Толеъномаи 13 июн 2017

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Дар ҷодаи касбу кор тибқи усулҳои санҷидашуда амал намуда, аз таваккал кардан худдорӣ намоед. Шахсоне, ки ҳанӯз оила бунёд накардаанд, дар хона нишастанро тавсия намедиҳем, имрӯз шумо бахти худро пайдо мекунед. Ҳангоми аз роҳи мошингард гузаштан ва рондани мошин боэҳтиёт бошед.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Имрӯзро бебарор шуморидан ғалат аст, вале аз шумо сарфи нерӯи зиёдро талаб мекунад. Мушкилиҳои сарзада чандон муҳим набошанд ҳам, барои рафъ намуданаш вақту қувваи зиёд сарф мекунед. Мулоқоти ошиқона табъатонро болида мегардонад. Баъди нисфирӯзӣ андаке худро нотоб ҳис мекунед.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Дар ин рӯз кӯшиш намоед, ки ба ягон кори ғалат роҳ надиҳед. Тамоми рафтору гуфтор ва ҳатто андешаҳои худро дар тарозуи ақл баркашед.  Муноқиша бо яке аз наздикон табъатонро хира мегардонад. Барои он ки муноқиша калонтар нагардад, ақлу хирадро пеша намоед.  Пулҳои худро эҳтиёт кунед.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Рӯзи хубест барои нафароне, ки ошиқанд ва ошиқ шудан мехоҳанд. Бе дудилагӣ изҳори муҳаббат кунед, дӯстдоштаатон шуморо бо хушнудӣ қабул мекунад. Ба нафаре, ки роҳи осони пулкоркуниро ба шумо нишон додан мехоҳад, бовар накунед. Саломатиятон дар ин рӯз ташвиш намедиҳад.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Дар ин рӯз ба коре, ки аз уҳдааш намебароед, даст назанад. Эҳтимоли аз даст додани маблағ, мушкилоти рӯзгор ё муноқишаи оилавӣ дар назар аст. Фикру андешаҳои худро ба тартиб оваред, шумо бояд ба гардишҳои ногаҳонии қисмат омода бошед. Бе тавсияи табиб ягон намуди дорувориро истеъмол накунед.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Рӯзи хубест барои машғул шудан бо хариду фурӯш. Дар ҷодаи касбӣ аз усулҳои нави корӣ истифода набаред, беҳтараш тарзи санҷидашударо ба кор баред. Серкорӣ ва фориғболии шумо нисбати наздикон боиси ранҷидани аҳли оила мегардад.  Ба саломатии наздикони худ бодиққат бошед.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Ягон ҳодисаи ногувор дар ин рӯз рух намедиҳад. Вале қарз гирифтану қарз додан маслиҳат дода намешавад, ҳатто маблағи хурдро ҳам. Ба ҳеҷ ваҷҳ бо фолбиниву соҳирӣ машғул нашавед, вагарна қувваҳои баду хатарнокро ба худ ҷалб месозед. Саломатиятон дар ин рӯз ташвиш намедиҳад.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Агар имрӯз коратон барор нагирад, барои ба мақсад расидан аз тамоми воситаҳо истифода бурданро маслиҳат намедиҳем. Дар гуфтор боэҳтиёт бошед, вагарна ба иззати нафси нафаре мерасед. Баъди нисфирӯзӣ дилатон худ ба худ хавотир шуда, аз пешомади баде дарак медиҳад.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Дар ин рӯз хобҳои мағшуш дида, нотоб гаштанатон имкон дорад. Муносибати бади роҳбарияти коргоҳ, бадхоҳии душманон ё ғалатҳо садди роҳба мақсад расиданатон мегардад.  Қавсҳои муҷаррад шахси ба дилашон наздикро пайдо мекунанд, вале хабари ногуворе маҷбурашон месозад, ки мувақатан муносибатҳои ошиқонаро ба таъхир гузоранд.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Рӯзҳои наздик шахси дӯстдоштаатон боиси сарсону саргардон гаштанатон мегардад.  Амалҳои беандешаи ӯро ба дил наздик қабул накунед. Беҳтараш бо коре машғул шавед, ки асабатонро ором созад. Аз рафтори нодуруст худдорӣ намоед. Агар имкон дошта бошед, дар муҳити орому осуда вақт гузаронед.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Аз нафарони хирае, ки ба гурӯҳи дӯстон ё хешовандонатон ворид намегарданд, туҳфаву кӯмакро қабул накунед. Нафаре, ки ба шумо туҳфа медиҳад, бо ин амалаш мехоҳад мутеи ӯ бошед. Серкорӣ боиси аз оилаву фарзандон дур гаштану норозигии пайвандонатон мегардад.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Ҳодисаҳои имрӯз боиси ба сафар баромадани шумо мегардад. Шумо бояд барои ба роҳ баромадан нағзакак омодагӣ бинед, вагарна вазъият табъи дили шумо сурат намегирад. Вазъи саломатӣ мунтазам рӯ ба беҳбудӣ меорад. Фарзандони навраси худро беназорат нагузоред. Тамоми мушкили бо фарзандон сарзадаро бе асабоният қабул намоед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *