Толеъномаи 12 феврал 2018

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Шумо аз ҳаррӯза зиёдтар бо ҳамкорон баҳс мекунед, вале кӯшиш кунед то ба шахсияти ҳамкорон нарасед. Имзои ҳамагуна шартномаҳоро то нисфирӯзӣ анҷом диҳед. Бегоҳ бошад аз фаъолияти корӣ дур бошед. Имрӯз мариди таваҷӯҳи беш аз ҳади ҷинси муқобил қарор мегиред ва ин дӯстдошта ё ҳамсаратонро ба хашм меорад.Барои нигаҳдории саломатӣ ҳафтае ду мартиба то коргоҳ ё лоақал нисфи роҳи то корхонабарандаро пиёда тай намоед. Ҳаёти шахсиатон якранг ва дилгиркунанда шудааст ба ҷойи ҷустанидигаргуни дар берун беҳтараш ҳамсари хешро ба театр ё кино даъват кунед. Ба муносибатҳотон дигаргунӣ ворид намоед.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Асабҳоятон ноором буда худатонро идора карданатон мушкил мешавад. Ҳамагуна баҳсу мунозира бо роҳбарият бар зарари шумо тамом хоҳад шуд. Рӯз барои супоридани имтиҳон, баргузории вохӯриҳо корӣ дуруст намегирад. Аз имзои санадҳо худдорӣ намоед.Кӯшиш намоед зиёд асабонӣ нашавед то ба дилатон зарар накунад. Аз муошират бо пайван лаззат баред ва кӯшиши таӯйир додани онҳоро накунед,зеро шумо низ идеалӣ нестед. Агар хҳед, ки бо шумо хуб муносибат кунанд ба дигарон хубӣ карданро низ фаромӯш накунед.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Кори оғознамудаатонро ба охир расонидан беҳад мушкил гаштаву мехоҳед онро чанд рӯз  ба ба таъхир гузоред. Ин фикратон ба роҳбарият маъқул шуданаш ба гумон аст. Хатари вайрон шудани шартномаи корӣ вуҷуд дорад. Аз наздикон дастгирии маънавиро интизореду танҳотанқид ва сарзаниш мешунавед. Бегоҳ аз даромади пулӣ шод мешавед.Имрӯз корҳоятон зиёд аст бинобар ин ба муноқиша бо ҳамхонаҳо вақт сарф накунед ва на асаби хеш на аз дигаронро вайрон накунед. Пеш аз хоб доруи оромбахш ё як қадаҳ вино истеъмол намоед хуб мешавад.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Имрӯз ҳатто хатои кӯчактаринатон метавонад боиси гапу калочаҳои зиёд гардад. Рози дил кардан бо шахсе, ки хуб намешиносед оқибати хуб наморад. Умуман имрӯз чи қадаре, кам ҳарф занед ҳамон қадар хуб аст. Кӯшиш намоед истеъмоли доруҳои гуногунро кам кунед, ҳатто агар онҳо гаронарзиш ва аз хориҷа оварда шуда бошанд ҳам. Доруи зиёд зарараш низ зиёд аст.  Эҳтимол меҳнати деринаатон  имрӯз самари хуб диҳад.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Аз ҳамгуна шартномаҳои шубҳанок даст кашиданатон лозим вагарна эҳтимоли сарзадани мушкилот бо намояндагони қонун ва давлат ба миён меояд. Барои ширкат дар чорабиниҳои бузург рӯзи мувофиқ аст. Шиносои нав аввали дустии бузурге хоҳад буд. Вазъи саломатиатон хуб аст ва барои онро  муддати тӯлони чунин нигоҳ доштан ба машқи ҷисмонӣ машғул шавед. Дар ҳалли мушкилоти оилавӣ фикри ҳама аҳли хонаводаро ба инобат гиред. Барои аёдати хешу ақрабо рӯзи мусоид аст.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Маълумоте, ки интизораш ҳастед дер ба даст омадаистодаат ва боиси асобонияти шумо гаштааст. Одамонеро беихтиёр меранҷонед, киҳеҷ гуноҳе надоранд. Вақти холигиатонро ба дучархасаворӣ ё лижаронӣ гузаронед на бо бозии компютерӣ. Истироҳат бояд ба саломатӣ фоидаовар бошад на баръакс. Машварат ва маслиҳати бонуи солхӯрдае аз авлод ба манфиати кор ва зиндагии шумо хоҳад буд.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Дилатон беқарор асту дар ҷойе ором намегиред. Замагуна сафарҳо чӣ корӣ бошад чӣ шахсӣ натиҷаи хуб меорад. Аз лиҳози иқтисодӣ рӯзи хуб аст, барои бастани шартномаҳои бузурги корӣ мусоид.Эхтимол аз  гирифтани тӯҳфаи ногаҳонӣ ё ҳатто изҳори муҳаббат зиёд аст. Шамолкшии роҳҳои нафасро бояд сари вақт табобат кард вагар на оқибаташ вазнин хоҳад буд. Ширкати шумо дар маъракаи имрӯзаинаи хонаводагӣ аз корҳои идора муҳимтар аст, бинобар ин ҷавоб гирифта зудтар ба хона равед.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Имрӯз бояд беш аз ҳар вақти дигар эҳтиёткор бошед. Хатари сар задани  муноқиша бо шахсоне, ки муддати тӯлони ҳамкории хуб доштед вуҷуд дорад.Худхоҳӣ ва ҳақгирифтани хеш  боиси хатокориатон хлҳанд шуд. Рафторе накунед, ки боиси шубҳаи ҳамсар ё дӯстдоштаатон гардад. Бе  ин ҳам муносибатҳоятон чандон хуб нест. Вазни зиёд боиси минёндардӣ шуданаш мумкин, ба варзиш машғул шавед. Агар имконият бошад аз хизматрасонии маҳсгар истифода баред. Мисли ақраб ба ҳамхонаҳо неш назанед.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Чуноне мегӯянд “Ба умеди баҳовадин машаву буттаро маҳкам дор” Барои расидан ба мақсад ба умеди кумаки касе нашуда худатон бод ҳаракат кунед. Якдигарнофаҳмӣ дар оила, муноқиша бо наздикон боис мегарда, ки наздикон ҳуморо сабукандеша шуморанд. Агар мушкилоти шумо сигркашӣ ё вазни зиёдатӣ бошад имрӯз барои оғози мубориза бо ин мушкилот фурсати муносиб аст. Агар аз хурдани ширинӣ ва хӯрокҳои серравған даст накашед ягон машқи ҷисмонӣ кумак намекунад. Агар имрӯ аз корҳои ҳамешагии хона даст кашед ва каме барои худ вақт ҷудо кунед дунё ба охир намерасад.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Агар ҳис мекунед,ки барои даровардани тағйирти куллӣ ба ҳаёти шахсӣ ё раванди кориатон рӯҳан омодаед пас имрӯз вақти беҳтарин аст. Аз кӯмаки дусти наздик ё хеши наздикатон кор гиред хуб мешавад. Саломатиатон имрӯз шуморо ташвиш нахоҳад дод.  Дар оил низ осоиш ва муҳаббату якдигарфаҳмӣ ҳукмфармост. Ба қадри ёри вафодор ва хушии оилавӣ бояд расид.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Ҳарчанд хуши кор кардан кам мондаасту мехоҳед корҳоро ба ёрдамчиатон ё каси дигаре супоред,ле агар хоҳед ки кор хуб ба анҷом расад худатон анҷом диҳедаш.  Либоси гар пушед ва ҳатман гулӯятонро бо шарф аз сарди муҳофизат кунед то шамолнакашед. Имрӯз тақдир ба шумо имконият медиҳад то хатогиҳои гузаштаи худро ислоҳ намуда дили хешовандони наздику дурро ба даст оред. Барои ин кор фақат каме худхоҳиро канор гузоштан лозим меояд.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Аз лиҳози иқтисодӣ рӯзи бисёр бобарор аст. Эҳтимоли даромади калони пулӣ ва ё бозгашти қарзи кӯҳна вуҷуд дорад. Вақтгузарони бо ҳамсар ё дустдошта хотирмон ва хуш пешгӯӣ мешавад. Агар аз меҳнати зиёди ҷисмонӣ канораҷӯӣ кунед саломатиатон шуморо ташвиш нахоҳад дод. Ба наздикони худ таваҷӯҳ кунед. Шояд ба касе аз онҳо вақдае додаеду фаромӯш кардед пас имрӯз вақти вафо кардан ба қавли дадаатон аст. Умуман эҳтимол яке аз наздикон ба кӯмаки шумо ниёз пайдо кунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *