Толеъномаи 12-уми январи соли 2024
Ҳамал
Имрӯз ҳар қадаре бештар меҳнат кунед, ҳамон андоза роҳаташро зиёдтар мебинед. Рӯзона эҳтимоли ба сафари хидматӣ рафтану бегоҳирӯзӣ ҷаласаи муҳим имкон дорад. Агар хеле бодиққат бошед, касеву чизе шуморо аз роҳи рост бароварда наметавонад.
Савр
Дар ин рӯз сардор вазифаи муҳимеро ба дӯшатон бор месозад, ки то бегоҳ иҷро кардан лозим меояд. Муҳимаш корро бе саросемагӣ ва ба таври касбӣ бояд ба анҷом расонед. Ҳаёти шахсиро муваққатан фаромӯш созед, вале ғами саломатиро хӯред.
Ҷавзо
Дар ин рӯз бо меҳнати ҷисмонӣ машғул шудану ба зали варзиш рафтанро тавсия намедиҳем. Ҳамаи ин корҳо боиси бад шудани вазъи саломатӣ ва мушкилиҳои зиёди дигар гашта метавонад. Барои оилаву корҳои хона вақт ҷудо кунед.
Саратон
Дар ҷойи коратон ҳодисаҳои ногаҳонӣ рух медиҳанд. Баъзе ҳамкоронатонро аз кор ҷавоб медиҳанд, маоши баъзеҳоро зиёд мекунанд. Бо шумо чӣ ҳодиса рух доданаш айни замон номаълум аст. Муҳим он аст, ки дар ин рӯз худро ҳамчун корманди масъулиятноку босавод нишон дода тавонед.
Асад
Дар ин рӯз ба кори наву бароятон ношинос машғул нашавед. Натиҷаи кор табъи дилатон намешавад. Дар масъалаҳои пулӣ сифатҳои беҳтарини худро нишон диҳед. Ба коре, ки як маротиба боиси муноқиша бо дӯстдоштаатон гашта буд, даст назанед.
Сунбула
Дар ин рӯз ба садои қалб гӯш андозед. Ҳасудхӯрон дар атрофатон зиёд мешаванд, вале шумо имкони беҳтар сохтани вазъиятро пайдо месозед. Дурандешиву оқилона рафтор карданатон комёбӣ меорад. Бегоҳирӯзӣ бо наздикон истироҳат намоед.
Мизон
Дар ин рӯз бо ҳамкоронатон ибрози ақида намудан хуб аст. Хусусан агар роҳбарият кореро фармояд, бояд коллективона ба анҷом расонед. Ба бозиҳои ошиқона дода нашавед, бо ҳаёти шахсӣ машғул шавед. Барои ба хонаи нав кӯчидан рӯзи хуб аст.
Ақраб
Барои рафъи шубҳаву гумонҳо нисбати дӯсти наздикатон бояд бо ӯ дар танҳоӣ суҳбат намоед. Ба овозаҳо диққат надиҳеду ғамгин нагардед. Эҳтимол, туҳматро нафаре, ки ба шумо ҳасад мебарад, махсус паҳн месозад. Ба саломатии гурдаҳо диққати ҷиддӣ диҳед.
Қавс
Дар ин рӯз ҳам дар кору ҳам дар ҳалқаи дӯстон бояд ақлу заковати худро нишон диҳед. Меҳрубонӣ ва дилкушодиятон боиси пайдо намудани дӯстони нав мегардад. Мушкилиҳои пулиятон бобарор анҷом ёфта, қавсҳои тоҷир бурд мекунанд.
Ҷаддӣ
Касбу кори нав аз худ намуда, бояд бештар меҳнат кунед. Агар дар танҳоӣ меҳнат карданӣ бошед, натиҷае ба даст намеоред. Аз муноқишаҳои ошиқона руҳафтода нагардед. Дар баъзе мавридҳо аз рӯирост гап задан худдорӣ намоед.
Далв
Рӯзона бо нафаре шинос мешавед, ки ҳамкории судмандро пешниҳод мекунад. Дар ҳаёти шахсӣ ба эҳсосот дода нашавед, ба нафаре, ки ба наздикӣ шинос шудаед, изҳори муҳаббат накунед. Дар ҳама кор ба таҷриба такя намоед.
Ҳут
Дар ин рӯз на танҳо аз тахаюлоти худ, балки аз нафароне, ки ба шумо кӯмак кардан мехоҳанд, мегурезед. Дар ҷойи кор ё дар оила камбудие рӯй медиҳад, ки бо сабаби он маоши якмоҳаатон аз даст меравад. Дар сарф кардани пул ба саросемагӣ роҳ надиҳед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ