толеънома

Толеъномаи 13-уми июли соли 2022

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Рӯзи хубест барои корҳои сарҷамъона, истироҳат дар ҳавои тоза. Хабари ногаҳонӣ нақшаҳоятонро тағйир медиҳад. Сабру таҳаммулро пеша намуда, яке аз мушкилиҳои оилавии худро рафъ месозед. Ба саломатии худ диққат диҳед. Ба корҳои вазнини ҷисмонӣ ё хатарнок машғул нашавед.

Савр (21 апрел-22 май)

Дар тамоми корҳоятон бояд барои худ ҷонибдоронро пайдо намуда, корҳои нотамомро ба анҷом расонед. Сафари хотирмон ё шиносоии ногаҳонӣ дергоҳ дар хотиратон нақш баста, табъатонро болида мегардонад. Дар ҳама ҳолат барои истироҳат вақт пайдо кунед. Хароҷоти худро дар ин рӯз назорат намоед.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Даромади пулиро аз ҷое, ки имкони ба даст оварданаш вуҷуд надошта бошад, ёфта наметавонед. Бештар ба худ ва қувваи худ умед бандед, вагарна вазъият душвортар мегардад. Дар ҳаёти оилавӣ ҷавзоҳо мушкилоти рӯзгорашонро бояд бо ҳамсафари ҳаётӣ рафъ намоянд. Баъди нисфирӯзӣ хабари аҷиб мешунавед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз агар дар касбу коратон мушкилӣ сар занад, ба дастгирии дӯстон умед баста метавонед. Дар ҷойи кор баҳс накунед, вагарна аз роҳбарият гап мешунавед. Рӯзи хубест барои сайру саёҳати кайҳо банақшагирифта. Баъди нисфирӯзӣ табъи болида боиси беҳтар гаштани вазъи саломатӣ мегардад.

Асад (23 июл-23 август)

Ба саломатии худ диққат диҳед. Бо сабаби паст шудани нерӯи ҳаётӣ ба корҳои вазнини ҷисмонӣ роҳ надиҳед. Дар муносибат бо аҳли оила меҳрубону ғамхор бошед. Ба хешовандони пиронсоли худ гузашт кунед, хусусан дар масъалаҳои мерос ва таъмири хона беҳтараш бо эшон баҳс накунед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз бо осонӣ он чизеро ба даст меоред, ки қаблан бароятон дастнорас буд. Эҳтимол кумаки начандон зиёди молиявиро аз волидони худ мегиред. Аз нафари хайрхоҳе туҳфаи қимматбаҳо мегиред. Дар ҳаёти шахсӣ ба тамоми камбудиҳо бодиққат бошед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар касбу коратон пешравиҳо дида мешавад. Пешравии шумо ҳатто роҳбариятро ба ҳайрат меорад. Барои сафару истироҳат рӯзи хуб аст, аз ин рӯ, шитобед. Дар ҳаёти оилавӣ нофаҳмӣ дида намешавад, лаҳзаҳои хушу хотирмон табъатонро болида мегардонанд. Ба маслиҳати дӯстон гӯш дода, бурд мекунед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Рӯзи ором аст. Ягон мушкили ҷиддӣ дида намешавад. Дар ҳама кор бояд боандеша бошед. Хусусан дар муносибатҳои оилавӣ ба рафтору кирдори беақлона даст назанед. Тағйироти дар касбу коратон рухдодаро бояд таҳти назорат гиред. Дар сурати аз мадди назар дур сохтани камбудиҳо аз ғалатҳои калон халосӣ намеёбед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рӯз робитаро бо дӯстони наздик беҳтар намуда, ба нафароне, ки аз шумо мегурезанд, таваҷҷуҳ накунед. Агар шумо муҷаррад бошед, имкони пайдо намудани бахти худро доред. Муҳимаш ба шиносҳои доштаатон хубтар зеҳн монед. Бо вуҷуди хуб будани саломатӣ дар ҳавои офтобӣ гаштанро тавсия намедиҳем.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Нерӯи ҳаётиятон мунтазам паст шуда, эҳтимол тамоми амалҳоятон бар зидди худатон мепечад. Тамоми меҳру муҳаббати худро ба нафаре, ки дӯсташ медоред, иброз намоед, вагарна худдориятонро нишонаи дилсардӣ мешуморад. Агар ҷудо шудан нахоҳед, ба ягон қарори ҷиддӣ омаданро низ маслиҳат намедиҳем.

Далв (21 январ-20 феврал)

Дар ин рӯз ҳангоми расидан ба мақсад ба монеаҳои пинҳонӣ ва рақобати шадид дучор мегардед. Ба дӯстон муроҷиат карда, вазъиятро рафъ карда метавонед. Кӯшиш намоед, ки гапҳоятон аз амалатон фарқ накунад, вагарна душманон низ айнан чунин рафтор мекунанд. Дар ҷодаи муҳаббат туҳфаву изҳори муҳаббат имкон дорад.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Рӯзи хатарнок аст. Эҳтимоли сар задани душвориҳо бо қонун, шунидани хабари нохуш, мушкилот дар оила, ҳодисаҳои ногувор дар назар аст. Ба ҳавову ҳавас дода нашавед, дар роҳ боэҳтиёт бошед. Дар масъалаҳои тиҷоратӣ ба рақибони худ имкони пешсаф шуданро надиҳед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *