Толеъномаи 12 май 2018

                                       Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Имрӯз  барои таъмин намудани ниёзҳои хона ва аҳли хонавода, инчунин барои камбудиҳои шахсии худ маблағи кофӣ пайдо мекунед. Хуб мебуд, ки бонувон аз пайи нав кардани сару либоси худ шаванд. Ҳар либосе, ки дар ин рӯз харид мекунед, босифату ба танатон шинам меафтад. Мардҳо барои худ асбобҳои техникӣ харида метавонанд, вале агар пул надошта бошед, беҳтараш харидро ба рӯзи дигар гузоред.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

 Бонувоне, ки фарбеҳ шудаанд, парҳезро риоя карданашон лозим меояд. Инчунин тағйир додани ранги мӯй, тарзи либоспӯшӣ ва пардоз боиси он мегардад, ки бонувони муҷаррад бахти худро пайдо мекунанд. Мулоқоти ошиқона имкон дорад. Мардҳо низ бояд ба сару либоси худ бодиққат бошанд, аз ин лиҳоз ба машқ кардану ба золи варзишӣ рафтанро тавсия медиҳем.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Худро бо кори зиёд хаста насозед, вақти бештарро барои истироҳату хоб ҷудо кунед. Нафароне, ки дилбохтаи интернет  ҳастанд, имрӯз беҳтараш аз ин шуғли худ даст кашанд. Пайваста бо кор банд буданатон боиси ранҷиши дӯстону ҳамкорон мегардад. Нафаре аз доираи дӯстону ҳамфикрон бо душманонатон забон як мекунад.  Охири рӯз ба хонаатон меҳмон меояд.

Саратон (22 июн- 22 июл)

 Имкони вазифаи баландро соҳиб шуданро пайдо мекунед, вале аз шумо кушишу ғайрати зиёд талаб мешавад. Бори ғаму андуҳ ва ҳар чизеро, ки боиси руҳафтодагиву асабхаробиятон мегардад, аз худ дур созед. Дар ин рӯз ба маслиҳати атрофиён гӯш надиҳед, вагарна ба иштибоҳ роҳ медиҳед. Дӯстдоштаи худро бо меҳрубониву навозиш руҳбаланд созед.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Имрӯз маҷбур мешавед, ки қарзҳоятонро баргардонед, ҷарима супоред. Рафту агар шахси дӯстдоштаатон шуморо дастгирӣ мекарда бошад, ғами чизеро нахӯред, аз уҳдаи тамоми душвориҳо сарбаландона мебароед. Хатари хурӯҷ намудани бемориҳои музмин имкон дорад, аз шамолкашӣ эҳтиёт шавед. Шом вохӯриҳои ошиқонаву дидорбинӣ бо дӯстони дерин  имкон доранд.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Дар ин рӯз худро хаставу бемадор ҳис мекунед, вале корҳои нотамом хеле зиёд мешаванд. Сабру таҳаммулро пеша намуда, амал кунед. Имкони зиёд шудани даромади пулиятон вуҷуд дорад. Ба пули бегонагон кордор нашуда, аз касе қарз нагиред ва худатон низ ба нафаре қарз надиҳед.Ҳангоми кор бо асбобҳои техникӣ ва барқӣ ҳушёриро пеша намоед, эҳтимоли ҷароҳат бардоштанатон зиёд аст.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Ҳаёти маҳрамона ва муносибатҳои ошиқона бароятон шодиву нишот меоранд. Саломатии худро танҳо ба табибони касбиву кордон бовар кунед.  Қувваи муҳофизатии организматон дучанд гашта, баъди аз сар гузаронидани фишори руҳӣ аз нав барқарор мегардад. Дар ин рӯз бо ҳамсафари ҳаётӣ ё ҳамкори тиҷоратӣ ба баҳсу мунозира роҳ надиҳед.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Агар корҳоятон тартиби муайян надошта бошад, вазъи саломатиятон низ бад мегардад. Ва баръакс агар саломатии худро эҳтиёт карда, бо машқи бадан ва беҳсозии саломатӣ машғул шавед, корҳоятон барор мегиранд. Нафароне, ки дар авлодашон бемории дилу рагҳои хунгард ва узвҳои ҳозима доранд, бояд боэҳтиёт шаванд. Танҳо ғизои солим мушкилоти зиёди саломатиятонро рафъ месозад. Аз хӯрдани ширинии зиёд ва карбогидратҳо худдорӣ намоед.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Қавсҳои ошиқро давраи санҷишу имтиҳонҳо пеш меояд.  Агар вайрон шудани муносибатҳоятонро намехоста бошед, гузашт карданро омӯзед. Агар фарзанд дошта бошед, барояш озодии бештар диҳед, он гоҳ истеъдодҳои навашро кашф мекунед. Барои партофтани одати бади сигоркашӣ рўзи мусоид аст. Машқҳои ҷисмонӣ на танҳо боиси бақувват шуданатон мегардад, балки асабониятро рафъ месозад.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Диққати асосиятон ба корҳои оилавӣ равона мегардад. Баъзеҳо таъмири хонаро сар карда, мебел иваз мекунанд. Вазъи молиявиатон аҳамияти хеле муҳим дорад. Барои ободонии хонаву дар  ва роҳати худ хариди калон мекунед. Нафароне, ки дар соҳаи савдо ва иҷора додани манзил машғуланд, маблағи хуб ба даст меоранд.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Имрӯз кӯшиш намоед, ки тавассути нақлиёт кам сафар намоед: имкони ба садама гирифтор шудану дар дохили нақлиёт муноқиша карданатон вуҷуд дорад. Аз ҳаминрӯз сар карда вазъи молиявиатон рӯ ба беҳбудӣ оварда, манбаи нави даромадро пайдо мекунед. Камқуввативу бемадориятон нишонаи фасли баҳор аст, витаминҳои даркориву хӯрокҳои серғизо истеъмол кунед.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

 Барои он ки аз бепулӣ асабатон хароб нагардад, кӯғшиш намоед, ки пулро вобаста ба ҳаҷми даромад сарф кунед. Барои қарз гирифтан вақти мусоид нест. Мушкили дигар дар муносибатҳои ошиқонаи шумо аст. Кӯшиш намоед ба баҳсу мунозира роҳ надиҳед, вагарна вазъиятро душвортар месозед. Бемориҳои куҳнаро бо худтабобаткунӣ рафъ карда наметавонед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *