Толеъномаи 14 апрели 2017
Ҳамал ( 21 март-20 апрел)
Бо дидори дӯстдоштаи худ хеле шоду табъатон болида мегардад. Вақте расидааст, ки бо якдигар дарди дил карда, тамоми ногуфтаҳои дилатонро иброз намоед. Якравӣ ё одати рӯирост гап заданатон ба рафти корҳоятон таъсири манфӣ мерасонад. Бемориҳои музминро бо худтабобаткунӣ рафъ карда наметавонед.
Савр ( 21 апрел – 22 май)
Дар ин рӯз қувваи худро беҳуда сарф накунед. Рафтори хуб андешидашуда бурдборӣ меорад. Мушкилиҳои молиявии мувақатӣ имкон дорад: хариди калон мекунед, қарзатонро бармегардонед ё чизи қиматбаҳоятонро аз даст медиҳед. Аз бадкирдории душманон зарар мебинед.
Ҷавзо ( 23 май-21 июн)
Вақти худро беҳуда сарф накунед. Бо сабаби нохуб гаштани вазъи саломатии худатон ё наздикон мушкилиҳои молиявӣ имкон доранд. Бегоҳирӯзӣ хабари нохуш шунида, асабатон хароб мегардад. Нобарориҳо муваққатӣ ҳастанд ва рӯзҳои наздик ҳамаи мушкилиҳо рафъ мегарданд.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Мушкилиҳои мувақатии молиявӣ имкон дорад, аз ин лиҳоз маблағи дар даст доштаи худро захира намоед. Муносибати худро бо роҳбарияти коргоҳ ва ҳамкорон хуб нигоҳ доред. Саломатиятон дар ин рӯз ташвиш намедиҳад. Дӯстдоштаи худро муддати дароз танҳо нагузоред.
Асад ( 23 июл – 23 август)
Дар ин рӯз аз ҷониби шахси бегона ба саломатиятон зарар расиданаш имкон дорад. Ҷангу моҷарои ногаҳонӣ рух дода метавонад. Танҳо дар ҳузури фарзандон дар ин рӯз роҳат карда метавонед. Бароятон истироҳати кӯтоҳ лозим аст. Хобҳоятон амалӣ мешаванд. Дар хоб дидани ҳавои боронӣ нишонаи наздикшавии хатар аст.
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Дар ин рӯз рафтору хислататон бо нафароне, ки хеле фаъолу якраванд, рост намеояд. Барои барқарор сохтани робита бо нафарони даркорӣ вақти зиёд сарф мекунед, вале фоидаашро намебинед. Мардҳо аз бонувон зарар мебинанд, аз ин рӯ робитаро бояд кам кунанд. Ба мулоқоти ошиқона рафтану либоси нав хариданро маслиҳат намедиҳем.
Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Рӯзи ором аст. Парешонхотирӣ сабабгори ғалатҳо ва ба ҳодисаҳо баҳои нодуруст доданатон мегардад. Рӯзи бобарорест барои рафъи кори начандон душвор. Душманонатон дар бораи шумо хабарҳои нохушро паҳн мекунанд. Дар ин бора баҳс ва худро сафед накунед. Бо нафароне, ки дар ин рӯз шинос мешавед, эҳтиёт шавед.
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Дар ин рӯз дар ҳама кор ҳушёру боэҳтиёт бошед. Ба бурдборӣ умед набандед, ҳама чиз аз иродаи шумо вобастагӣ дорад. Бонувоне, ки ба эҳсосот ва рашки беасос дода мешаванд, азоби руҳӣ мекашанд. Имкони хурӯҷ намудани бемориҳои узвҳои пешобдон имкон дорад.
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Нимаи аввали рӯз барои тиҷорат номусоид аст, қисмати дуюм дар муносибатҳои оилавӣ ва касбӣ бо сабаби уҳдадориҳои худро ба дӯши дигарон бор карданатон мушкилиҳо сар мезананд. Аз вохӯриҳои нав худдорӣ намоед. Аз ҷойҳои серодам дурӣ ҷӯед, хатари ба бемориҳои сироятӣ гирифтор шуданатон вуҷуд дорад.
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Дар ин рӯз хариди чизҳои муҳимро ба таъхир гузошта, дар ҳуҷҷатҳо имзо гузоштан ва ба баҳсу мунозира роҳ доданро тавсия намедиҳем. Бо сабаби он ки дар ин рӯз диққатнокиятон суст мегардад, мошин ронданатон хатарнок аст. Тамоми амалиётҳои косметикиро ба таъхир гузоред.
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Рӯзи душвор аст. Барои сари қарори дуруст омадан душворӣ мекашед. Зери таъсири нафари бегона ё аз шунидани хабари нодуруст беҷуръатӣ зоҳир намуда, маблағи зиёд аз даст медиҳед. Ба нуқтаи назари наздикон гӯш надиҳед, беҳтараш бо амри дили худ кор кунед.
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Нимаи аввали рӯз орому беташвиш аст. Эҳтимол бонувон нисбати худ хушгӯиҳои зиёдеро мешунаванд. Баъди нисфирӯзӣ аксарият гирифтори руҳафтодагӣ мегарданд, ба фикрҳои мағшуш дода нашавед. Хариди чизҳои майда –чӯйда бобарор анҷом меёбад. Барои таъмир ва ободонии хонаву дар рӯзи хуб аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ