Толеъномаи 13 март 2018
Ҳамал ( 21 март-20 апрел)
Имрӯз бо нақшаи нав ба кор оғоз карданатон ба манфиати шумо хоҳад буд. Шояд баъзе нофаҳмиҳо байни шумо ва коргаронатон хотиратонро парешон кунад. Нафаре ҳаст, ки аз бедиқатии шумо азоб мекашад, вале наметавонад гӯяд, нисбат ба вай беэътибор набошед.
Савр ( 21 апрел – 22 май)
Эҳтиёткориро пеша кунед. Кӯшиш кунед, ки аз боварии роҳбар набароед, зеро нуқтаи назари ӯ муҳим аст. Барои ба даст овардани чизи нав бояд аз баҳри чизи дигаре гузар кунед. Саломатиатон имрӯз шуморо ташвиш намедиҳад.
Ҷавзо ( 23 май-21 июн)
Шумо барои наздиконатон азиз ҳастед. Муҳаббату дастгирии онҳо ба шумо нерӯ ва қувваи тоза мебахшад. Рӯз хуш ва хотирмон мегузарад. Барои аз дарди сар раҳои ёфтан дар ҳавои тоза сайругашт кунед.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Рӯзи бобарор аст. Имрӯз қарордоди муҳимеро имзо мекунед. Вохӯрии ошиқона дар назар аст. Аз пурхӯрӣ ва истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ худдорӣ намоед. Саратонҳои оиладорро тӯҳфаи хушу ногаҳоние интизор аст.
Асад ( 23 июл – 23 август)
Давоми рӯз баъзе навигариҳо дар назар аст. Ба атрофиён бо эҳтиромона муносибат кунед. Мушкилоти рӯро метавонед бо кумаки наздикон рафъ кунед. Муҳимаш асабҳоятонро ором нигоҳ доред.Ҳамсар ва фарзандон ташнаи муҳаббат ва сухани ширини шумоанд.
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Дар коргоҳ ягон навигарие дар наза нест. Масъалаи муҳимеро имрӯз ҳал мекунед. Ҷисми шумо аз кори зиёд осебпазир гаштааст, бештар ғиоҳои дорои витаминҳоро истеъмол кунед. Суҳбати дӯстон ва пайвандон истироҳати шуморо боз ҳам хубтару беҳтар мегардонад.
Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Им рӯзро аз кори хайр оғоз кунед, зеро амали хайр пешгирикунандаи нохушиҳост. Бо нафаре ошноӣ пайдо мекунед, ки дар оянда шарики хуби кориатон мешавад. Дӯстдоштаатонро ба мулоқот даъват намоед. Саломатиатон имрӯз ташвиш намедиҳад.
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Нақшаҳоятон аз ҷониби роҳбарият дастгирӣ меёбад. Дар анҷоми корҳо ба саросемагӣ роҳ надиҳед. Ба ҳар як чизи майда асабатонро хароб насозед. Бо дӯсти деринаатон вомехӯред. Бо шунидани хабари хуш табъатон болида мегардад.
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Кӯшиш намоед, ки бо ҳамкорони ботаҷриба дар суҳбат бошед ва роҳҳои корро омӯзед. Имрӯз ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ мешавед. Вале агар оромиро аз даст надиҳед ҳамааш зуд ҳал мешавад. Бо кӯдакон ба барномаҳои фаҳангӣ равед.
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Пешниҳоди ногаҳоние мегиред, барои қабул ва ё рад кардани он ба садои дили хеш гӯш диҳед на фикри дигарон. Дар масалаҳои иқтисодӣ сарфакориро пеша намоед. Ба саломатии хеш беэътиноӣ накунед. Вагарна ба осонӣ аз беморӣ раҳо намеёбед.
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Дар коргоҳ нафари боэътимоде меҳмон мешавад, дили ӯро ба даст оваред суд мекунед. Аз бастани қарордодҳои муҳи имрӯз худдорӣ намоед. Барои саломататон чизеро дареғ надоред. Бегоҳ ба аёдати волидайн ё ақрабои куҳансол равед хуб мебуд.
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Аввали рӯз каме серташвиш ва асабӣ мешавед. Ниммаи дувуми рӯз хушу бобарор мегузарад. Барои болидарӯҳӣ ба пиёдагардӣ машғул шавед. Шумо аз бедорхобӣ азият мекашед барои рафъи он бештар саёҳат кунед. Нӯшокиҳои спиртӣ истеъмол накунед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ