Толеъномаи 12 октябр 2018

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Даромади калони пулиро интизор шаведу дар сарф кардани маблағ эҳтиёт бошед, хайру сахоро низ фаромӯш накунед. Вазъи саломатии шахси наздикатон ташвишатонро зиёд мекунад.  Ҳангоми кор бо асбобҳои барқӣ ҳушёриро пеша намоед.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Вазъи молиявиятон начандон хуб аст, аз ин рӯ дар фикри ҷустуҷӯи сарчашмаҳои даромад  шавед. Шиносоии нав табъатонро болида мегардонаду имкониятҳои нави судманд пайдо мешаванд. Ошиқатон бо туҳмати ногаҳонияш ба торҳои асабатон мерасаду дилатонро сиёҳ мекунад.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Даромади начандон калони пулӣ имкон медиҳад, ки наздиконатонро бо туҳфаҳои аҷиб хурсанд кунед. Ошиқатон ба мулоқот даъват мекунаду хабари хушеро мерасонад. Аз имкон дур нест, ки охири моҳ пӯшидани ангуштарини арӯсӣ насиби шумо ҳам мешавад.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Агар бо тиҷорат машғул шудан хоҳед, хуб аст, вале ба ҳирси пулу мол дода нашавед. Шомро бо шахсони наздикатон гузаронед ва ё шоми ошиқона ороеду аз дидори дӯстдоштаатон сер шавед. Дар сухан гуфтан  эҳтиёт бошед, вагарна хавфи ҷанҷол карданатон дар назар аст.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Бемор шудани шахси наздикатон шуморо хавотир месозад. Воҳима набардошта, касалро аз ташхиси духтур гузаронед ва мувофиқи тавсияҳои табиб амал намоед. Як ғалати дӯстдоштаатон шуморо асабӣ месозад.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Вақте расидааст, ки ҷиҳози нодаркору либосҳои куҳнашударо партоеду манзили худро тоза кунед. Дар муносибат бо атрофиён дағалӣ накунед, фаромӯш насозед, ки захми шамшер мераваду захми сухан не. Рафтору кирдоратонро назорат кунеду минбаъд дили касеро наранҷонед.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Даромади калони пулие, ки кайҳо интизораш будеду барои ба даст оварданаш меҳнати зиёде сарф кардед, табъу завқатонро баланд мебардораду имкони харидани ашёи орзуҳоятон пайдо мешавад. Дар ин рӯз ошиқатон шуморо санҷидан мехоҳаду имтиҳон  мекунад.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Ақрабҳои танҳоро шиносоии наву гуворое дар назар аст. Аз имкон дур нест, ки бахт ба рӯятон механдад, кӯшиш намоед, мурғи бахтро аз даст надиҳед. Аз харҷу хароҷоти калон худдорӣ намоед.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Ситораҳо ором буданро тавсия медиҳанд. Асабонияти зиёд сабаби бадгӯию ранҷиши дигарон хоҳад шуд. Агар худро ба даст нагиред, ба решаи дарахти меҳру муҳаббататон теша хоҳед зад.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Барои он ки далвҳо бевафоии ёр ва ёри дигар гирифтани ӯро босаброна таҳаммул сохта тавонанд, бояд рафиқи ғамгусоре пайдо намоянд. Руҳафтода нашавед, рӯзҳои наздик ҷуфти ҳақиқии худро ҳатман пайдо мекунед.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Маблағеро, ки қарз дода будед, ҳамин рӯз бармегардонанд. Нақшаву идеяҳоятонро маҳфуз нигоҳ доред, вагарна рашки душманон балоеро ба саратон меорад. Бегоҳирӯзӣ шиносоии аҷибе дар назар аст. Ҳангоми кор бо асбобҳои техникӣ кӯдаконро беназорат нагузоред.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Дар ин рӯз дар ҳаётатон навигариҳои зиёд рух медиҳад. Агар зиракӣ кунед, пули муфт ба даст меоред. Шахсеро, ки дӯст мешуморед, бо ғайбату масхара аз пасатон душманӣ мекунад. Ҳутҳои муҷаррад бо нафаре вомехӯранд, ки бо як нигоҳ дилашонро ба ларза меорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *