Толеъномаи 12 май 2017

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Ҳодисаҳои ногувори нимаи аввали рӯз боиси фишори руҳӣ ва аз даст рафтани нерӯи зиёдатон мегардад. Дучори иғвогариву беилтифотии атрофиён мегардед. Ба дағалӣ бо дуруштӣ посух нагӯед, оромона аз пайи кори худ шавед. Ҳар қадаре барои расидан ба мақсад боисрор бошед, ҳамон андоза имкони пулкоркуниро пайдо месозед.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Мушкилиҳои молиявиатон бобарор анҷом меёбанд. Муваффақият шуморо дар корҳои тиҷоратӣ ва эҷодиёт ҳамсафар мегардад. Меҳнати зиёд мекунед, вале натиҷааш хотиратонро шод мегардонад. Аз ҷониби шахси дӯстдошта норизогиву танқид дида мешавад, вале ин чизҳо наметавонанд хотири шуморо мағшуш намоянд.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Бо вуҷуди бетоқативу поквиҷдониятон имрӯз аз кам будани таҷриба ба муваффақият ноил намегардед. Бо ҳамкорон ё наздикон нофаҳмӣ рух медиҳад. Дар ягон кор таваккал накунед, вагарна ба вазъияти душвор ё гурӯҳи бадкирдороне ворид мегардед, ки аз кори карда сахт пушаймон мешавед.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Рӯзи санҷишу имтиҳон аст. Ҳамаи атрофиён ба асаби шумо расида, ба ғазаб меоранд. Андаке нофаҳмӣ бо шахси дӯстдошта боиси муноқишаи калон ва ҳатто сабаби ҷудо шуданатон мегардад. Ҳисобу китоби боандеша аз мушкилиҳои ҷиддии молиявӣ эмин медорад.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Дар ин рӯз иродаву хислати устувори худро нишон доданатон лозим меояд, то ки ба ҳуҷуми атрофиён ҷавоби арзанда дода тавонед. Пешниҳоди хуби кориро рад накунед. Пулҳоятонро барои ниёзи фарзандон ва доруворӣ сарф кардан лозим меояд, вале дар ҳамин ҳол низ пулро сарфа карданатон лозим аст.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Дар ин рӯз ба бахилии пинҳонӣ ва ҳуҷуми рӯирости душманон омода бошед. Имрӯз дар хотиратон дергоҳ нақш мебандад, аз ин рӯ сабру таҳаммулро пеша намуда, ба воҳима наафтед. Фишори руҳиятонро танҳо мулоқоти ошиқона рафъ месозад ва муътақид мегардед, ки муҳаббат муъҷиза аст.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Ҳодисаҳои асосии рӯз бо ҷойи коратон алоқамандӣ дорад. Мушкилиҳои молиявӣ, ташвишу руҳафтодагӣ табъатонро хира месозад. Аз муноқишаҳои ногаҳонӣ, ки оқибати ногувор меорад, худдорӣ намоед. Ба сифати маҳсулоти мехӯрдаатон бодиққат бошед. Аз ҷониби шахси дӯстдоштаатон меҳрубонӣ ва ғамхорӣ эҳсос мекунед.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Рӯзи хубест барои маъракаву ҷашнҳо, хостгорӣ ва бастани ақди никоҳ. Нафароне, ки ба тозагӣ тиҷорати худро кушодаанд, бояд хеле фаъол бошанд. Вазъи молиявиатон муътадил набошад ҳам, кафолати он ки маблағ ба даст меоред, вуҷуд дорад. Ҳар қадаре шумо некандеш бошед, ҳамон андоза орзуҳоятон зудтар амалӣ мешаванд.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Қавсҳои муҷаррад бахти худро дар ин рӯз пайдо месозанд. Барои он ки ба бахти шумо чашми бад нарасад, бурдбории худро ба ҳама нақл карда лоф назанед. Нафароне, ки ба сафари хидматӣ мебароянд, ташвиши зиёд ба сарашон меояд. Қаҳру ғазаби худро ба касе нишон надиҳед, хусусан ҳангоми робита бо нафарони ношонос.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Барои ба даст овардани касбу кори деринтизор заҳмати зиёд кашиданатон лозим меояд.  Аз дастгирии нафарони воломақом истифода бурда, ҳунару маҳорати худро дар амал нишон медиҳед. Раҳмдилии модарзодӣ боиси рафъи муноқиша бо дӯстдоштаатон мегардад. Мардҳоро вохӯрие дар пеш аст, ки боиси пушаймонӣ мегардад.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Рӯзи душвор аст,  нобарориҳо аз ҳар тараф пайдо шуда, табъатонро хира месозанд. Аз нуқтаи назари дигарон вобаста буданатон эҳтимол дорад, аз ин рӯ танҳо буданатон беҳтар аст. Аз атрофиёни худ ранҷида, дамдузд мешавад ва ҳатто нақшаи интиқом мекашед. Ҳар як қадами худро боандеша гузоред, хусусан дар масъалаҳои пулӣ.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Рӯзи душвор аст. Танбаливу руҳафтодагӣ эҳсос карда, ба ҳодисаҳои атроф бефарқ менигаред. Ин ҳолати шумо то даме давом мекунад, ки ҳодисае таваҷҷуҳатонро бедор созад ва хеле зиндадилу серҳаракат мешавед. Дар ҳаёти шахсӣ аз хиёнату фиреб эҳтиёт шавед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *