Толеъномаи 12 июн 2017
Ҳамал ( 21 март-20 апрел)
Гардишҳои ногаҳонии қисмат, фиреб хӯрданатон дар назар аст. Аз корҳои хавфнок, шиносоиҳои шубҳанок ва корҳое, ки ба саломатиятон хатар доранд, эҳтиёт шавед. Агар шуморо ба меҳмонӣ даъват кунанд, боодобона рад кунед. Эҳтимоли аз даст додани маблағ, ташвиши рӯзгор ва ҷанҷоли оилавӣ дар назар аст. Ба касе ваъдаҳои беандеша надиҳед.
Савр ( 21 апрел – 22 май)
Рӯзи бобарор аст, хусусан барои бонувоне, ки дар вазифа боло рафтан мехоҳанд. Мардҳо дар ҷодаи касбу кор дучори мушкилӣ мегарданд ё душвориҳои рӯзгор имкон доранд. Дар масъалаи молиявӣ каме душворӣ пеш меояд, вале ба он чандон диққат додан лозим нест. Сафару саёҳатҳоро ба таъхир гузоред. Бемориҳои илтиҳобӣ хурӯҷ мекунанд.
Ҷавзо ( 23 май-21 июн)
Дар ин рўз ба сафари роњи дур рафтанро маслињат намедињем. Дар љойи сокиту ором бо нафарони бароятон дилкаш суњбат кунед ё бо кори зењнї машѓул шавед. Дар масъалаҳои пулӣ бо нафароне, ки нисбаташон боварї надоред, ҳамкорӣ накунед. Ба садои ќалб гўш андохта, дўстро аз душман фарќ карда метавонед.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Аз ҷониби шарикони корӣ дастгирӣ мебинед. Аз маблағгузорӣ ба нақшаҳои нав заррае пушаймон намешавед. Натиҷаи фаврии заҳматҳояшонро интизор нашавед, аз пайи меҳнати беҳтару хубтар гардед. Нисбати шахси дӯстдоштаатон фишор наоред, вагарна байнатон муноқиша мехезад.
Асад ( 23 июл – 23 август)
Дар ин рӯз на ба касбияти худ, балки ба таҷрибаи бой такя намоед. Танҳо дар ҳамин сурат коратон барор гирифта, ҳамкорон ба шумо диққат медиҳанд. Бо роҳбарияти коргоҳ баҳсу мунозира накунед, вагарна ба зудӣ бе ҷойи кор мемонед. Овозаи баде, ки имрӯз дар ҳаққи яке аз атрофиёнатон мешунавед, боиси асабхаробиятон мегардад.
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Дар ин рӯз танҳо ба қувваи худ умед бандед, хусусан дар масъалаҳои молиявӣ ба умеди кӯмаки нафаре нашавед. Маблағи худро ба коре, ки фоида намеорад, сарф накунед. Кореро, ки аз уҳдааш намебароед, иҷро карданашро ба касе ваъда надиҳед. Сафару дидорбиниро ба таъхир гузоред. Аз вохӯрӣ бо шахсе, ки дӯсташ медоред, болидаруҳ мегардед.
Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Дар ин рӯз бо коре машғул мешавед, ки бароятон ягон фоида намеорад. Дар баъзе ҳолатҳо эҳсосоти худро ба даст гиред, вагарна кор бо муноқиша анҷом ёфта, оқибаташ бар зарари шумо мегардад. Дар ҷодаи муҳаббат ҳодисаҳои ногаҳоние рух медиҳанд, ки аз он амон ёфта наметавонед.
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Рӯзи бебарор аст. Зимни робитаҳо ботаҳаммул бошед, вагарна беадабиву исроркорӣ сади роҳи фаъолияти босамаратон мегардад. Тамоми нобарориҳоро файласуфона қабул намоед. Барои беҳтар сохтани вазъи молиявӣ, маблағи дар даст доштаи худро барои як моҳ ба нақша гиред. Аз хариди калон худдорӣ намоед.
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Рӯзи пур аз ҳодисаву гардишҳои ногаҳонии қисмат ва фиреб аст. Диққати худро ба кори муҳим равона сохта, ба чизҳои майда-чӯйда диққат надиҳед. Мушкиливу ғалати дар касбу коратон мавҷудбуда тамоми вақтатонро фаро мегиранд. Одати ба ҳама бовар кардану дарди дил карданатон имрӯз ба саратон нохушӣ меорад.
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Дар ин рӯз ҷиддан бо мустаҳкам кардани масунияти бадан машғул шавед. Аз витаминҳое, ки табиат бароятон фаровон фароҳам овардааст, истифода бурда, саломат мегардед. Эҳтимоли гум кардани маблағи пулӣ дар назар аст. Ба касе чизеро ваъда надиҳед, аз уҳдаи иҷрояш намебароед.
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Дар ин рӯз бо фикру андешаҳои худ андармон гашта, воқеаҳои муҳимро мадди назар мегардонед. Бо нафароне, ки дар ин рӯз шинос мешавед, бароятон писанд намеоянд. Қобилияти баланди корӣ барои рафъ намудани корҳое, ки диққатнокии зиёдро талаб мекунанд, ба шумо кӯмак мерасонад.
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Дар ин рӯз нуқтаи назари худро нисбати нафаре, ки ба наздикӣ шинос шудаед, тағйир надиҳед. Ба ғайбату бадгӯиҳо низ бовар накунед. Дар рафъ намудани мушкилоти рӯзгор ва камбудиҳои молиявӣ нафарони калонсоли оилаатон кӯмак мерасонанд. Мушкилиҳои муҳимро дар ҷойи кор рафъ намуда, баъди нисфирӯзӣ нафаси осуда мекашед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ