Толеъномаи 13 май 2017
Ҳамал ( 21 март-20 апрел)
Рӯзи бебарор аст. Асабонияту дағалӣ нисбати атрофиён, ҳукмфармоӣ, худхоҳиятон боиси ранҷишу хафагии дӯстону наздикон мегардад. Дар ягон кор ба саросемагӣ роҳ надиҳед ва сари эҳсосот амал накунед. Танҳо дӯсти наздикатон дар ин лаҳзаҳо шуморо мефаҳмад. Ба саломатии наздикони худ бетаваҷуҳ набошед.
Савр ( 21 апрел – 22 май)
Рӯзи душвор аст. Доираи дӯстонатон васеъ мегардад, вале бо сабаби беҷуръатӣ ва нармӣ ба баҳсҳои беҳуда роҳ дода, бо нафароне ҳамнишаст мешавед, ки вақтатонро беҳуда мегузаронед. Эҳтимол муносибати роҳбарият бо шумо нохуб мегардад ё бадхоҳон душманӣ мекунанд. Баъди нисфирӯзӣ каме нотоб шуданатон нишонаи хастагӣ аст.
Ҷавзо ( 23 май-21 июн)
Нимаи аввали рӯз барои нафароне, ки бо тиҷорат машғуланд, бобарор аст. Пуштибон ё кӯмаки нафарони воломақом, дастгирии дӯстону наздикон имкон дорад. Бо сабаби беҷуръатӣ ба баҳсҳои бемаънӣ дода мешавед, ки боиси барбод рафтани нақшаҳоятон мегардад. Дар муносибатҳои ошиқонаатон якдигарфаҳмӣ дида мешавад.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Мушкилиҳои дар ҷойи кор рухдода боиси хира гаштани табъатон мегардад, вале қаҳру ғазабро ба сари наздикони худ бор накунед. Ба нобарориҳое, ки дар атрофатон рух медиҳад, диққат надиҳед. Ба муносибати дағалонаи роҳбарият омода бошед. Хавотир набошед, чизе наметавонад боиси рехтани обрӯву нуфузатон гардад.
Асад ( 23 июл – 23 август)
Рӯзи номусоид аст, тамоми нақшаву ниятҳои худро нағзакак санҷида бинед. Ба шитобкорӣ роҳ надода, ташаббус нишон надиҳед, оромона бо корҳои муқаррарии худ машғул шавед ва муносибатҳоятонро бо ҳамкорон вайрон насозед. Андаке бад шудани вазъи молиявиатон имкон дорад.
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Рӯзи бебарор аст. Ҳамаи атрофиёнатон бар зидди шумо мегарданд. Танҳо дӯсти наздиктаринатон дарди шуморо дарк карда метавонад. Аз вазъияти рухдода фоҷиа насозед, дар асл чизе боиси ташвишу хавотирӣ нест. Агар имкони дар танҳоӣ буданро пайдо кунед, онро дарҳол истифода баред. Бо корҳои вазнини ҷисмонӣ машғул нашавед.
Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Рӯзи номусоид аст. Ташвишу уҳдадориҳои нав пайдо мешаванд, хабарҳои дурӯғу маълумоти ногувор мешунавед. Ғалату хатогиҳоятон боиси аз даст додани маблағ ва сарфи пул мегардад. Агар бо ҳар сабаб хотири шахси дӯстдоштаатонро озурда сохтан гиред, аз кори карда пушаймону маъюс мегардед.
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Нимаи аввали рӯз руҳафтодагиву иштибоҳ имкон дорад. Робита бо ҳамкорон ва нафарони курсинишин душвор мегардад. Ҳар як қадами худро санҷида, ба маслиҳати некхоҳон бовар накунед. Робита бо кӯдакон табъатонро болида мегардонад. Изҳори муҳаббат карданро маслиҳат намедиҳем.
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Мушкилӣ дар касбу кор ё дар ҳаёти шахсиятон имкон дорад. Ба ғайбату туҳмати душманон ё танқиди роҳбарият гирифтор мегардед. Сабру таҳаммулро пеша намоед, вагарна ба баҳсҳои нодаркор гирифтор мешавед. Рӯзона бештар дар ҳавои тоза сайругашт намоед.
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Рӯзи бебарор аст. Аксарият гумон мекунанд, ки тамоми одаму олам бар зидди онҳо бархостааст. Аз пашша фил насозед, гап сари бадгумонии шумо аст. Агар имкони танҳо буданро пайдо намоед, аз он ҳатман истифода баред. Ба дӯстдоштаатон дурӯғ нагӯед, ба коре, ки дар борааш ба ёри худ нақл карда наметавонед, даст назанед.
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Дар касбу кор ва ҳаёти шахсӣ ягон ногуворӣ сади роҳатон намегардад. Рӯзи хубест барои истироҳат ва сафарҳои роҳи дур. Дар корҳои рӯзгор эҳтиёткор бошед, тамоми асбобу анҷоми нӯгтез хатарнок буда метавонад. Баъзеҳо ҷои корашонро иваз мекунанд, қисмати дигар издивоҷ мекунанд.
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Аз уҳдаи корҳои зиёде, ки ба саратон бор мешавад, баромадан кори душвор мегардад. Вақте расидааст, ки дигаронро ба кӯмак даъват кунед. Муносибати дӯстонатон нисбати шумо якбора тағйир ёфта, байнатон нофаҳмӣ пайдо мешавад. Барои мулоқоти ошиқона рӯзи мусоид нест.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ