Толеъномаи 12 апрел 2018

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Рӯз барои оғоз намудани кори нав чандон мусоид нестанд, беҳтараш аз пайи амали намудани нақшаҳои пешинаатон шавед. Ҳангоми гузаштан аз роҳ ва рондани мошин эҳтиёткор бошанд, зеро хавфи сар задани садамаи нақлиётӣ вуҷуд дорад. Зудбовариву фориғболӣ имрӯз бар зарари  шумо хоҳад буд.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Хатоҳои  гузашта рӯ зада, таъсири ногувори худро ба ҳаётатон мегузорад.  Бояд сирру асрори худро дар назди ҳар касу нокас накушоед, агар дар назди дӯсту душман шарманда шудан нахоҳед. Дар корхона ё хонаатон баъзе нофаҳмиҳо сар заданашон мумкин.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Ҳодисае имрӯз рухмедиҳад ва чашматон кушода шуда, дӯстро аз душман фарқ мекардагӣ мешавед. Эҳтимол  аз баъзе дӯстонатон ҷудо шавед. Ҳангоми ҳаракат дар роҳ эҳтиёт шавед. Дар ин рӯз аз харид ва таъмири асбобҳои техникӣ худдорӣ намоед.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Агар ба касе чизе ваъда дода бошед, ҳатман ба қавлатон вафо кунед. Пеш аз қабули пешниҳоди нав, ҳама тарафҳояшро санҷида бинед. Кореро, ки аз уҳдаи иҷрояш  ба хубӣ баромада наметавонед, ба гардан нагиред. Хабари хуш ва сафари берун аз шаҳр шуморо интизор аст.  Саломатиатон шуморо ташвиш намедиҳад.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Рӯз пур аз навигариҳост. Дар ҳалли мушкили дигарон кумак кардан хуб аст, вале ба зиндагии шахсии онҳо зиёд дахолат накунед. Бо ашхоси нав шинос мешавед ва пешниҳоди онҳо дари бахтроба рӯятон боз мекунад. Албатта агар зирракиву доноиитаонро ба кор баред.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Барои расидан ба мақсад, шумо бояд касбу кори наверо аз худ намоед. Агар  саросема шавед бар зарари худ амал карданатон мумкин. Зиёд ба баҳсу мунозираҳо ҳамроҳ нашавед то сафи душманонатон зиёдтар нагардад. хоҳад гашт.  Аз нобарориҳо рӯҳафтода машавед, зеро «Поёни шаби сиёҳ сафед аст» сарфаҳм мерафтагӣ мешавед.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Дар ҷашну маҳфилҳои имрӯза шумо гули сари сабад мешавед.  Дар коргоҳ бошад корҳоятон чандон барор намегиранд. Эҳтимол чизе ё касеро аз даст хоҳед дод. Аз нотавонбинии ҳамкасбон рӯҳафтода нашавед чуноне мегӯянд “Худованд сахӣ аст”, шояд тақдир чизеро насибатон мегардонад, ки аз оне,ки аз даст додед ба маротиб беҳтар аст.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Имрӯз агар ҳама корро бо табъи болида ва дили пур оғоз намоед, тамоми корҳоятон барор мегиранд. Лоиҳаи наватон  ба шумо ҳам ному ҳам нони калон  мебиёрад. Бо кумаки ақрабо мушкили калони худро ҳал мекунед. Охири рӯз хабари наверо ба шумо мерасонанд. Хӯроки шомро дар берун нахуред.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Имрӯз бояд ниҳоят эҳтиёткор бошед. Ба он чизе, ки мегӯед аҳамият диҳед. Рӯз пур аз рӯйдодҳои аҷибу ғалатиаст.  Қавсҳои муҷаррадро вохӯриҳои аҷиби ошиқона интизоранд. Барои рафъи сардардӣ на аз табобати халқӣ, балки аз хизматрасонии тубиби касбӣ истифода баред. Нисбат ба тарбияи фарзандон бетаваҷҷӯҳнабошед.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Метавонед бо дили пур ба шахсе, ки кайҳо боз дӯсташ медореду дар орзуи васлаш ҳастед, изҳори муҳаббат намоед. Ба шунидани хабарҳои ногаҳонӣ худро омода созед. Бо шахси оқилу накӯкоре робита барқарор менамоед, ки  дар амалӣ намудани нақшаҳоятон ба шумо ёрӣ мерасонад. Охири рӯз аз дидори дӯсти деринаатон қалбатон шод мегардад.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Дар ҷодаи далвҳоро сюрпризи аҷоибе интизор аст. Даромади калони пулӣ ба даст меоред. Барои бештар гаштани даромад хайру саховат карданро фаромӯш насозед.  Дар коргоҳ бадхоҳону душманоне пайдо мешаванд, ки аз пешравии шумо хушашон намеояд.  Саломатиатон имрӯз шуморо ташвиш намедиҳад.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Дар оилаи баъзе ҳутҳо бебарориҳо пайи ҳам рух додан мегиранд. Муноқишаҳои оилавӣ метавонанд решаи бахти шуморо ба қавле тешакан кунад. Аз аспи кибру ғурур поин оед ва аз пайи ислоҳи мушкилот шавед. Ба хотири зиндагонии осуда ва хушҳолии тифлон бояд аввалин шуда гузашт кунед.  Асабонияти зиёд боиси фишорбаландӣ мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *