, ки сарпарасти шумо зан бошад ё мард. Муҳим он аст, ки таҷрибаи нокифояатон пурра мегардад. Хабар ё паёмакеро аз дур қабул мекунед, ки интизораш будед. Саломатиатонро дар мадди аввал гузошта, ба гуфтаи табибон амал намоед.

Сумбула (24 август-23 сентябр)

сумбула

Имрӯз даст кашидан аз амалҳои нохубро пешаи худ қарор медиҳед. Барои нақшаҳои нав маҳз бо шахсоне, ки дар соҳаи тиҷорат таҷрибаи хуб доранд, ҳамсуҳбат шавед. Баъзе сумбулаҳоро лозим аст, ки ба рухсатии меҳнатӣ бароянд. Охири рӯз парешонхотирӣ азиятатон медиҳад. Беҳтараш ба навиштани мақола ё ягон кори эҷодӣ машғул шавед. Ситораҳо тавсия медиҳанд, ки барои истироҳат вақт ҷудо намоед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

мизон

Нақшаи амалӣ намудани корҳоеро, ки ба ҳаёти шахсиатон дахл доранд ва ҳамчунин корҳое, ки ба манфиататон аст, тарҳрезӣ намоед. Аз маслиҳате, ки хосияти махфӣ дорад, ба касе лаб накушоед. Пеш аз сафар мошинатонро аз назари усто гузаронед. Охири рӯз шуморо ба меҳмонӣ даъват мекунанд. Агар аз рафтан ба онҷо худдорӣ намоед, беҳтар аст.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

ақраб

Ақрабҳоро навгониҳои зиёде дар ин рӯз интизор аст. Аз ҳама масъалаи муҳим корҳои хонаро ба анҷом расонидану норасогиҳои оиларо баробар кардан пеш меояд. Ҳамчунин, корҳоеро, ки бароятон муҳим аст, хотима бахшед. Вохӯрӣ бо дӯстонро дар соатҳои берун аз корӣ ба нақша гирифтан манфиатбахш аст. Зимни мулоқот бо шахси ношинос эҳтиёткор бошед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

қавс

Қавсҳоро баъзе мушкилиҳои вобаста ба нақлиёт ва техникаҳои маишӣ пайдо мешавад. Нофаҳмиҳо байни пайвандон ба миён меояд. Қавсҳое, ки имкони забономӯзӣ доранд, вақти хуб аст. Пешниҳод ва андешаи дигаронро ба назар гирифта, идеяи худро тартиб диҳед. Истироҳатро фаромӯш насозед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

ҷаддӣ

Аввали рӯз мушкилоти пулиатон ҳалли худро меёбад. Барои тарҳи нақшаи нав каме фурсат аст. Бо нафаре, ки дур аз шумо қарор дорад, метавонед дар дилхоҳ вақт муошират намоед. Корҳое доред, ки бояд ба анҷом расонед, вале бо дахолату монеагии дигарон ҳал нашуда мемонанд. Дар охири рӯз ба аёдати волидон равед.

Далв (21 январ-20 феврал)

далв

Муносибатро бо атрофиён хуб намуда, нақши онҳоро дар пешрафти кору зиндагиатон баҳо диҳед. Ба хотири он ки бонк пулҳоятонро якбора баргардонида наметавонад, мушкилии бепулӣ пешорӯятон меояд. Супоришҳои таъҷилиро ба анҷом расонида, роҳбаратонро дилгарм намоед.

Ҳут (21 феврал-20 март)

ҳут

Нақшаи бо нафаре ҳамсуҳбат шуданро доред. Барои амалӣ кардани он шарт нест, ки то охири рӯз рӯзи истироҳатиро интизор шавед. Нафароне, ки бароятон ваъда карда буданд, ваъдаашонро иҷро намекунанд. Шартномаҳои заруриро сари вақт ба анҷом расонед. Сафари тӯлонӣ шуморо интизор аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *