Толеъномаи 13 июн 2018
Аз одатҳои бад даст кашеду миёни шиносон эътиборатонро аз даст надиҳед. Рӯз барои анҷом расонидани корҳое, ки ба зебо нигоҳ доштани муҳити зист ва ҳаёти оилавӣ мусоид аст. Ин шом вохӯриҳои судманд шуморо интизор аст.
Савр ( 21 апрел – 22 май)
Рӯзи мусоидро барои рушд додани истеъдоди худ мепоидед? Пас он рӯз фаро расид. Дар пайи рушди ҳунарҳои худ шавед ва ба мақсад мерасед. Бо мардум бештар суҳбат намуда, маълумотҳои заруриро ҷаъмоварӣ намоед. Ҳангоми рондани мошин боэҳтиёт бошед. Нисбати саломатии хеш бепарво набошед.
Ҷавзо ( 23 май-21 июн)
Имрӯз қувваҳо фаъолнокиатон зиёд гашта, корҳоятон бобарор мешавад. Мақсадатонро барои анҷом додани кори ҷиддӣ истифода баред, на барои қонеъ гардонидани хоҳишҳои булҳавасонаатон. Ситораҳо ба шумо рӯшноӣ ва хушрӯзиро пешгӯӣ мекунанд.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Ба корҳои нав даст заданро ситораҳо тавсия намедиҳанд. Фикрҳои хомро аз саратон дур намлед, зеро агар онро амалӣ намоед як умр дар байни мардум шармсор мегардед. Барои сайругашт бо дӯстон, омодагӣ ба ид, ва хушгузаронӣ рӯзи мусоид аст. Барои истироҳати хуб аз шаҳр берун равед.
Асад ( 23 июл – 23 август)
Корҳои нобасомонатонро ба анҷом расонед. Диққати асосиро ба кор, муносибат бо роҳбар, ҳаёти оилавӣ равона насохтан беҳтар аст. Корҳои вазнинатонро дар имрӯз ба нақша гиред. Агар ба танбалӣ роҳ диҳед, санги маломат ба саратон бештар бармехӯрад. Нафари аз асадҳо кори бештарро ба анҷом мерасонад, бо мукофот сарфароз мешаванд.
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Саросема нашуда, ба корҳои таҷрибавӣ даст занед ва мушкилиҳои пулиатонро ҳал намоед. Аз дастгирӣ ва кумакҳои волидайн рӯ нагардонед. Рӯзи ҷамъомади ғайриинтизор, ки бо роҳбари корхона ва корҳои идора рабт дорад интизор шавед. Маҷбур мешавед, ки як қисми ҳаётатонро барои пешравии коратон равона намоед.
Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Машғул шудан ба корҳои пинҳонӣ ва муоширатбо одамони шубҳанокро тавсия намедиҳем. Дар ин рӯз эҳтимоли фиреб хӯрдану ба ғалат роҳ доданатон зиёд аст. Бо сабаби мушкилоти иқтисодӣ бо ҳамсари ҳаётиатон гапатон мегурезад. Нимаи дувуми рӯз рафтори ноадолатонаи яке аз пайвандон шуморо ранҷур мегардонад.
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Тамоми рӯз барои кумак расонидан ба дигарон кӯшиш мекунед. Барои фаъол будани худро исбот сохтани мавзӯъҳоеро матраҳ намоед, ки муҳим бошад. Барои анҷом додани корҳои мушкили ҷисмонӣ рӯзи мусоид нест. Барои рушди корҳои эҷодӣ бошад фурсати қулай аст. Саломатиатон шуморо ташвиш намедиҳад.
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Барои пешниҳоди нақшҳои дарозмуддат рӯзи хубест. Шумо натиҷаҳои дилхоҳро ба даст меоред.Нимаи дувуми рӯз хабари ногаҳонӣ мешунавед, ки ба азизи дилатон дахл дорад. Бо шахсони бегона эҳтиёткорона муошират намоед. Нисбати солимии хеш бепарво набошед. барои мулоқотҳои ошиқона фурсати муносиб нест.
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Барои ҷаддиҳо сигоркаш, ки ин одати бадро тарк намудан мехоҳанд фурсати муносиб аст. Ҳамчунин имрӯз баъзе хоҳишҳои шавқангез шуғлатонро тағйир медиҳад. Суҳбат бо кӯдакон ё шахси дӯстдоратон табъатонро болида месозад. Нимаи дуюми рӯз барои хулосабарориҳои муҳим қулай аст.
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Лоиҳаҳои хубатон бештар дастгирӣ меёбанд. Орзуҳои зиёде доред, ки ҳатто вазъи ҷаҳонро хуб мекунад. Дар ин кор саросема нашаведу онро ба нақшаи амалкунанда тартиб диҳед. Имрӯз шахсе ба ҳаётатон ворид мегардад, ки дар оянда боиси озори зиёди рӯҳиатон гаштанаш мумкин.
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Ҳутҳоро нобарориҳои зиёд вомехӯрад. Онҳое, ки донишҷӯ ҳастанд, бояд атрофи худро аз шахсони ношинос пок намоянд. Имрӯз беҳтараш ба сафар набароед. Саломатии хешро эҳтиёт намуда, ба корҳое, ки боиси асабоният мешаванд даст назанед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ