Ҳамал ( 21 март-20 апрел)
Аввали рӯз барои ҳалли мушкилоти иҷтисодӣ ва оилавӣ хуб аст. Барору комёбӣ ҳамсафари шумо мегардад. Кори зиёд ба саратон бор шавад ҳам, аз уҳдааш ба хубӣ мебароед. Шиносоӣ бо шахсони аҷиб боиси беҳтар гаштани вазъи иҷтимоиятон мегардад. Бо суханпардозӣ ва дилрабоӣ ҳамфикрони худро меёбед. Одати нобовариро аз худ дур намоед, вагарна имкониятҳои хубро аз даст медиҳед.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Қисми аввали рӯз тамоми корҳоятон бебарор анҷом меёбад, аз ин лиҳоз ягон корро ба нақша нагиред. Саратонҳои коргар имкони ба вазифаи нав ё кори дигар гузаштанро меёбанд. Дар муносибатҳои ошиқона навигариҳои гуворо дар назар аст. Агар нияти издивоҷ карданро дошта бошед, фаъолтар бошед.
Имрӯз дар дилатон шавқу шӯри зиёд пайдо шуда, хоҳиши аз зиндагӣ пурра лаззат бардоштанро мекунед. Худро ба даст гиред, вагарна рафтори беандеша ва сарфакории зиёд боиси пайдо шудани мушкилоти пулӣ мегардад. Хушбахтона, аксари асадҳо дӯстони саховатманде меёбанд, ки ба кумакашон мерасанд. Барои он ки корҳоятон пеш раванд, доираи ҳамфикронатонро васеъ гардонед.
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Тамоми рӯз аз пайи беҳбудии хонаву манзилатон кӯшида, дар дили аҳли оила тухми меҳру муҳаббат мекоред. Миёнаи рӯз бо сабаби фикру ақидаҳои гуногун бо ҳамсаратон муноқиша мекунед, вале ин муваққатӣ аст. Дағаливу сардиятон боиси дур шудан аз наздиконатон мегардад.
Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Яке аз давраҳои аҷибу мусоиди умратон фаро мерасад. Шумо бо нерӯву истеъдоди зотиятон ба тамоми ма?қадҳоятон расида метавонед. Мушкили ягона дар он аст, ки мизонҳо аз бурдборӣ илҳом гирифта, бепарво мешаванду аз бадкирдориҳои рақибон бехабар мемонанд. Ҳасудоне пайдо мешаванд, ки нонатонро нимта карда, шуморо неш задан мехоҳанд.
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Дар масъалаҳои корӣ ҳангоми муносибат бо шарикон эҳтиёткор бошед, вагарна ба доми фиребгарон меафтеду пули калонро аз даст медиҳед. Нимаи аввали рӯз бодиққат бошед, охири рӯз нотарсона ба атрофиёнатон умед баста метавонед. Шом бо нафаре гапатон гурехта, чанд муддат ба худ намеоед.
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Имрӯз имкони худро ҳамчун мутахассиси касбӣ ва шахси масъул нишон доданатон пайдо мешавад. Бисёр давраи аҷиб аст: ҳутҳо хеле хуб дарк мекунанд, ки атрофиён аз онҳо чӣ мехоҳанд ва ба қарори дуруст омада метавонанд. Дилрабоиву фатонати шумо аз чашми ихлосмандон дур намемонад ва ҳамкорони нави корӣ меёбед. Пешниҳодҳоеро, ки пули калонро ваъда медиҳанд, қабул накунед, зеро «Ҳарчи осон ба даст ояд, дер напояд» гуфтаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ