Толеъномаи 12 апрел 2019
Ҳамал ( 21 март-20 апрел)
Рӯзбарои рафъи мушкилиҳои оилавӣ хеле мусоиданд. Ҳатто бо ҳамсари якравтарин ҳам забон ёфтанатон дар ин рӯзҳо осон мегардад, ба шарте ки бо далелҳои муътамад гап занеду ба асабоният дода нашавед. Агар пул кор кардан хоҳед, танбалиро аз худ дур кунед.
Савр ( 21 апрел – 22 май)
Аввали рӯз корҳоятон бобарор анҷом меёбанд. Барои он ки даромади хуб ба даст оварда тавонед, дар ҳама кор ташаббус нишон диҳед. Миёнаи рӯз дар зиндагии шахсиятон ноҷӯриҳо имкон доранд. Саломатиятон хуб аст, вале саломатии яке аз наздиконатон нохуб гашта, боиси ташвишу изтиробатон мегардад.
Ҷавзо ( 23 май-21 июн)
Агар вақтҳои охир нисбати якдигар бемеҳр гашта бошед, вақте расидааст, ки камбудиҳоро ба рӯйи якдигар ошкоро гуфта, зиндагиро аз нав оғоз намоед. Ҳангоми сафар ба роҳи дур ҷавзоҳои танҳо ба нафари аз худашон калонсол ошиқ мешаванд. Дар ин рӯз дар хонаатон низ мушкилиҳо сар мезананд, вале танҳо бо сабаби камбудиҳои рӯзгор.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Агар нияти харидани мебел ё техникаи рӯзгорро дошта бошед, рӯзи мазкур барои ин иқдоматон айни муддао аст. Инчунин барои аз мағоза нася гирифтани молу амвол рӯзҳои мусоид аст. Агар шумо оиладор бошед, ҳамсаратон маблағи хуб ба даст меорад ва имкони беҳтар сохтани шароити манзили худро мекунед.
Асад ( 23 июл – 23 август)
Имрӯз шумо сифатҳои беҳтарини дӯстдоштаи худро муайян месозед, ки қаблан пай набурда будед. Агар шумо муҷаррад бошеду бо нафаре риштаи муҳаббат баста бошед, вақте расидааст, ки аз пайи оила бунёд кардан шавед. Миёнаи рӯз нафароне, ки бо савдо сару кор доранд, маблағи хуб ба даст оварда, аз пайи рафъи камбудиҳои худ мегарданд. Барои беҳтар сохтани вазъи молиявӣ хароҷоти худро кам кунед.
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Рӯз барои мустаҳкам сохтани саломатӣ созгор аст. Ба тозагӣ риоя кунеду барои пешгирӣ намудани бемориҳои вирусӣ ва шамолкашӣ кӯшиш ба харҷ диҳед. Миёнаи рӯз дар муносибатҳои ошиқона ва маҳрамона муноқишаву нофаҳмӣ имкон дорад. Барои пешгирӣ намудани нофаҳмиҳо нисбати дӯстдоштаи худ меҳрубон бошед. Охири рӯз ба касе қарз надиҳед ва қарз ҳам нагиред.
Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Дар ҳаёти нафароне, ки ошиқ шудаанд ё нав ошиқ мешаванд, лаҳзаҳои хотирмон рух медиҳанд. Агар шумо ҳанӯз ҳам танҳо бошед, барои пайдо намудани муҳаббати худ фаъолтар бошед. Агар шумо соҳиби фарзанд бошед, аз пештара бештар нисбати ҷигарбандони худ бодиққат бошед. Барои саломатии худ маблағро дареғ надоред, барои табобат дорувориҳои даркориро харидорӣ намоед.
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Ақрабҳо дар ин рӯз бояд диққати бештари худро ба аҳли оилаашон равона созанд. Қабл аз ҳама аз саломатии аҳли оила ва наздикон бохабар гардед. Инчунин аз иҷро намудани корҳои хона рӯ натобед. Танҳо дар ҳамин ҳолат муҳити оилавиатон гарму беғубор гашта, дигар лаҳзае онро тарк кардан намехоҳед. Ба қабул кардани меҳмон омода бошед, ин рӯз ба хонаатон меҳмон меояд.
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Дар ин рӯз хоҳиши сафар кардан лаҳзае ороматон намегузорад. Бо пайдо шудани камтарин имконият ба ҷое сафар кардану бо нафаре шинос шудан мехоҳед. Робита бо дӯстони нав ҳам фоида меораду ҳам табъи дилатон мегардад. Имрӯз барои дӯстдоштаи худ туҳфа нагиред, интихоби шумо ба ёратон хуш намеояд. Барои муайян сохтани сабабҳои камқувватӣ ба табиб муроҷиат кунед.
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Тамоми рӯз бо масъалаҳои пулӣ, хариду фурӯш алоқамандӣ дорад. Он чизеро, ки кайҳо дар ҷустуҷӯяш будед, харидорӣ мекунед. Либосҳоеро, ки дар ин рӯзҳо харидорӣ мекунед, дергоҳ пушида гашта метавонед. Миёнаи рӯз бо яке аз хешовандонатон муноқиша мекунед. Сабаби нофаҳмӣ дар он аст, ки шумо бе маслиҳати наздикон ба коре даст мезанед. Маблағи дар даст доштаатонро ба зудӣ сарф накунед, вагарна то охири моҳ азоби бепулӣ мекашед.
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Дар ин рӯз ба бемориву камбудиҳои шахсӣ диққати бештар ҷудо кунед. Миёнаи рӯз аз шиносшавӣ бо нафаре худдорӣ намоед, хусусан ба нафаре ошиқ шуданро тавсия намедиҳем. Аз муносибатҳои пинҳонии ошиқона худдорӣ намоед, вагарна аз ғайбату миш-миши атрофиён ҷонбезор мегардед. Вазъи молиявиатон хуб аст, вале саховатмандии шумо ба зудӣ кисаҳоятонро холӣ месозад.
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Дар ин рӯз барои шумо оромиву сукут лозим аст. Барои он ки бо дӯстдоштаатон ранҷишу озурдагӣ рух надиҳад, то охири рӯз бо баҳонае аз ӯ худро дур гиред. Баъди он ки асабҳоятон орому қалбатон осуда мегардад, ба худ меоед. Бо нафарони нав шинос шудану ба тамошои табиати нотакрори кишварамон сафар кардан ба шумо нишот мебахшад. Имкони гум шудани ҳуҷҷатҳои лозима ва ҳамёнатон вуҷуд дорад, аз ин лиҳоз фориғболӣ накунед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ