Толеъномаи 12-уми июни соли 2022
Ҳамал (21 март-20 апрел)
Гардишҳои ногаҳонии қисмат, фиреб хӯрданатон дар назар аст. Аз корҳои хавфнок, шиносоиҳои шубҳанок ва корҳое, ки ба саломатиятон хатар доранд, эҳтиёт шавед. Агар шуморо ба меҳмонӣ даъват кунанд, боодобона рад кунед. Эҳтимоли аз даст додани маблағ, ташвиши рӯзгор ва ҷанҷоли оилавӣ дар назар аст. Ба касе ваъдаҳои беандеша надиҳед.
Савр (21 апрел-22 май)
Рӯзи бобарор аст, хусусан барои нафароне, ки хонаву дарро таъмир кардан мехоҳанд. Ҳамзамон барои бастани ақди никоҳ рӯзи мувофиқ аст. Дар масъалаи молиявӣ каме душворӣ пеш меояд, вале ба он чандон диққат додан лозим нест. Сафару саёҳатҳоро ба таъхир гузоред. Бемориҳои илтиҳобӣ хурӯҷ мекунанд.
Ҷавзо (23 май-21 июн)
Дар ин рӯз ба сафари роҳи дур рафтанро маслиҳат намедиҳем. Дар ҷойи сокиту ором бо нафарони бароятон дилкаш суҳбат кунед ё бо кори зеҳнӣ машғул шавед. Дар масъалаҳои пулӣ бо нафароне, ки нисбаташон боварӣ надоред, ҳамкорӣ накунед. Ба садои қалб гӯш андохта, дӯстро аз душман фарқ карда метавонед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Аз ҷониби наздикон дар ҳама кор дастгирӣ мебинед. Натиҷаи фаврии заҳматҳояшонро интизор нашавед, аз пайи меҳнати беҳтару хубтар гардед. Нисбати шахси дӯстдоштаатон фишор наоред, вагарна байнатон муноқиша мехезад. Барои ба меҳмонӣ рафтан рӯзи мусоид аст.
Асад (23 июл-23 август)
Дар ин рӯз аз доираи нафароне, ки табъатонро хира месозанд, худро канор гиред. Бо калонсолони оила баҳсу мунозира накунед, вагарна кор бо ҷангу ҷанҷол анҷом меёбад. Овозаи баде, ки имрӯз дар ҳаққи яке аз атрофиёнатон мешунавед, боиси асабхаробиятон мегардад. Ҳангоми гарм будани ҳаво ба берун набароед.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Дар ин рӯз танҳо ба қувваи худ умед бандед, хусусан дар масъалаҳои молиявӣ ба умеди кумаки нафаре нашавед. Маблағи худро ба коре, ки фоида намеорад, сарф накунед. Кореро, ки аз уҳдааш намебароед, иҷро карданашро ба касе ваъда надиҳед. Сафару дидорбиниро ба таъхир гузоред. Аз вохӯрӣ бо шахсе, ки дӯсташ медоред, болидаруҳ мегардед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Дар ин рӯз бо коре машғул мешавед, ки бароятон ягон фоида намеорад. Дар баъзе ҳолатҳо эҳсосоти худро ба даст гиред, вагарна кор бо муноқиша анҷом ёфта, оқибаташ бар зарари шумо мегардад. Дар ҷодаи муҳаббат ҳодисаҳои ногаҳоние рух медиҳанд, ки аз он амон ёфта наметавонед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Рӯзи бебарор аст. Зимни робитаҳо ботаҳаммул бошед, як сухани ноҷои шумо ба саратон балову офатҳои зиёдеро оварда метавонад. Тамоми нобарориҳоро файласуфона қабул намоед. Барои беҳтар сохтани вазъи молиявӣ, маблағи дар даст доштаи худро барои як моҳ ба нақша гиред. Аз хариди калон худдорӣ намоед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Рӯзи пур аз ҳодисаву гардишҳои ногаҳонии қисмат ва фиреб аст. Диққати худро ба кори муҳим равона сохта, ба чизҳои майда-чӯйда диққат надиҳед. Мушкиливу камбудиҳои рӯзгор тамоми вақтатонро фаро мегиранд. Одати ба ҳама бовар кардану дарди дил карданатон имрӯз ба саратон нохушӣ меорад.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Дар ин рӯз ҷиддан бо мустаҳкам кардани масунияти бадан машғул шавед. Аз витаминҳое, ки табиат бароятон фаровон фароҳам овардааст, истифода бурда, саломат мегардед. Эҳтимоли гум кардани маблағи пулӣ дар назар аст. Ба касе чизеро ваъда надиҳед, аз уҳдаи иҷрояш намебароед.
Далв (21 январ-20 феврал)
Дар ин рӯз бо фикру андешаҳои худ андармон гашта, воқеаҳои муҳимро сарфи назар месозед. Нафароне, ки дар ин рӯз шинос мешавед, бароятон писанд намеоянд. Барои рафъ намудани хастагие, ки чанд муддат шуморо азият медиҳад, рӯзи хубу мусоид аст. Хусусан истироҳат дар ҳавлӣ ё оғӯши табиат ба руҳу равонатон нерӯ мебахшад.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Дар ин рӯз нуқтаи назари худро нисбати нафаре, ки ба наздикӣ шинос шудаед, тағйир надиҳед. Ба ғайбату бадгӯиҳо низ бовар накунед. Дар рафъ намудани мушкилоти рӯзгор ва камбудиҳои молиявӣ нафарони калонсоли оилаатон кумак мерасонанд. Мушкилиҳои рӯзгорро рафъ намуда, баъди нисфирӯзӣ нафаси осуда мекашед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ