Толеъномаи 14 апрел 2018
Ҳамал ( 21 март-20 апрел)
Имрӯз барои беҳбудии саломатии худ кӯшиш намоед. Айни замон тамоми намуди табобат бар нафъи шумо хоҳад буд. Мушкилоти молиявии дар ин рӯз пайдошуда ба зудӣ роҳи ҳалли худро меёбанд. Нагузоред, ки дар ҷойи кор ва хонаатон кори зиёд ҷамъ шавад, ҳар корро дар вақташ ба анҷом расонед. Имкони ба даст овардани маблағи хуб пайдо мешавад.
Савр ( 21 апрел – 22 май)
Баро саврҳо давраи нашъунамои муносибатҳои ошиқона, истироҳат ва дилхушиҳо фаро мерасад. Хуб мебуд, ки имрӯзро ба истироҳат бубахшед. Барои дӯстдоштаатон армуғони хушеро омода намуда, хотирашро болида гардонед. Рафту шумо танҳо бошед, нафареро вомехӯред, ки нисбати шумо бетаваҷҷуҳ нест.
Ҷавзо ( 23 май-21 июн)
Айни замон бо аҳли байту бо хешовандони наздик дами хуш гузаронидан мехоҳед. Агар бо нафаре аз онҳо гапатон гурехта бошад, вақти оштӣ шуданатон фаро расидааст. Дар баробари ин, дар дилатон хоҳиши танҳо мондану оламу одамро фаромӯш кардан пайдо мешавад. Агар имконияти дар алоҳидагӣ истироҳат карданро дошта бошед, ҳатман дам гиред.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Бо нафарони нав шинос шуда навигариву ахбороти зиёди муфид ба даст меоред. Агар шумо пештар бо дӯстону шиносҳоятон хеле кам дар муошират будед, айни замон дар бораи зиндагияшон бисёр чизҳоро мефаҳмед. Агар шумо аз шабакаи интернет истифода мебурда бошед, ба сомонаҳои иҷтимоӣ ҷалб мегардед. Имрӯз аз харидани туҳфа ба дӯстдоштаатон худдорӣ намоед
Асад ( 23 июл – 23 август)
Тамоми рӯз на танҳо аз пайи рафъи мушкилоти молиявиатон мешавед, балки барои дигар корҳо низ вақт меёбед. Нимаи аввали рӯз майл ба истироҳат мекунед. Аз нигоҳубини сару симои худ ҳаловат бурда, бо ҳамсуҳбати табъи дил чақ-чақ кардан хушатон меояд. Ба ғайр аз корҳои шахсии худатон боз сарварӣ кардану ба нафарони ниёзманд маслиҳат доданатон лозим меояд.
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Агар ягон бемории модарзодӣ надошта бошед, дигар ягон беморӣ ба шумо асар намекунад. Хатари ҷароҳат бардоштанатон дар ин рӯзҳо зиёд аст, дар роҳ ва кор бо оташ ҳушёр бошеду аз ҳайвоноти калон худро дур гиред. Бо мақсади мустақил шудан атрофиёнро аз худ дур насозед, вагарна дар оила нофаҳмӣ сар мезанад. Худро аз дигарон доно нагиред.
Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Кореро пешакӣ ба нақша нагиреду дарҳол аз пайи иҷрояш нагардед. Зиндагиро ба мисоли маҷрои дарё орому таскинбахш идома диҳед. Мушкилоти шумо худ ба худ ҳал мешавад. Хобҳои дидаатон амалӣ мешаванд. Эҳсоси худталқинкуниятон зиёд гардида, бо шарофати ин қувва муваффақ мегардед. Аз корҳои пинҳониву сирру асрори дигарон воқиф мегардед.
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Рӯзи хубе барои банизомдарории нофаҳмиҳои бо дӯстон ва наздиконатон рухдода фаро мерасад. Агар шумо аз хунукназарии ҳамсафари ҳаётӣ ё шахси дӯстдоштаатон азият мекашида бошед, ба мушкилӣ дигаргуна назар кунед. Дарди дилашро гӯш карда, маслиҳат диҳеду дастгиру ғамхораш бошед. Чунин рафтори шумо боиси меҳрубонтар шудани ӯ мегардад.
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Дар аввал афзалиятҳои шахсии худро дуруст ҷойгузорӣ намоед. Муайян намоед, ки барои шумо чӣ аз ҳама муҳимтар аст. Мақсади худро маълум сохта, мунтазам қадамҳои худро барои амалӣ сохтани ниятҳоятон гузоред. Охири рӯз худатон аз натиҷаи коратон дар ҳайрат мемонед. Ба хӯроки истеъмол мекардаатон бештар диққат диҳед.
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Кӯшиш намоед ҳаёти худро рангу накҳати тоза бахшида, фазои идона ороед. Барои ҷаддиҳои ошиқ рӯзи бобарор аст, як нигоҳи шумо кифоя аст, ки ба дунёи ошиқон ворид гардед. Рӯз барои муошират бо нафарони раҳдур мусоид аст. Меҳнати зиёд карданатон лозим меояд. Аз такдлифи рафтан ба маъракаву ҷашнҳо рӯй нагардонед.
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Имрӯз диққати бештари худро ба муносибатҳо бо дигарон равона намоед. Дар ҳалли корҳои муҳим ба ҳамкорон такя намоед. Барои сафар ба хориҷа ва муошират бо хориҷиён рӯзи мусоид аст. Рӯз барои ба эътидол овардани мушкилоти вобаста ба мерос мусоид аст.
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Агар шумо оиладор бошед, дар муносибатҳои шумо рангу бӯйи тоза пайдо мешавад. Ба шахси дӯстдоштаатон лаҳзаи хотирмон ташкил намуда дилашро шод гардонед, он гоҳ муносибатҳоятон хубтар мегарданд. Дар ҷуфти худ сифатҳои мусбиеро пайдо мекунед, ки қаблан пай набурда будед. Саломатиатон имрӯз хуб аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ