Ҳамал ( 21 март-20 апрел)
Аз аввали рӯз танҳо дар бораи худ ва мушкилоти доштаатон гап зада, ҳамфикрони зиёдеро пайдо мекунед. Мушкилатонро мустақилона рафъ намуда, ба дигарон халал нарасонед. Нияту нақшаҳои худро ба ҳама нагӯед, вагарна ғайбатчиёну бахоҳон сади роҳатон мегарданд.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Имрӯз қувваи ноаёне шуморо дар фикри он меафтонад, ки чӣ тавр зиндагиятонро куллан тағйир диҳед. Саратонҳое, ки кор мекарданду аз кори худ норозӣ буданд, аз кор озод мешаванд. Бе кор мондам гуфта хуни ҷигар нахӯред, акнун шумо имкон меёбед, ки кори табъи дилатонро ёфта, соҳиби ҳама чиз шавед. Саратонҳои ошиқро дар ҷодаи ишқу муҳаббат ва ҳаёти оилавӣ ягон навигарӣ интизор нест.
Нимаи аввали рӯз муносибататон бо шарики умр ё яке аз ҳамкорон вайрон мешавад. Фаромӯш насозед, ки шумо барои шахсони бароятон азиз ҷавобгар ҳастед. Инчунин бо нафаре, ки хеле эҳтиромаш мекунед, низоъ карданатон имкон дорад. Нимаи дуюми рӯз барои ошиқон созгор меояд. Ба коре, ки боиси сарф кардани пули калон мегардад, даст назанед.
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Нимаи аввали рӯз каме нотоб гашта, дар ҷойи кор мушкилӣ пеш меояд. Қуввататон кам гашта, аз уҳдаи корҳои ҳаррӯза намебароед. Бештар истироҳат кунеду бемориҳоро пешгирӣ намоед. Корҳои нисбатан муҳими худро ба вақти дигар гузоред, зеро дар коргоҳ шуморо нокомиҳо пайгир мешаванд. Дар баъзе корҳо гузашт карданро омӯзед, вагарна дар оилаатон муноқиша сар заданаш имкон дорад.
Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Нимаи аввали рӯз нақшаҳои якҷоя бо дӯстдоштаатон кашидаро муноқишаи бо дӯстатон сарзада вайрон месозад. Мизонҳои оиладор ба мушкилоти тарбияи фарзандон ва масъалаи ҳамаҷониба таъмин намуданашон гирифтор мегарданд. Робитаро бо хешовандон, дӯстон ва ҳамсояҳо беҳтар созед. Зимни сафари кутоҳмуддат бо нафаре шинос мешавед, ки чанд муддат хаёлаш аз ангораҳои хаёлатон зудуда намегардад.
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Нимаи аввали рӯз мушкилоти пулӣ пеш меояд. Кори зиёд мекунед, вале бар ивази кор маблағи кироӣ ба даст намеоред. Аз имкон дур нест, ки як қисми дороиятонро аз даст медиҳед. Хеле эҳтиёткор бошед, дар ин рӯзҳо эҳтимоли ба доми ҳаннотону дуздон афтиданатон зиёд аст. Нимаи дуюми рӯз барои истироҳату кунҷи танҳоӣ нишастан мусоид меояд.
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Нимаи аввали рӯз гирифтори нокомиҳо мегардед. Тамоми кӯшишҳоятон барои рафъи вазъият бебарор анҷом меёбанд. Агар шумо зуд-зуд ба ҳолати яъсу ноумедӣ меафтида бошед, дар ин рӯз хатари хурӯҷ намудани ин мушкилии равонӣ зиёд аст. Аз имкон дур нест, ки мушкилиҳо бо сабаби бадшавии саломатӣ, заиф гаштану хастагии зиёдатон пайдо мешаванд. Шахси наздиктаринатон ба вазъияти нохуш афтида, ташвишатонро зиёдтар месозад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ