Ҳамал ( 21 март-20 апрел)
Саратон (22 июн- 22 июл)
Саратонҳо дар ин рӯз мустақилона амал намуда, нуқтаи назари наздиконашонро ба инобат намегиранд. Чунин рафтор метавонад боиси муноқиша бо волидон ё хешовандон гардад. Босабр бошеду қабл аз кореро кардан оқибаташро нағзакак андеша намоед. Имкони гум кардани пул ё кисаатонро ғорат задании дуздон вуҷуд дорад. Нимаи дуюми рӯз барои бо наздикону хешовандон оштӣ шудан мусоид аст.
Асадҳо дар имрӯз ба як қатор мушкиливу маҳдудиятҳо рӯ ба рӯ мешаванд. Вазъи саломатиятон баногаҳ бад шуда, маҷбур мешавед бо табобат машғул шавед. Дар ин давра вохӯриву шиносоиро ба нақша нагиред: одамон бо душворӣ бо шумо дар тамос мешаванду ибрози ақида кардан намехоҳанд. Аввали рӯз байни шумову ҳамсафари ҳаётӣ ё ҳамкори тиҷоратӣ нофаҳмӣ рух медиҳад. Ба ваъдаҳои хушку холӣ бовар накунеду ба ҳуҷҷатҳо имзо нагузоред.
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Дар ҳаёти сунбулаҳо тағйироти зиёди ногувор рух медиҳад. Сабаби муноқиша бо дӯстон қарз пурсидани маблағ аст. Агар вайрон шудани муносибатҳоятонро намехоста бошед, беҳтараш дар ин масъала лаб накушоед. Аввали рӯз нисбати саломатии худ бепарво набошед, доруи хоб ва машруботро зиёд истеъмол накунед. Нимаи дуюми рӯз барои сунбулаҳое, ки сару либоси худро нав кардан мехоҳанд, созгор аст. Пурхӯрӣ сабабгори бемории ҷигар ва дарди сар гашта метавонад.
Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Хуб мебуд, ки нафарони дар моҳи мизон тавлидёфта корҳои душворҳалро бар дӯши худ нагирифта, оромиро пеша намоянд. Аввали рӯз байни дӯстон ва шахсеро, ки шумо дӯст медоред, муноқиша рух медиҳад. Ба ҷанҷоли онҳо қуш нашавед, он бе кӯмаки шумо низ рафъ мегардад. Нимаи дуюми рӯз барои истироҳату дамгирӣ бисёр мусоид аст. Дар ҳама кор андозаро нигоҳ доред, вагарна саломатиятон бад гашта, ҷароҳат мебардоред.
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Ҷаддиҳо дар ин рӯз бо олами беруна созиш карда наметавонанд. Аксаран бо нафарони бадхоҳу бадандеш дучор мешавед, ки бо онҳо ҳатто гуфтугӯ кардан номумкин аст. Агар байни шумову ҷуфти ҳаётиатон қаблан мухолифат вуҷуд дошт, дар ин рӯз кор ба муноқишаи калон мепечад. Шумо барои гузашт кардан омода ҳастед, вале ҷуфтатон аз аспи ғурур фаромадан намехоҳад. Аввали рӯз ба касе қарз надиҳеду худатон низ қарз нагиред.
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Ҳутҳо дар рӯзи нав бояд нисбати нафароне, ки дӯсташон медоранд, меҳрубону бодиққат бошанд. Байни шумову нафаре, ки чанд муддат вомехӯред, нофаҳмӣ рух медиҳад. Барои рафъи вазъият шумо бояд талаботи худро нисбати дӯстдоштаатон кам кунед. Аввали рӯз ба саломатии худ бодиққат бошед. Аз дорувориҳо ва машрубот сӯистифода накунед. Нимаи дуюми рӯз ба тӯй, ҷашн ё маъракаи дигаре даъватӣ мешавед, аз имкони дилхушӣ кардан худро маҳрум насозед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ